Посёлкаи типи шаҳрӣ (аз 29 август 1964), тобеи Совети шаҳрии Чкалови вилояти Ленинобод. Аз Навгарзан то маркази шаҳр 270 км, то стансияи роҳи оҳан наздиктарин — Ангрен 60 км. Аҳолиаш 2100 нафар (1982), асосан русҳо ва тоҷикон. Посёлка мактаби миёна, клуб, пункти тиббӣ, касалхо- на, ошхона, шӯъбаи алоқа дорад., Навгарзан …
Муфассал »Навбунёд
Деҳаест дар Совети қишлоқ Оҷгазаи pайони Вахш, вилояти Қӯрғонтеппа. Территорияи колхози «Москва». Аз Навбунёд то маркази Совети қишлоқ 3 км, то район 10 км; роҳаш асфалтпӯш. Аҳолиаш 765 нафар (1982) ӯзбекҳо ва тоҷикон. Мактаби 8-сола, магазин, чойхона дорад. Соҳаи асосии хоҷагӣ — пахтакорӣ. Заминҳо аз канали Дарахтзор обёрӣ мешаванд. Деҳа …
Муфассал »Навбулоқ
Деҳаест дар Совети қишлоқ Саричашмаи pайони Москва, вилояти Кӯлоб. Территория совхози ба номи Жданов, Аз Навбулоқ то маркази Совети қишлоқ 9 км, то район 94 км; роҳаш шағалпӯш. Аҳолиаш 315 нафар (1982), тоҷикону ӯзбекҳо. Деҳа мактаби ибтидоӣ, фермаи бурдоқипарварӣ дорад. Соҳаҳои хоҷагӣ — ғаллакори, боғу ток ва чорводорӣ. Заминҳо аз …
Муфассал »Набатай
Давлати қадимаи набатайҳо (гуруҳи қабилаҳои араб), ки дар ҳудуди Урдуни ҳозира дар охири асри 3 то мелод то соли 106 мелодӣ вуҷуд дошт. Пойтахташ — шаҳри Петра. Охири асри 3 — ибтидои асри 2 то мелод дар зери тасарруфи Птолемейҳои Mиcp буд. Нахустин шоҳи Набатай— Харитати I (169 то мелод). …
Муфассал »Мӯъҷам-ул-Булдон
«Мӯъҷам- ул-Булдон» асари 10-ҷилдаи географ ва сайёҳи асри 13 Ёқути Ҳамавӣ, ки соли 1224 бо ёрй ва ҳамкории олим, файласуф ва муррихи араб Ибни Қифтӣ таълиф шудааст. Муаллиф дар навиштани «Мӯъҷам- ул-Булдон» зиёда аз 50 асари олимони Юнон (Афлотув, Пифагор, Батлимус), географҳои Шарқ (Ибни Хурдодбеҳ, Ибни Возеҳ, Абузайди Балхӣ) ва …
Муфассал »Мӯъминободи поён
Деҳаест дар Совети қишлоқ Эскигузари pайони Орҷоникидзеободи РСС Тоҷикистон Территорияи колхози ба номи Карим Исмоилов. Аз Мӯъминибоди Поён то маркази Совети қишлоқ 1,5 км, то район 6,5 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 560 нафар (1981), тоҷикон. Деҳа магазин дорад. Соҳаи асосии хоҷагӣ — пахтакорӣ. Заминҳо аз канали Кофарниҳон обёрӣ мешаванд.
Муфассал »Мӯъминободи боло
Деҳаест дар Совети қишлоқ Эскигузари pайони Орҷоникидзеободи РСС Тоҷикистон Территория колхози ба номи Карим Исмоилов. Аз Мӯъминободи Боло то маркази Совети қишлоқ 1 км; то район 6 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 505 нафар (1981), тоҷикон. Соҳаи асосии хоҷагӣ — пахтакорӣ. Заминҳо аз канали Кофарниҳон обёрӣ мешаванд.
Муфассал »Мӯъминобод
Мӯминобод обанборест дар pайони Ленингради вилояти Кӯлоб. Мӯяминобод аҳамияти энергетикӣ надошта, танҳо барои ирригатсия пешбинӣ шудааст. Сохтмони обанбор соли 1956 cap шуда, 1959 анҷом ёфт. Мӯъминобод обро ба воситаи канал аз деҳаи Сурхак мегирад. Оби обанбор барои обёрии заминҳои обчакорию зироати хӯроки чорвов pайони Ленинград ва пахтазори райони Кӯлоб сарф …
Муфассал »Мӯъминобод
Мӯъминобод, деҳаест дар Совети қишлоқ Мискинободи pайони Файзободи РСС Тоҷикистон Терреторияи совхози ба номи Ҳамза Ҳакимзода. Аз Мӯъминобод то маркази Совети қишлоқ 3 км,ӣто район 39 км. Аҳолиаш 620 нафар (1981), тоҷикон. Деҳа мактаби 8-сола ва клуб дорад. Соҳаи асосии хо- ҷагӣ — чорводорӣ. Сокинони деҳа аз чашмаи Ҳавзак истифода …
Муфассал »Мӯрияк
Деҳаест дар Совети қишлоқ Росровути pайони Ғончӣ, вилояти Ленинобод. Территорияи совхози «Қалъаи Дӯст». Аз Мӯрияк то маркази Совети қишлоқ 8 км, то район 49 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 690 нафар (1981), тоҷикон. Пункти тиббӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ — ғалла- корию чорводорӣ. Заминҳо аз оби сои Росровут обёрӣ мешаванд.
Муфассал »