Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия (страница 37)

Ҷуғрофия

Жаҳон Янгиликлари

УГАНДА

uganda

УГАНДА, Республикан Уганда (Republis оf Uganda), давлатест дар Африкаи Шарқӣ. Ба иттиҳоди Британия дохил аст. Масоҳаташ 236 ҳазор км2. Аҳолиаш 14,6 млн нафар (1984); асосан халқҳои банту. Аҳолии шаҳрӣ 7%. Забони расмӣ англисӣ ва суахилӣ. Қариб аз панҷ се ҳиссаи аҳолӣ ба дину оинҳои маҳаллӣ эътиқод дорад, боқимонда насрониҳо ва …

Муфассал »

Шаҳри УАГАДУГУ

uagadugu

УАГАДУГУ (Оuаgadougou), пойтахти давлати Буркина-Фасо. Маркази асосии сиёсӣ ва мадании мамлакат. Аҳолиаш 236 ҳазор нафар (1983). Дар Уагадугу корхонаҳои пахтатозакунӣ, шолитозакунӣ, фабрикаи пойафзол мавҷуданд. Уагадугу асри 15 бунёд шудааст.

Муфассал »

ТӮҒАЙ

tugay

ТӮҒАЙ, тӯқай, тӯғайзор, бешазорҳои дарёбоди минтақаҳои биёбону нимбиёбонҳои Осиёи Миёна ва Марказӣ. тӯғайҳо аз анбӯҳи буттаву дарахтони гуногун (туронғу, бед, санҷид, ангат, чингил, газ) иборатанд. Дар тӯғайҳо гуроз, холгул, шағол, хаус (гурбаи найзор), тазарв ва ғайра маскунанд. Нигаред низ Полвонтутай.

Муфассал »

ТУФОН

tufon

ТУФОН, боди сахти 9 балла бо суръати 20,8—24,4 м/сон (мувофиқи шкалаи Бофорт)-ро гӯянд. Маъмулан ҳангоми гузаштани сиклон ба вуҷуд меояд ва дар баҳо талотуми сахт ба вуҷуд меоварад.

Муфассал »

Деҳаи ТУГАРАК

ТУГАРАК, деҳа, маркази совети қишлоқи Тугараки раёни Восеъ, вилояти Кӯлоб. Ҳудуди колхози ба номи Н. Д. Томин. Аз деҳа то маркази район 2 км, Аҳолиаш 2780 нафар (1986). Деҳа мактабҳои миёна, ҳаштсола, 2 китобхона, хонаи маданият, амбулатория, клуб, дорухона, санаторияи бачагона, шӯъбаи алоқа, кассаи амонатӣ, 2 магазин, нонвойхона, сехҳои дузандагӣ, …

Муфассал »

Вилояти ТЮМЕН

tumen-c

ТЮМЕН, вилоятест дар ҳайати РСФСР. Таъсисаш 14 августи 1944. Масоҳаташ 1435,2 ҳазор км2. Аҳолиаш 2425 ҳазор нафар (1984); аҳолии шаҳрӣ 70%. Ба ҳайати вилоят округҳои автономии хантию мансиҳо ва ненесҳои Ямал, 37 район ва 16 шаҳр дохиланд. Дар ҳамвории Сибири Ғарбӣ воқеъ гаштааст. Ҳарорати миёнаи январ аз —17 то —29°С, …

Муфассал »

Шаҳри ТЮМЕН

tumen-c

ТЮМЕН, Шаҳр, маркази вилояти Тюмени РСФСР. Бандар дар дарёи Тура, стансияи роҳи оҳан. Аҳолиаш 411 ҳазор нафар (1984). Саноати сабук, хӯрокворӣ, мошинсозӣ, таҳвили чӯб, химия ривоҷ ёфтааст. Аз Тюмен қубурҳои нефт мегузаранд. 5 донишкадаи олӣ, театр, сирк ва ғайра дорад. Тюмен соли 1586 дар ҷои шаҳри Чингитура ба вуҷуд омад; …

Муфассал »

Деҳаи ТУҒУЛ

ТУҒУЛ, деҳа, маркази совети қишлоқи Туғули раёни Панҷ, вилояти Қӯрғонтеппа. Ҳудуди колхози «Якуми май». Аз деҳа то маркази район 12 км. Аҳолиаш 2400 нафар (1986). Деҳа мактаби миёна, 3 китобхона, 2 клуб, хонаи маданият, таваллудхона, пункти тиббӣ, амбулатория, дорухона, шӯъбаи алоқа, ошхона, магазин, парки мошину тракторҳо дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагиаш …

Муфассал »

Вилояти ТУРҒАЙ

turgay

ТУРҒАЙ, вилоятест дар РСС Қазоқистон. Таъсисаш 23 ноябри 1070. Дар қисми шимоли республика ҷой гирифтааст. Масоҳаташ 111,9 ҳазор км2. Аҳолиаш 309 ҳазор нафар (1984). 10 райони маъмурӣ, 3 шаҳр ва 1 птш дорад. Марказаш шаҳри Орқалиқ. Турғай қисми ҷанубии пуштакӯҳ ва пастхамию водии Турғай ва канори ғарбии талистони Казоқистонро ишғол …

Муфассал »