Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри ТАЙБЭЙ

Шаҳри ТАЙБЭЙ

ТАЙБЭЙ, шаҳрест дар Хитои воқеъ дар соҳили дарёи Даншуйхэ, маркази маъмурии музофоти Тайван. Аҳолиаш 2,1 млн нафар (1976). Калонтарин шаҳр ва маркази асосии иқтисодии музофот. Узели роҳи оҳан ва алоқаҳои ҳавоӣ. Ҳар ду аэропорташ (Суншан ва Таоюан) дорои аҳамияти байналхалқист.

taybey-c

Тайбей саноати металлургӣ, мошинсозӣ, аз он ҷумла киштисозӣ ва электроника, корхонаҳои сементбарорӣ, химия, чӯбгарӣ, коғаз, атторию дорусозӣ ва хӯрокворӣ (қанд, чой, консерви моҳӣ, мева) дорад. Дар атрофи шаҳр конҳои ангишт мавҷуданд. Тайбей аз соли 1976 ин ҷониб қароргоҳи маъмурияти гоминданчиён аст.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …