Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия (страница 106)

Ҷуғрофия

Жаҳон Янгиликлари

МУЛЛОШОДӢ

deha

МУЛЛОШОДӢ, деҳаест дар Совети қишлоқи Ҳасанови pайони Ҳисори Республикаи Советии Сотсиалистии  Тоҷикистон. Территорияи колхози ба номи Владимир Илич Ленин. Аз Марказ то маркази Совети қишлоқ 5 километр, то район 41 километр, то_ стансияи роҳи оҳан Хонақоҳ 3 километр, роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 1150 нафар. (1981), ӯзбекҳо ва тоҷикон. Деҳа мактаби миёна, …

Муфассал »

МУЛЛОДАВЛАТ

deha

МУЛЛОДАВЛАТ, деҳаест дар Совети қишлоқи Қаросуи pайони Орҷоникидзеободи Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон. Территорияи совхози ба номи Э. Тел­ман. Аз Марказ то маркази Совети қишлоқ 12 километр, то район 10 километр: роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 675 нафар (1981), тоҷикон. Мактаби миёна ва магазин дорад. Соҳаи асосии хоҷагӣ — пахтакорӣ. Заминҳо аз дарёи …

Муфассал »

МУЗҚӮЛ

pamirskiye-gori

МУЗҚӮЛ, қаторкӯҳест дар Поми­ри Шарқӣ (Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон), дар шимоли дарёи Мурғоб. Аз Fарб ба Шарқ ба масофаи 110 километр тӯл кашидааст. Нуқтаи баландтаринаш қуллаи Офисерони советӣ (6233 метр). Асосан аз варақсангҳои метаморфӣ, оҳаксанг ва регсангҳо таркиб ёфтааст. Дар қисмҳои баландтаринаш пиряхҳо мавҷуданд. Нишебиҳояш бештар ростфаромадаи сершах ва серсанганд. …

Муфассал »

БРАЗИЛИЯ

braziliya

БРАЗИЛИЯ (Brasil), Ҷумҳурии Федеративии Бразилия (Rehublica Federatira do Brasil), бузургтарин давлат дар Амрикои Ҷанубӣ. Аз ҷиҳати масоҳат ва шумораи аҳолӣ панҷумин давлати ҷаҳон маҳсуб мешавад. Бразилия дар қисми марказӣ ва ҷанубии Амрикои Ҷанубӣ воқеъ аст; хатти истиво ва тропикаи Ҷанубиро бурида мегузарад. Аз шимол ба ҷануб 4,4 ҳазор километр, аз …

Муфассал »

БРАЗИЛИА

brazilia

БРАЗИЛИА (Brasilia), шаҳр, пойтахти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия (аз 1960). Дар қисми марказии паҳнкӯҳи Бразилия, дар канори ҷанубии қаторкӯҳи Серра-Жералду-Паранан, дар баландии 1100 м аз сатҳи баҳр ҷойгир аст. Аҳолиаш 2,7 млн нафар (2011). Бразилиа бо ҳудуди атрофаш округи федералиро ташкил медиҳад. Қарор дар бораи бунёди Бразилиа дар Конгресси миллии соли …

Муфассал »

БРАЗЗАВИЛ

brazzaville

БРАЗЗАВИЛ, шаҳр, пойтахти Ҷумҳуриии Конго. Дар соҳили рости дарёи Конго ва поиноби он дар рӯбарӯи шаҳри Кин­шаса ҷойгир аст. Аҳолиаш 1,2 млн нафар (2013). Масоҳаташ 100 км2, баландиаш аз сатҳи баҳр 230 метр. Браззавил бандари муҳимми дарёӣ аст, ки ба воси­таи он муомилоту бори Африқои Марказӣ ва Чад сурат мегирад. …

Муфассал »

БОЯВУТ

boyavut

БОЯВУТ, Боявутча (аз калимаи бой ва суғдии овут оворагард), деҳа дар ҷамоати деҳоти Зарҳалоли шаҳри Истаравшан. Аз Боявут то маркази шаҳр 23 километр; роҳ автомобилгард. Аҳолиаш 200 нафар (2012). Деҳа мактаб надорад. Хонандагон дар мактаби деҳаи Тӯққузчелак таҳсил мекунанд. Нуқтаи савдои хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: сабзавоткорӣ ва боғдорӣ. Заминҳо …

Муфассал »

БОШҚИРДИСТОН

bashkiriya

БОШҚИРДИСТОН, Ҷумҳурии Бошқирдистои (бошқирдӣ Башкортостан Республикасы), субъекти Федератсия Руссия. Дар доманаи кӯҳи Урали Ҷанубӣ ҷойгир буда, аз шимол бо вилоятҳои Перм ва Свердловск, аз шарқ бо Челя­бинск, аз ҷануб бо Оренбург, аз ғарб бо Ҷумҳурии Тотористон, аз шимоли ғарб бо Ҷумҳурии Удмурдистон ҳамсарҳад аст. Мансуби округи федералии Приволжск. Масоҳаташ 143,6 …

Муфассал »

БОШҚАЛЪА

boshkala

БОШҚАЛЪА, деҳа дар ҷамоати деҳоти Ӯтақора Назарови ноҳияи Қубодиён. Аз Бошқалъа то маркази ноҳия 6 километр; роҳ автомобилгард. Аҳолиаш 5841 нафар (2012). Мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, дорухона, бунгоҳи тиббӣ, китобхона, муассисаи фароғатӣ, чойхона, 14 нуқтаи савдои ху­сусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ ва боғдо­рӣ. Заминҳо аз дарёи Кофарниҳон обёрӣ мешаванд.

Муфассал »

БОШҚАЙНАР

deha

БОШҚАЙНАР, деҳа дар ҷамоати деҳоти Норини ноҳияи Ёон. Аз Бошқайнар то маркази ноҳия 30 километр; роҳ асфалтпӯш, Аҳолиаш 3200 нафар (2012). Мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, дорухона, бунгоҳи тиббӣ, клуб ва 2 нуқтаи савдои хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, боғдорӣ ва ғаллакорӣ. Заминҳо аз нақби обии Вахш–Ёвон обёрӣ мешаванд.

Муфассал »