Оқтоғ, деҳаест дар Совети қишлоқи Қиблаии pайони Ленини-Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон. Теppиторияи совхози ба номи Э. Телман. Аз Оқтоғ то маркази Совети қишлоқ 15 километр, то район 32 километр. Аҳолиаш 820 нафар (1981), тоҷикон. Деҳа мактаби миёна ва пункти тиббӣ дорад. Соҳаи асосии хоҷагй — чорводорӣ.
Муфассал »Оқтоғ
Оқтоғ, қаторкӯҳест, дар ҷануби ғарби Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон, дар байни водии дарёҳои Кофарниҳон ва Обикиику Вахш. Аз Шимол ба Ҷануб ба масофаи тақрибан 150— 155 километр тӯл кашидааст. Бараш 20— 22 километр. Релефи теппамонанд дорад. Баландин қаторкӯҳ ба ҳисоби миёна 1000—1200 метр, ҷои аз ҳама баландаш қӯҳи Мундитоғ (2227 …
Муфассал »Деҳаи Оқтош
Оқтош, деҳаест дар Совети қишлоқи Еваи райони Хуҷанд, вилояти Ленинобод. Территорияи колхози «Роҳи Ленин». Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ 16 километр, то район 45 километр; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 470 нафар (1981), тоҷикон ва ӯзбекҳо. Мактаби 8-сола дорад. Соҳаи асосии хоҷагӣ — пахтакнорӣ. Заминҳо аз дарёи Сир обёрӣ мешаванд.
Муфассал »Оқтом
Оқтом, қабристони мансуб ба асрҳои 5—3 то милод, ки дар наздикии деҳаи Оқтом соҳили чапи Марғелонсой, 9 километр ҷанубтари шаҳри Фарғо- наи Республикаи Советии Сотсиалистии Ӯзбекистон воқеъ аст. Оқтомро ибтидои солҳои 50 асри 20 кишваршиноси ҳаваскор П. Т. Конопля кашф ва солҳои 19метр—55 археологҳо Б. 3. Гамбург ва И. Г. …
Муфассал »Вилояти Оқтеппа
Оқтеппа (Актюбинск), вилоят дар ҳайати Республикаи Советии Сотсиалистии Қазоқистон 10 марти 1932 ташкил шудааст. Дар қисми ғарбии республика воқест. Масоҳаташ 299,8 ҳазор километр2. Аҳолиаш 629 ҳазор нафар (январи 1979). Вилоят 13 райони маъмурӣ, 7 шаҳр ва 4 посёлкаи типи шаҳр дорад. Марказаш шаҳри Оқтеппа. Табиат. Оқтеппа дар байни пастии Наздикаспий …
Муфассал »Шаҳри Оқтеппа
Оқтеппа (Актюбинск), шаҳр, маркази вилояти Оқтеппаи Республикаи Советии Сотсиалистии Қазоқистон. Дар қисми шимоли ғарбии республика, дар соҳили чапи дарёи Илек (шохоби дарёи Урал) воқеъ аст. Узели муҳими роҳҳои автомобилгард ва ҳавоӣ. Аз Оқтеппа роҳи оҳан Оренбург—Тошкент мегузарад. Аҳолиаш 191 ҳазор нафар. (1979). Маркази калони иқтисодӣ ва мадании Қазоқистон. 3аводҳои оҳангудозӣ, …
Муфассал »Деҳаи Оқтеппа
Оқтеппа, деҳа, маркази Совети қишлоқи Оқтеппа, райони Нови вилояти Ленинобод. Территорияи колхози «Тоҷикистон». Аз деҳа то маркази район 9 километр; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 4185 нафар (1981), тоҷикон ва ӯзбеҳо. Деҳа мактаби миёна, китобхона, клуб, пункти тиббӣ, шуъбаи алоқа, фермаи говпарварӣ, ошхона ва магазин дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ — пахта корӣ …
Муфассал »Оқтеппа шаҳри Панҷакент
Оқтеппа, димнаи мансуб ба асрҳои 5—12, ки 1 километр ғарбтари шаҳри Панҷакент, дар соҳили чапи дарёи Заразился воқеъ аст. Масоҳаташ 250 X 50— 60 метр. Оқтеппа аз куҳандиз ва шаҳрча иборат аст. Оқтеппаро соли 1947 О. И. Смирнова кашф намуд. Соли 1976 бостоншиноси тоҷик А. И. Исҳоқов ба ҳафриёти археологии …
Муфассал »Оқтеппа
Оқтеппа, димнадои мансуб ба асрҳои 5—8, ки дар наздикии Тошкент воқеъанд. Оқтеппаи назди заводи асбобҳои пармаю суфтакуниро солҳои 1940—41 археологи советӣ А. И. Тереножкин ва Оқтеппаи pайони Челонзорро солҳои 1962—72 М. И. Филанович аз ҷиҳати археологӣ омӯхтанд. Баландин Оқтеппаи назди завод 20 метр аст ва он асрҳои 6—8 қалъаи заминдори …
Муфассал »Оқтеппа
Оқтеппа, оташкадаи мансуб ба асрҳои 5—6 дар ҳудуди деҳаи Оқтеппа, 6 километр шарқтари маркази pайони Нови вилояти Ленинобод. Солҳои 1965—68 аз тарафи отряди археологии Институти таърихи Академияи Фанҳои Республикаи Советии Сотсиалистии Точикистон таҳти роҳбарии У. Пулодов тадқиқ гардидааст. Оқтеппаро дар теппае аз хишти хом сохтаанд. Он аз ҷаҳор роҳрави 14,1- …
Муфассал »