ТИРАНА (Тirana), пойтахти Республикаи Халқии Социалистил Албания. Дар водии байникӯҳӣ, 40 км дуртар аз соҳили баҳри Адриатик воқеъ аст. Ҳудудя Тирана воҳиди мустақили маъмурист. Аҳолиаш беш аз 210 ҳазор нафар (1984). Тирана ба воситаи роҳи оҳан бо бандари Дуррес алоқаманд мебошад. Аэропорташ (Ринас) дорои аҳамияти байналхалқист. Шаҳр корхонаҳои саноати бофандагӣ, …
Муфассал »Шаҳри ТИР
ТИР (ҳозира Сур дар Лубнон), шаҳр — давлати қадимии Финикия дар соҳили шарқии баҳри Миёназамин. Дар ҳазораи 4 то мелод бунёд ёфтааст. Дар ҳазораҳои 3—2 то мелод маркази муҳимми ҳунармандӣ ва тиҷорат ба шумор мерафт. Давраи нашъунамояш ҳамчун шаҳрдавлат дар ҳазораи 1 то мелод буд.
Муфассал »Ҷазираи ТИМОР
ТИМОР (Timor) ҷазираест дар галаҷазираи Малай. Масоҳаташ қариб 34 ҳазор км2. Тимор дар байни ҷазираҳои Зонди Хурд аз ҳама калонтарин аст. Релефаш асосан кӯҳист; баландиаш то 29М м. Вулқонҳои лойфишон дорад. Иқлимаш субэкватории муссонӣ; ҳарорати ҳаво дар соҳилҳо тамоми сол 25—270С. Боришоти солона 1500 мм. Саваннаҳои баландалаф, қитьаҳои алоҳидаи бешаҳои …
Муфассал »Деҳаи ТИЛЛООБОД
ТИЛЛООБОД, деҳаест дар совети қишлоқи Лоҳури ноҳияи Ленини Ресспубликаи Советӣ Сотсиалистии Тоҷикистон. Дар ҳудуди сохози «Ҳосилот». Аз деҳа то маркази совети қишлоқ 5 км, то ноҳия 14км. Аҳолиаш 450 нафар (1986). Мактаби ибтидоӣ дорад. Соҳаи асосии хоҷагиаш пахтакорист.
Муфассал »ТИЁНШОН
ТИЁНШОН (ба хитоӣ — Кӯҳҳои Осмонбӯс, номи туркиаш — Тангритоғ), системаи кӯҳист дар Осиён Миёна ва Марказӣ, ки байни 40° ва 45° аз шарқ, 67° ва 95° то шарқ воқеъ гаштааст. Қисми ғарбиаш дар ҳудуди СССР (қисми калонаш дар РСС Қирғизистон, қаторкӯҳҳои шимолӣ ва ғарбиаш дар Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Қазоқистон, …
Муфассал »Деҳаи ТИДОН
ТИДОН, деҳаест дар Совети қишлоқи Ворух раёни Исфара, вилояти Ленинобод. Дар ҳудуди колхози «Правда». Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ 2 км, то район 44 км. Аҳолиаш 4040 нафар (1986). Деҳа мактабҳои миёна ва ҳаштсола, китобхона, пункти тиббӣ, нуқтаҳои савдо ва хизмати маишӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагиаш боғдорӣ, сабзавоткорӣ, кирмакдорӣ …
Муфассал »Кӯҳсори Тибет
ТИБЕТ, Тибат, (кӯҳсори Тибет), кӯҳсорест дар Осиёи Марказй, асосан дар Хитой. Масоҳаташ қариб 2 млн км3, баландиаш аз 4—5 ҳазор то 6— 7 ҳазор метр. Аз Гарб бо қаторкуҳҳои Қароқурум, аз Шимол бо куҳҳои Кунлун, аз Шарқ бо куҳҳои Сино-Тибет (баъзан ҳамаи ин системаҳои кӯҳӣ ба Тибет ҳамроҳ карда мешаванд), …
Муфассал »Шаҳри ТЕҲРОН
ТЕҲРОН пойтахти Республикаи исломии Эрон, маркази асосии сиёсӣ, иқтисодӣ, савдою молия ва мадании мамлакат. Маркази маъмурии остони Марказӣ. Теҳрон дар доманаи ҷанубии куҳи Албурс, дар баландии 1100—1300 м воқеъ гаштааст. Иқлимаш субтропикӣ, континентӣ, ҳарорати миёнаи январ 2°С, июл 29,40С. Боришоти солона 240 мм. Аҳолиаш қариб 8 млн нафар (1984). Узели …
Муфассал »Теғаи кӯҳ
ТЕҒА, теғаи кӯҳ, теғи кӯҳ, қисми баландтарини кӯҳ ва қаторкӯҳ, яъне ҷои ба ҳам пайваст шудани нишебиҳои мутақобилро гӯянд.
Муфассал »Пиряхи ТЕХАРВ
ТЕХАРВ, пиряхест дар нишебии ҷанубии қаторкӯҳи Дарвоз, дар саргаҳи дарёи Техарв (шохоби рости Ванҷ). Дар баландин 3500—5600 м воқеъ гаштааст. Тӯлаш 7 км, масоҳаташ 2,4 км2, ҳаҷмаш 0,10 км3.
Муфассал »