ТАКЛА-МАКОН, биёбонест дар қисми ғарбии Хитой, яке аз калонтарин биёбонҳои регии ҷаҳон. Тӯлаш аз ғарб ба шарқ зиёда аз 1000 км, бараш то 400 км, масоҳати регзор зиёда аз 300 хазор км2.
Муфассал »Шаҳраки ТАКАЛӢ
ТАКАЛӢ, посёлкаи типи шаҳрист дар С. п. Такалии раёни Мастчоҳи вилояти Ленинобод. Аз птш то маркази район 13 км, то стансияи роҳи оҳан наздиктарин 56 км. Посёлка мактаби миёна, кинотеатр, пункти тибби, шӯъбаи алоқа ва магазин дорад.
Муфассал »Нимҷазираи Таймыр
ТАЙМЫР, нимҷазираи Таймыр, нимҷазараи шимолтарини Осиё, дар байни халиҷи Енисен баҳри Кара ва халиҷи Хатангаи баҳри Лаптевҳо, дар ҳудуди Округи автономии Таимыр (Долгану Ненецҳо). Интиҳои шимолиаш дим. Челюскин. Тӯлаш қариб 1000 км, бараш зиёда аз 500 км. Масоҳаташ қариб 400 ҳазор нм2.
Муфассал »ТАЙГА
ТАЙГА, номи бешаҳои сӯзанбарги минтақаи муътадили шимолист, ки аз дарахтони коҷ, санавбар, дарахти роздор, дарахти ҷалғуза, қисман дарахтони паҳнбарг ва ғайра иборатанд. Тайга дар қисми шимолии минтақаи мӯътадил ҷойгир буда, территорияҳои бепоёни шимоли Евросиё ва Америкаи Шимолӣ, ноҳияҳои кӯҳии Европа, Кавказ, Тиёншон, ғарби Хитой, ҷазираҳои Япон, соҳилҳои уқёнуси ороми Американ …
Муфассал »Ҷазираи ТАЙВАН
ТАЙВАН, Формоза, ҷазираест дар уқёнуси Ором, дар наздикии соҳилҳои шарқии қисми материкии Хитой. Тайванро аз материк гулӯгоҳи Тайван ҷудо кардааст. Якҷоя бо ҷаираҳои Пэнху музофоти Тайвани РХХ-ро ташкил медиҳад. Аз Шимол ба Ҷануб ба масофаи 394 км тӯл кашидааст; бараш то 140 км, масоҳаташ қариб 36 ҳазор км2. Аҳолиаш 17 …
Муфассал »Шаҳри ТАЙБЭЙ
ТАЙБЭЙ, шаҳрест дар Хитои воқеъ дар соҳили дарёи Даншуйхэ, маркази маъмурии музофоти Тайван. Аҳолиаш 2,1 млн нафар (1976). Калонтарин шаҳр ва маркази асосии иқтисодии музофот. Узели роҳи оҳан ва алоқаҳои ҳавоӣ. Ҳар ду аэропорташ (Суншан ва Таоюан) дорои аҳамияти байналхалқист. Тайбей саноати металлургӣ, мошинсозӣ, аз он ҷумла киштисозӣ ва электроника, …
Муфассал »ТАЙТИ
ТАЙТИ (Таhiti), ҷазираи вулқонист дар уқёнуси Ором. Тобеи Франсия, Масоҳат 1042 км2. Аҳолиаш 84,5 ҳазор нафар (1970). Маркази маъмурӣ ва бандари асосиаш шаҳри Папеэте. Иқлимаш тропикии баҳрист. Боришоти солона 1400 мм. Бешаҳои сернами тропикӣ дорад. Дар пастиҳои соҳил нахли норҷил, банан, найшакар, ванил ва ананас, инчунин таро, ямс ва батат …
Муфассал »Подшоҳии Таиланд
ТАЙЛАНД, Подшоҳии Таиланд, Сиам, давлатест дар Осиёи Ҷануби Щарқӣ (дар нимҷазираи Ҳиндухитой). Бо баҳри Андаман ва халиҷи Сиами баҳри Ҷанубн Хитой иҳота аст. Масоҳаташ 514 ҳазор км2. Аҳолиаш 50,06 млн нафар (1984), аҳолии шаҳрӣ қариб 22%, тақрибан 75%-и аҳолиро гурӯҳи халқҳои таи ва 25%-ашро халқҳои, лао ташкил медиҳанд. Забони расмт-таӣ(сиамӣ). …
Муфассал »Деҳаи ТАГОБА
ТАГОБА, деҳаест дар совети қишлоқи ба номи Боқӣ Раҳимзодаи раёни Ғарми РСС Тоҷикистон Ҳудуди совхози «40-солагии Тоҷикистон». Аз деҳа то маркази совети қишлоқи 9 км, то район 37 км. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ чорводорӣ ва картошкакорист.
Муфассал »Деҳаи ТАГНОБ
ТАГНОБ, деҳаест дар совети қишлоқ Даштигулои раёни Москва, вилояти Кӯлоб. Ҳудуди колхози ба номи В. И. Ленин. Аз деҳа то маркази совети қишлоқи 2 км, то район 18 км. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ пахтакорӣ, кирмакдорӣ, ва чорводорист.
Муфассал »