Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Вилояти ТЮМЕН

Вилояти ТЮМЕН

ТЮМЕН, вилоятест дар ҳайати РСФСР. Таъсисаш 14 августи 1944. Масоҳаташ 1435,2 ҳазор км2. Аҳолиаш 2425 ҳазор нафар (1984); аҳолии шаҳрӣ 70%. Ба ҳайати вилоят округҳои автономии хантию мансиҳо ва ненесҳои Ямал, 37 район ва 16 шаҳр дохиланд. Дар ҳамвории Сибири Ғарбӣ воқеъ гаштааст. Ҳарорати миёнаи январ аз —17 то —29°С, июл 14—18°С.

tumen-c

Боришоти солона 220—580 мм. Аксари дарёҳо ба ҳавзаи дарёи Об мерезанд. Нефт ва газ (кони нефти Самотлор, конҳои гази Уренгой, Медвеже ва ғайра) истихроҷ мекунанд. Аз ҳудуди вилоят қубурҳои нефтгузари Самотлор—Алметевск, Уст—Балиқ—Омск, Уст—Балиқ — Алметевск, Шоим — Тюмен —Курган ва қубурҳои газгузари ноҳияҳои шимоли вилояти Тюмен —Урал — Поволжия — Марказ оғоз меёбанд. Саноати ҷангал химия, мошинсозӣ, чӯбкорӣ, хӯрокзорӣ ривоҷ ёфтааст. ГРЭС-и Сургут амал мекунад. Дар ноҳияҳои ҷануби вилоят ғалладона, зағир, картошка, сабзавот мекоранд. Асосан гов, хук ва дар шимол гавазн мепарваранд. Хоҷагиҳои парвариши ҳайвонҳои мӯинадор мавҷуданд Хайвонҳои мӯинадор шикор мекунанд. Дарёҳои Об, Иртыш киштигарданд. Бо ордени Ленин (1967) мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …