Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри РАНГУН

Шаҳри РАНГУН

rangun

РАНГУН, пойтахти Республикаи Сотсиалистии Иттифоқи Бирма, калонтарин маркази иқтисодӣ ва мадании мамлакат. Дар соҳили дарёи Рангун воқеъ гардидааст. Иқлимаш тропикӣ, муссонӣ; ҳарорати миёнаи январ 27°С, апрел 29 С. Боришоти со­лона зиёда аз 2000 мм. Масоҳаташ 200 км3. Аҳолиаш 2,4 млн нафар (1978). Рангун— маркази асосии тиҷорату нақлиёт ва молия; бандари калони баҳрӣ. Аэропорташ дорои аҳамияти байналхалқист. 85% экспорт ва 90% импорти мамлакат ба воситаи бандари Рангун мегузарад. Дар шаҳр ва атрофи он корхонаҳои шоликубӣ, равғанкашӣ, коркарди моҳию тамоку, тахтабурию чӯбгарӣ, устохонаҳои механикӣ, роҳи оҳан, корхонаҳои киштисозӣ ва таъмири он, заводи прокати пӯлод, фабрикаи дорусозӣ, заводи софкории нефт мавҷу­данд. Касбҳои ҳунармандӣ — бофандагӣ, пойафзолдӯзӣ, дӯзандагӣ, сохтани маснуоти нуқрагин ва ғайра ривоҷ ёфтааст. Дар Рангун университет, 2 иниверситети тиббӣ, Институти технологӣ (бо ёрии техникии СССР сохта шудааст), институтҳои педагогӣ, иқтисодӣ, стоматоло­гӣ, ветеринарӣ, мактабҳои давлатии санъатҳои нафиса, мусиқӣ ва драма, институтҳои тадқиқоти илмӣ, китобхонаҳо, музейҳо, нигористони суратҳо ва ғайра ҳастанд. Дар қисми ҷанубии шаҳр биноҳои ҳозиразамон сохта шудаанд. Дар ин ҷо банкҳо, муассисаҳои давлатӣ, меҳмонхонаи «Инъя- Лейк», майдони Мах Бандум низ воқеъ гардидаанд. Рангун ёдгориҳои меъмории бисёре дорад (комплекси ибодатхонаи Шуэдагоуи, асри 5 то мелод, баландиаш 100 м, Монументи истиқлолият ва ғайра).

Рангу дар наздикии ибодатхонаи Шуэдагоун ҳамчун деҳа бунёд ёфта, ав­вал Оккала ва баъдтар Дагон номида шуда буд. Соли 1755, баъд аз ғалаба бар халқи мон, ҳокими Бирма Алаунпая Дагонро Рангун номид, ки маънояш ба забони бирмагӣ «ҷанг тамом шуд» аст ва дар ин ҷо калонтарин шаҳрбандари шоҳии Бирмаро бунёд намуд. Соли 1852 Рангунро мустамликадорони англис ишғол карданд. Рангун соли 1862 маркази маъмурии мулкҳои дар Бирма будаи Англия, солҳои 1886— 1947 маркази маъмурии мустамликаи Бирмаи Англия буд. Аз асри 20 ба маркази муборизаи миллии озодихоҳии халқи Бирма табдил ёфт. 4 январи 1948 дар Рангун истиқлолияти Бир­ма эълон шуд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …