Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Давлати ПУЭРТО-РИКО

Давлати ПУЭРТО-РИКО

ПУЭРТО-РИКО (Puerto Шсо), мамлакатест дар Вест-Индия, дар ҷазираи калони Пуэрто-Рико ва ҷазмраҳои на чандон калони Векес, Кулебра, Мо­на ва ғайра. Мулки ИМА. Аз Шимол онро уқёнуси Атлантик, аз Ҷануби баҳри Кариб иҳота кардаанд. Масоҳаташ 8,9 ҳазор км2.

Аҳолиаш 3,4 млн. нафар (1981). Мар­кази маъмуриаш шаҳри Сан-Хуан. Пуэрто- Pико ба 7 округи маъмурӣ тақсим шудааст.

Пуэрто- Pико расманси «давлати ихтиёран ҳамроҳшуда» ва ҳуқуқи худидоракунӣ дорад. Ҳокимияти иҷроия ба ӯҳдаи губернатор аст, ки ӯро аҳолӣ ба мӯҳлати 4 сол интихоб мекунад. Ҳокимияти олии қонунбарор дар ихтиёри Конгресси ИМА мебошад. Пуэрто- Pико дар конгресси ИМА ҳамагӣ як намоянда дорад. Ҳокимияти қонунбарор дар доираи авто­номия ба Ассамблеяи қонунбарори дупалатагӣ тааллуқ дорад. Дар Пуэрто- Pико суд ташкил карда шудааст, ки он ҳуқуқи суди округиро дорад.

puerto-riko

Табиат. Сатҳи ҷазираи аз ҳама калон Пуэрто- Pико асосан кӯҳсор аст. Аз самти Ғарб то худи Шарқ силсилаи кӯҳи Кордилера-Сентрал (баландиаш то 1338 м) тӯл кашидааст. Қад-қади соҳилҳои Шимол ва Ҷануби пастхамиҳои ҳамвор воқеъ гардидаанд. Дар Пуэрто- Pико конҳои маъдали марганетс ва оҳан мавҷуданд. Дар ҷазира зуд-зуд зил- зила мешавад. Иқлимаш тропикии пассатӣ. Ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳамвориҳо аз 24 то 28°С, дар кур­сор пасттар. Боришоти солона дар нишебиҳои қисми шимолу шарқии кӯҳҳо —1400—2500 мм, дар қисми ҷануби ғарбӣ тақрибан 9000 мм. Зуд-зуд тӯфон рӯй медиҳад. Дарёҳояш кӯтоҳ-кӯтоҳу тезҷараён буда, киштигард нес­танд. Дар нишебиҳои шимолӣ боқимондаи бешаи ҳамешасабзу омехта мавҷуд аст. Дар нишебиҳои ҷанубӣ растении хушкидӯст мерӯяд.

Олами ҳайвоноташ ниҳоят камбағал, мушҳои паррон, хозандагон хе­ле бисёранд.

Аҳолӣ. Аҳолии асосӣ — пуэрториконҳо авлоди испаниҳо мебошанд, ки дар тӯли асрҳо бо африкоиҳо даромехтаанд. Дар Пуэрто- Pико зиёда аз 20 ҳазор америкоиҳо зиндагӣ мекунанд. Креолҳо, сафедпӯстон, мулатҳо ва зангиён низ ҳастанд. Забони давлатӣ — испанӣ ва англисӣ. Дини ҳукмрон — католикӣ. Шаҳрҳои калон: Сан-Хуан, Баямон, Понсе, Маягуэс, Кагуас.

Очерки таърихӣ. Асарҳои 8—9 дар ҷазираи Пуэрто- Pико, ки он қисми асосии территоияи ҳозираи мамлакатро ташкил медод, қабилаҳои гуногуни ҳиндӣ маскан гирифта буданд. Борикенҳо ном яке аз қабилаҳои ҳиндиёни Америка, ки аз Американ Ҷанубӣ ба Вест-Индия омада буданд, ҷазираро Борикен номиданд. Онҳо бо деҳқонӣ, шикор, моҳигирӣ машғул буда, касби бофандагию кулолӣ ро ҳам медонистанд. Асрҳои 14—15 ба ҷазира карибҳо омаданд. Ҳиндиён дар авали асри 16 давраи сохти авлодиро аз cap мегузаронданд. X. Колумб 19 ноябри 1493 ҷазираи Борикенро кашф намуда, ба он Сан-Хуан -Баутиста ном ниҳод. Дар давраи ҷазираро истило намудани конкистадори испанӣ X. Понсе де Леон он Puerto Rico (бандари бой) ном гирифт. Заминҳое, ки дар онҳо ҳиндиён истиқомат мекарданд, дар байни испаниҳо тақсим карда шуданд. Испаниҳо дар заминҳои забткардаашон ба парвариши чорво ва киштукори зироатҳои нави хоҷагии қишлоқ cap карданд. Соли 1511 зулму истибдоди онҳо ба шӯриши калони ҳиндиён сабаб шуд. Мустамликадорон дар миёнаи асри 16 қариб тамоми аҳолии маҳаллиро қир намуда, ба овардани ғуломони зангӣ аз Афри­ка cap карданд. Роҳзанони баҳрии Англия, Франсия ва Голландия борҳо ба забти Пуэрто- Pико азм намуданд. Соли 1595 шаҳри Сан-Хуан (соли 1508 бунёд ёфтааст) оташ зада шуд. Соли 1598 ҷазира чанд моҳ дар дасти англисҳо буд. Соли 1797 англисҳо бори дигар кӯшиданд, ки онро ба даст оранд. Аз ибтидои асри 19 ба Пуэрто- Pико бисёр муҳоҷирони сафедпӯст омада, ба кишти найшакар cap карданд (охири асри 19 дар ҷазира 257 фабрикаи қанд буд). Асри 19 зери таъсири ҷанге, ки барои истиқлолияти мустамликаҳои дар Америка будан Испания cap зад, халқи Пуэрто- Pико бар зидди ҳукмронии Испа­ния шӯриш бардошт. Соли 1868 шӯришгарон бо сардории Р. Э. Бетансес дар шаҳри Ларес республика эълон карданд. Шӯриш бераҳмона пахш карда шуд. Соли 1873 дар Пуэрто- Pико ғуломдорӣ бекор карда шуд. Соли 1897 Пуэрто- Pико мухторияти маҳдуд ба даст овард. Дар давраи ҷанги байни Испанияю Америка (1898) қушунҳои ИМА ҷазираро забт карданд. Мувофиқи сулҳи Париж (10 декабри 1898) Испания Пуэрто- Pико ва чандин ҷазираҳои хурди атрофи онро ба ИМА дод. Дар давраи Ҷанги якуми ҷаҳонӣ (1914— 1918) пуэрториконҳо ба армияи ИМА даъват шуданд. Соли 1917 конгресси ИМА ба ном акти Ҷонсро (аз номи сенатор Ҷонс) қабул намуд, ки мувофиқи он дар Пуэрто- Pико  иборат аз ду палата конгресс таъсис ёфт; мувофиқи ин акт пуэрториконҳое, ки баъди соли 1917 таваллуд шуда буданд, гражданҳои ИМА ба ҳисоб мерафтанд ва ба ҷои пули испанӣ пули америкоӣ ҷорӣ карда шуд.

Кризиси иқтисодии ҷаҳонии 1929—1933 ва депрессияе, ки баъди он ба амал омад, ба иқтисодиёти Пуэрто- Pико зарар

калон расонда, аҳволи меҳнаткашонро ниҳоят вазнин кард. Шумораи бекорон хело афзуд. Соли 1933 электрикҳо, соли 1934 коргарони саноати қанд корпартоӣ карданд. Муборизаи сиёсӣ вусъат ёфт. Соли 1934 дар шароити тезутунд гардидани му­боризаи синфӣ Партияи Коммунистии Пуэрто-Рико ташкил шуд. Пар­тияи коммунистӣ талаботи коргарон (беҳтар намудани шароити меҳнат, зиёд кардни музди кор, ҷорӣ намудани суғуртаи иҷтимоӣ ва ғайра)-ро ҳарҷониба дастгирӣ кард. Яке аз роҳбарони ҳаракати миллии озодихоҳона Албису Кампос пуэрторикоиҳоро ба муборизаи мусаллаҳи зидди империалистони америкоӣ даъват кард. Октябри 1935 политсия дар шаҳри Рио-Педрас ватандӯстонро сахт ҷазо дод. Моҳи марти 1937 дар шаҳри Понсе зиёда аз 200 кас кушта ва ярадор шуд. Соли 1938 Партияи халқӣ-демократӣ ташкил ёфт, ки он тарафдори тараққӣ додани иқтисодиёти мамлакат буд. Партияи халқӣ-демократӣ ба дастгирии ИМА ва буржуазияи маҳаллӣ такя намуда, ба меҳнаткашон бисёр ваъдаҳо дод, ки шароити зиндагии онҳоро беҳтар мекунад. Як қисми кор­гарон ва деҳқонони фирефташуда онро тарафдорӣ карданд ва партияи мазкур соли 1940 ба сари ҳокимият омад.

Партияҳои сиёсӣ ва иттифоқҳои касаба. Партияи нави про­грессисӣ (ПНП), партияи ҳукмрон, тиъсисаш 1967.

П а р т и я и х а л қ ӣ-д емократӣ (ПХД), таъсисаш 1938. Партияи истиқл о л и я т и Пуэрто- Pико, таъсисаш 1946. Партияи с о тс и а л и с т и и П у э р т о-Р и к о (ПСПР), таъсисаш 1971. Партияи коммунистии Пуэрто-Рико (ПКПР), таъсисаш 1934. Федератсияи м о ҳ н а т к а ш о н и П у э р т о-Р и к о, таъсисаш 1957. Федератсияи озодӣ

м е ҳ наткашони Пуэрт о-Р и к о, таъсисаш 1899.

Иқтисодиёт. Иқтисодиёти Пуэрто- Pико қариб пурра ба капитали ИМА вобаста аст. Тақрибан тамоми корхонаҳои саноатӣ ва қисми зиёди истеҳсолоти хоҷагии қишлоқ, воситаҳои нақлиёт ва алоқа тобеи капитали ИМА-анд. 96 ширкати америкоӣ дар ҷазира корхонаҳои саноатӣ доранд. Сано­ати кӯҳкорӣ суст тараққӣ кардааст; танҳо масолеҳи бинокорию намак истеҳсол мекунанд. Солҳои 1950— 1970 монополияҳои ИМА дар ҷазира бисёр корхонаҳои саноати коркарди нефт (заводҳои Понсе, Гуаяниля, Баямон, Маягуэс), саноати химия, дорусозӣ, электротехника сохтанд, ки маҳсулоти онҳо асосан экспорт мешавад. Стансияҳои электрик мам­лакат соли 1981 12000 млн кБт-соат қувваи электр ҳосил карданд. Дар мамлакат корхонаҳои саноати сабук (дӯзандагӣ, бахиядӯзӣ, гулдӯзӣ, пойафзолдӯзӣ ва ғайра) бештаранд. Корхонаҳои калони саноатӣ асосан дар шаҳрҳои Сан-Хуан, Понсе, Баямон воқеанд. Калонтарин корхонаҳои саноати хӯрокворй корхонаҳои қанд ва коркарди моҳианд.

35% аҳолии қобили меҳнат дар хоҷагии қишлоқ кор мекунад. 80% замин дар ихтиёри ширкатҳои америкоист. Дар қисми калони замин базаҳои ҳарбии Америка ҷой гирифтаанд. Xоҷагии қишлоқ асосан бо парвариши найшакар, қаҳва, тамоку, ананас, пахта, банат, мани­ок, ҷуворимакка, норҷил ва ситрусиҳо машғул аст. Ба хорича найша­кар, қанд, қаҳва, банан, тамоку, меваҳои ситрусӣ экспорт мекунад. Аз хорича асосан ашёи хоми саноатӣ, мошин, молҳои истеъмоли умумӣ ва ғайра мегирад. Чорводорӣ яке аз соҳаҳои асосии хоҷагии қишлоқ мебошад. Мам­лакат соли 1981 (ба ҳисоби ҳазор cap) 535 гов, 19 асп, 223 хук, 4391 парранда дошт. Ноҳияи Сан-Хуан макони чорвои ширдеҳ аст. Дарозии роҳи автомобилгард 16730 км (1981). Алоқаи ҳавоӣ ва баҳрӣ вусъат ёфтааст. Аэропорти байналхалқии Исла-Верде дар Сан-Xyан воқест. Бандарҳои баҳрӣ: Гуаяниля ва Лобос. Шарики асосии тиҷоратиаш ИМА. Воҳиди пул — доллари аме­рикоӣ.

Нигаҳдорли тандурустӣ. Бино ба маълумоти ташкилоти умумиҷаҳонии нигаҳдории тандурустӣ соли 1972 дар Пуэрто- Pико ба 1000 нафар аҳолӣ 6,7 фавт, 24,1 таваллуд, ба 1000 нафар кӯдаки навзод 27,1 фавт рост омада буд. Дар байни аҳолӣ бемориҳои дилу paг, саратон, бемориҳои бачагона. Пневмония, ҷимоӣ, сил, ва ғайра паҳн шудаанд. Соли 1972 дар Пуэрто- Pико 133 беморхоиаи дорои 12,4 ҳазор кат (4,5 кат барои 1000 кас), аз он ҷумла 85 беморхонаи давлатии дорои 7,4 хазор кат ва 32 беморхонаи хусусии дорои 3 ҳазор кат буд. Муассисаҳои давлатӣ тақрибан ба 60% аҳолӣ ёрии тиббии бепул мерасонанд. Соли 1972 дар Пуэрто- Pико 3,3 ҳазор духтур (1 духтур тақрибан ба 900 нафар аҳолӣ), аз ҷумла 2,2 ҳазор дар муассисаҳои давлатӣ, 639 духтури дандон, 1,1 ҳазор фарма­севт ва зиёда аз 7 ҳазор корманди дорои маълумоти миёнаи тиббӣ хизмат мекарданд. Факултети тиббии университет духтур тайёр мекунад.

Маориф ва маданият. Соли 1899 таълими ҳатмӣ ҷорӣ карда шудааст. Мӯҳлати таълими ҳатмӣ 8 сол. Дар боғчаҳо кӯдакон аз 4 то 5-солагӣ тарбия меёбанд. Мактаби ибтидоӣ —6-сола. Кӯдакон аз синни 5-солагӣ ба мактаб мераванд. Мактаби ибтидоии деҳот —3-сола. Мактаби миёнаи 6-сола ду зина (3+3) дорад. Ба мактаби миёна кӯдакон аз 11-солагӣ дохил мешаванд. Омӯзишгоҳҳои касбҳои техникӣ низ мавҷуданд, ки аз ду зина (2-сола ва 4-сола) иборатанд. Соли таҳсили 1970/71 дар 2,5 ҳазор мактаби маълумоти умумӣ 789,7 ҳазор нафар хонанда таҳсил мскард. Дар Пуэрто- Pико Университети Пуэрто- Pико (дар Сан- Хуан, таъсисаш 1903), Университети като­ликии Пуэрто- Pико (дар Понсе, таъсисаш 1948; хусусӣ); Университети байниамерикоии Пуэрто- Pико (дар Сан-Херман, таъси­саш 1912; хусусӣ) ва чанд коллеҷи хусусӣ ҳаст. Соли 1970 дар университетҳо 80,5 ҳазор студент таҳсил мекард. Пуэрто- Pико 28 китобхона дорад, ки калонтарини онҳо китобхонаи Университети Пуэрто- Pико (таъсисаш 1903) мебошад. Мамлакат 9 музей (Хонаи китоб, Музейи ҳарбии гвардияи миллӣ, Музейи Роданте, Музейи санъати нафиса, Му­зейи санъати дин, Музейи таърихии ҳарбӣ-баҳрӣ ва ғайра) дорад.

Матбуот, радио ва телевизион. Соли 1974 дар Пуэрто- Pико тақрибан 20 газета ва журнал, аз ҷумла газетаҳои ҳаррӯза: «Мундо» («Е1 Mundo», аз соли 1919); «Импарсиал» («Е1 Imparsial», аз 1933); «Диа» («Е1 Dia», аз 1909); «Сан-Хуан-стар» («San Iuan Star», аз 1959); «Пуэбло» («Е1 Pueblo», органи Партияи Коммунистии Пуэрто- Рико) нашр мешуданд. Дар Пуэрто- Pико зи­ёда аз 80 радиостансия ва 17 стансияи телевизион кор мекунад, ки ҳама хусусианд.

Адабиёт. Адабиёти Пуэрто- Pико асосан ба забони юнанӣ тараққӣ мекунад. Аз адабиёти аҳолии маҳаллӣ, ки онро дар миёнаи асри 16 испаниҳо несту нобуд карда буданд, осоре бо­ҷӣ намондааст. То асри 19 дар байни креолҳо ва зангиёни ғуломӣ ба ин ҷо овардашуда эҷодиёти даҳонакии халқ вуҷуд дошт. Дар адабиёти асри 19 романтизм яке аз ҷараёнҳои ҳукмрон буд ва шоирон С. Видарте (1827—1848), А. Тапия-и-Ривора (1826 —1882) ва дигарон намояндагони пешқадами он буданд. Дар миёнаи асри 19 дар адабиёт ҷараёни а ба вуҷуд омад ва намояндагони он —шоирон М. А. Алонсо (1822—1889), Ф. Васало-и-Кабрера (1832—1867) ва дигарон дар асарҳои худ зиндагӣ ва урфу одатҳои халқро тасвир намудаанд. Дар охири асри 19 мавқеи реализм мустаҳкам гардид; дар ин соҳа нависандагон С. Брау (1842—1912), М. Гонсалес Гарсия (1866—1938) ва дигарон саҳми арзанда гузоштанд. Дар ибтидои асри 20 назми модернистӣ ба вуҷуд омад ва намояндагони он Л. Лоренс Торрес (1878—1944) ва дигарон дар асарҳои худ муборизаи намояпндагони маданиятро барои муҳофизати истиқлолият ва маданияти ба худ хоси Пуэрто- Pико инъккос намуданд. Анъанаҳои реализм то охири асри 19 дар эҷодиёти нависандагон С. Брау, М. Фернандес Хункос, Сено Гандия ва дигон инкишоф ёфт. Дар романҳои Э. Лагере , Став. 1906) «Аланга» (1939), «Мавҷҳои ба соҳил латмазанандаи баҳр» (1949), «Оташ ва навои он» (1970) ва асарҳои иштирокчиёни муборизаи зидди империалистӣ — шоирон X. Энаморадо Куэста (таваллуд 1892), X. А. Корретхер (таваллудаш 1908), Ф. Манрика Кабрера (таваллудаш 1908) мавзӯъҳои иҷтимоӣ инъикос ёфтаанд. Нависанда X. Л. Гон­салес дар асарҳои худ ҳаёти меҳнаткашон ва муборизаи онҳоро баҳри хуқуқи худ тасвир кардааст. Меъморӣ ва санъати тасвирӣ. Дар территорияи Пуэрто- Pико аз осори маданияти қадимии ҳиндиён сурату тасвироти рӯи девори ғорҳо, ҳаккокии рӯи сан­гу чӯб боқӣ мондааст. Аз асри 16 то ибтидои асри 20 тамоми иморатҳои шаҳрҳо ба услуби испанӣ (биноҳои деворҳояшон ғафси сангин ва рӯиҳавлидор) бунёд шудаанд. Калисоҳои асри 16 бо услуби готика бино ёфтаанд. Соли 1950 Маркази иттиҳоди

санъати пуэрторикоиҳо ташкил гардид, ки меъмор, ҳайкалтарош, бинокор, график ва рассомони он ба ҳаққонӣ тасвир намудани зуҳуроти иҷтимоии ҳаёти халқ мекӯшанд.

Театр. Дар асри 19 дар Пуэрто-Рико асарҳои драматургон А. Тапия-и-Ривера, Л. Лоренс Торрес, Р. Мендес Кинонес ва дигарон ба саҳна гузошта шуданд. Соли 1832 дар Сан-Хуан аввалин театри доимии «Колиссо публико» кушода шуд. Зӯран ба ИМА ҳамроҳ карда шудани мамлакат (сеяки якуми асри 20) таракқиёти театри миллиро боздошт. Соли 1935, баъди он ки Э. Белавал группаи «Арейто»-ро ташкил кард, дар санъати театр пешравие мушоҳида шуд. Фаъолияти «Арейто»-ро Театри Университет давом дод. Драматургҳо Ф. Арриви, Э. Лагерре, Ф. Серра Бердесиа, М. М. Баллестер, Р. Маркес дар пешрафти теат­ри миллӣ саҳми арзанда гузоштанд. Аз соли 1958 дар мамлакат фестивалҳои театрӣ гузаронида мешаванд. Дар Сан-Хуан театрҳои «Тапия», «Ла перла», «Атенео», «Алта эссена», Театри Университет кор меку­нанд. Режиссёр ва актёрони номии мамлакат А. Родригес, X. Марреро, П. Кабрера, П. Насарио, Э. де ла Ластра, П. Аренас ва дигарон дар соҳаи драматургия хизмати шоиста кардаанд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …