Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия (страница 53)

Ҷуғрофия

Жаҳон Янгиликлари

Шаҳри РАНГУН

rangun

РАНГУН, пойтахти Республикаи Сотсиалистии Иттифоқи Бирма, калонтарин маркази иқтисодӣ ва мадании мамлакат. Дар соҳили дарёи Рангун воқеъ гардидааст. Иқлимаш тропикӣ, муссонӣ; ҳарорати миёнаи январ 27°С, апрел 29 С. Боришоти со­лона зиёда аз 2000 мм. Масоҳаташ 200 км3. Аҳолиаш 2,4 млн нафар (1978). Рангун— маркази асосии тиҷорату нақлиёт ва молия; бандари …

Муфассал »

Қаторкӯҳи РАНГОН

kuh

РАНГОН, қаторкӯҳест дар қисми ҷанубу ғарбии РСС Тоҷикистон. Дар байни қатоокӯҳҳои Қаротегин ва Оқтоғ воқеь гашта, водиҳои Кофарниҳон ва Ёвонро аз ҳам ҷудо мекунад. Аз Ҷанубу Ғарб ба Шимолу Шарқ ба масофаи 70 км камоншакл тӯл кашидааст. Нуқтаи баландтаринаш 1895 м (кӯҳи Хоҷазаранг). Қаторкӯҳ асосан аз гил, регсанг, оҳаксангу мергелҳои …

Муфассал »

Деҳаи РАНГКӮЛ

РАНГКӮЛ, деҳаест дар райони Мурғоби ВМКБ, маркази Совети қишлоқи Рангкӯл. Территорияи совхози «Ленин-жолу». Аз деҳа то маркази район 65 км роҳ шағалпӯш. Адолиаш 240 нафар (1981), қирғизҳо. Мактаби миёна, клуб, китобхона, интернати давлатӣ, пункти тиббӣ ва шӯъбаи алоқа дорад. Дар наздикии деҳа стансияи таҷрибавии био­логии Помири АФ РСС Тоҷикистон воқеъ …

Муфассал »

Хамии РАНГКӮЛ

rangkul1

РАНГКӮЛ (хамии Рангкӯл), ха­мии байникӯҳиест дар Помири Шарқӣ. Баландиаш аз сатҳи баҳр 3800- 3900 м. Аз Шимол онро қаторкӯҳи Сариқӯл, аз Шарқ ва Ғарб шохаҳои он иҳота кардаанд. Хамӣ аз Шимол ба Ҷануб ба масофаи 14—15 км ва аз Шарқ ба Ғарб тақрибан ба 25 км тӯл кашидааст.Дар қисми ғарбии …

Муфассал »

Кӯли РАНГКӮЛ

rangkul

РАНГКӮЛ, кӯлест дар pайони Мурғоби ВМКБ. 10 км шарқтар аз роҳи автомобилгарди Хоруғ — Уш, дар хамии Рангкӯл воқеъ гаштааст. Ба­ландии кӯл аз сатҳи баҳр 3780 м. Тӯлаш 5 км, бараш 2,4 км. Масоҳати сатҳи кӯл 10 км2, ҳаҷми об 0,006 км3, чуқуриаш ба ҳисоби миёна 0,5 м, ҷои чуқуртаринаш …

Муфассал »

Шаҳри РАМПУР

rampur

РАМПУР, шаҳрест дар штати Уттар-Прадеши Ҳиндустон, дар соҳили дарёи Коси. Аҳолиаш 161,8 ҳазор нафар(1971). Стансияи роҳи оҳан Маркази тиҷорати ноҳияи хоҷагии қишлоқ дар водии Гаити боло. Соҳаҳои саноаташ: хӯрокворӣ (қанд), бофандагӣ (истеҳсоли матоъҳои пахтагин), коркарди металл, химия (спирти техникӣ ва ғайра).

Муфассал »

Пиряхи РАКЗОВ

pityax

РАКЗОВ, пиряхест дар Помири Ғарбӣ, дар болооби дарёи Ракзов (ҳавзаи дарёи Язгулом) ва пайвандгоҳи қаторкӯҳҳои Язгулому Академияи Фанҳо. Ракзов пиряхи мураккаб буда, аз 11 шоха иборат аст. Масоҳати умумии онҳо 41,2 км2. Тӯли пиряхи асосӣ 17,2 км. Баландии нуқтаи поёнии пирях 3420 м, болои —6250 м. Ба­ландии хатти барф 4400—4900 …

Муфассал »

РАЙОНИ АВТОНОМИИ ТИБЕТ

rayoni-avtonomii-tibet

РАЙОНИ АВТОНОМИИ ТИБЕТ, Тибат (хит. Ситмзан), райони маъмуриест дар ҷанубу ғарби Хитоӣ, дар ҳудуди кӯҳсори Тибет. Масоҳаташ 1221 ҳазор км3. Аҳолиаш қариб 1,6 млн. нафар (1975). Маркази маъмуриаш — шаҳри Лхаса. Соҳаи асосии иқтисодиёти Тибет хоҷагии қишлоқ аст. Зиёда аз 60% маҳсулоти умумии хоҷагии қишлоқро зироаткорӣ медиҳад. Дар водиҳо ва …

Муфассал »

РАЙОН

nohiya

РАЙОН (Франсавӣ, rayon — нур, партав, доира), 1) ба маънои васеъ қисми территорияе, ки бо ягон хусусият ва аломат фарқ мекунад. 2) Воҳиди таксономӣ дар ҷуғрофия. 3) Дар СССР воҳиди маъмурию территориявӣ, ки ба зайъати вилоят, кишвар, республикаҳои иттифоқӣ ё автономӣ ва округи автономӣ дохил мешавад. Дар шаҳрҳои калон низ …

Муфассал »

Деҳаи РАЗУЧ

РАЗУЧ, деҳаест дар Совети қишлоқи Бартанги райони Рушони ВМКБ. Территорияи совхози «Интернатсионал». Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ 12 км, то район 62 км; роҳ автомобилгард. Аҳолиаш 148 нафар (1981), тоҷикон. Мактаби ибтидоӣ, китобхона, магазин, фермаҳои гову гӯсфанд ва бузпарварӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ— ғаллакорӣ (гандум, ҷав), кирмакдорӣ, тамокукорӣ ва …

Муфассал »