Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия (страница 32)

Ҷуғрофия

Жаҳон Янгиликлари

Шаҳри ФЕОДОСИЯ

ua11

ФЕОДОСИЯ, шаҳр дар вилояти Қрими РССУ. Бандар дар соҳили баҳри Сиёҳ, стансияи роҳи оҳан. Аҳолиаш 79 ҳазор нафар (1982). Яке аз марказҳои курортии Қрим. Воситаҳои табобаташ — иқлим, оббозӣ дар баҳр, оби нӯшокии чашмаи минералии «Феодосия», лойқаи Аҷикӯл. Дар Феодосия асосан иллати узвҳои ҳозима, нафаскашӣ, рагҳои хунгард ва системаи асабро …

Муфассал »

Пиряхи Федченко

p-fedchenko

ФЕДЧЕНКО (пиряхи Федченко), калонтарин пиряхи водигию кӯҳии СССР, ки дар шимолу ғарби Помири РСС Тоҷикистон воқеъ аст. Тӯлаш 77 км, бараш аз 1700 то 3100 м, ғафсиаш дар қисми мобайнӣ 1000 м. Пирях аз нишебии шимолии қаторкӯҳи Язғлом ибтидо меёбад. Он дар нишебии шарқии қаторкӯҳи Академияи Фанҳо ҷойгир аст. Пирях …

Муфассал »

Деҳаи ФАХРОБОД

ФАХРОБОД, деҳаест дар совети қишлоқи Даҳанакиики раёни Илич, вилояти Қӯрғонтеппа. Дар ҳудуди совхози «Фахробод». Аз деҳа то маркази совети қишлоқи 1 км, то район 54 км. Аҳолиаш 1000 нафар (1986). Соҳаҳои хоҷагӣ токдорӣ ва ғаллакорист.

Муфассал »

Деҳаи ФАХРОБОД

ФАХРОБОД, деҳаест дар раёни Иличи вилояти Қӯрғонтеппа, маркази совети қишлоқи Даҳанакиик. Дар ҳудуди совхози ба номи Ҷ. Расулов. Аз деҳа то маркази район 18 км. Аҳолиаш 4000 нафар (1986). Деҳа мактаби миёна, 3 китобхона, клуб, боғчаи бачагон, беморхона, пункти тиббӣ ва 3 магазин дорад. Соҳаи асосии хоҷагиаш боғу тоқдорӣ ва …

Муфассал »

Ағбаи ФАХРОБОД

ФАХРОБОД, ағбаест дар қисми шимолии қаторкӯҳи Қаротоғ. Баландиаш аз сатҳи баҳр 1242 м. Аз ағба роҳи автомобилгарди Душанбе — Қӯрғонтеппа мегузарад, ки он аҳамияти республикавӣ дорад. Роҳи нақлиёти автомобилӣ ва автобусҳои пассажирӣ тамоми сол кушода аст. Ю. С. Усков.

Муфассал »

Деҳаи ФАТҲОБОД

ФАТҲОБОД, деҳаест дар совети қишлоқи Мисккинободи раёни Файзободи РСС Тоҷикуистон. Дар ҳудуди совхози «Қалъаи Дашт-2». Аз деҳа то маркази совети қишлоқи 3 км, то район 31,5 км. Аҳолиаш 1300 нафар (1986), тоҷикон. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ картошкакорӣ, боғдорӣ ва чорводорист.

Муфассал »

Деҳаи ФАТҲОБОД

fathobot

ФАТҲОБОД, деҳаест дар совети қишлоқи Қалъаи Лабиоби раёни Ғарми РСС Тоҷикистон. Дар ҳудуди совхози «Меҳнат». Аз деҳа то маркази совети қишлоқи 3 км/то район 56 км. Аҳолиаш 1230 нафар (1986) тоҷикон. Деҳа мактаби миёна, китобхона дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагиаш чорводорӣ, боғдорӣ ва картошкакорист.

Муфассал »

Деҳаи ФАТМОВУТ

ФАТМОВУТ, деҳаест дар совети қишлоқ Рарзи раёни Айнй, вилояти Ленинобод. Дар ҳудуди к-зи ба поми Ф. Энгелс. Аз деҳа то маркази совети қишлоқ 8 км, то райош 32 км. Аҳолиаш 330 нафар (1986). Фатмовут мактаби ибтидоӣ, клуб, шӯъбаи алоқа дорад. Соҳаҳои хоҷагӣ ғаллаю тамокукорӣ, боғдорӣ, чорводорӣ ва кирмақдорист.

Муфассал »

Деҳаи ФАТМЁВ

ФАТМЁВ, деҳаест дар совети қишлоқи Рарзи раёни Айнӣ, вилояти Ленинобод. Дар ҳудуди колхози ба номи Ф. Энгелс. Аз Фатмеев то маркази совети қишлоқ 8 км, то район 16 мм. Аҳолиаш 720 нафар (1086), тоҷикон. Деҳа мактаби миёна, клуб, китобхона, шӯъбаш алоқа ва пункти тиббӣ дорад. Соҳаҳои хоҷагӣ ғаллаю тамокукорӣ, чорводорӣ …

Муфассал »

Водии Фарғона

vodii-far

ФАРҒОНА, водии Фарғона, пастхамии байникӯҳист дар кӯҳсори Тиёншон. Асосан дар ҳудуди РСС Ӯзбакистон, қисман дар РСС Тоҷикистон ва РСС Қирғизистон воқеъ гаштааст. Фарғонаро аз шимол қаторкуҳҳои Қурама, Чатқал, Фарғона ва аз ҷануб қаторкӯҳҳои Туркистону Олой иҳота кардаанд. Дар ғарб тавассути гузаргоҳи камбар бо дашти Мирзочӯл пайваст шудааст. Тӯли хамӣ қариб …

Муфассал »