Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Вилояти ТУРҒАЙ

Вилояти ТУРҒАЙ

turgay

ТУРҒАЙ, вилоятест дар РСС Қазоқистон. Таъсисаш 23 ноябри 1070. Дар қисми шимоли республика ҷой гирифтааст. Масоҳаташ 111,9 ҳазор км2. Аҳолиаш 309 ҳазор нафар (1984). 10 райони маъмурӣ, 3 шаҳр ва 1 птш дорад. Марказаш шаҳри Орқалиқ. Турғай қисми ҷанубии пуштакӯҳ ва пастхамию водии Турғай ва канори ғарбии талистони Казоқистонро ишғол кардааст. Ҳарорати миёнаи январ —18°С, июл 21°С дар Шимол ва 24,2°С дар Ҷауб. Боришоти солона 280 мм. Дарёи калонаш Ишим. Дар Туғай, ғаллакории лалмӣ ва чорводорӣ бештар тараққӣ кардааст. Асосан боксит истихроҷ карда мешавад. Соҳаҳои асосии саноат: истихроҷи маъдан, истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ, саноати хӯрокворӣ ва сабук. Бо ордени Ленин мукофотонида шудааст (1973).

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …