Маълумоти охирин
Главная / Илм (страница 26)

Илм

ТУРШОНӢ

ТУРШОНӢ, туршшавӣ, ҳодисаи таҷзияи ферментативии моддаҳои органикӣ (бештар карбогидратҳо)-ро гӯянд, ки аз таъсири микроорганизмҳо ё ферментҳои аз онҳо гирифта бе иштироки оксиген мегузарад. Туршонӣ барои фаъолияти ҳаётии микробҳо манбаи энергия буда, ба гардиши моддаҳо дар табиат аҳамияти калон дорад. Баъзе навъҳои туршонӣ (туршонии спиртӣ, шир, равғани, ацетатӣ) дар истеҳсоли спирти …

Муфассал »

ТУРМАЛИН

??????????????????????????????????????????????????????????

ТУРМАЛИН, як навъ минералест аз гурӯҳи алюмосиликатҳои бор (В) дор. (Na,Ca) (Мg, Ғе, Li)3 Аl6 Si6О18] [ВO3]з(ОН) 4. Хелҳояш: шерл (Турмалини оҳандор), сиёҳранг; дравит — магнезиалӣ, бӯр; рубеллит — мангандор, гулобӣ; индиголит, нилобӣ ва ғайра; Турмалини полихромӣ. Сахтиаш 7—7,5, зичиаш 2,9—3,3 г/см3. Кристаллҳояш қаламчамонанд. Ҳамчун ашёи пироэлектрӣ истифода мешавад. Кристаллҳои …

Муфассал »

ТУРБИДИМЕТРИЯ

ТУРБИДИМЕТРИЯ (аз лотинӣ turbidus — хира, тира ва ..летрия), усули таҳлили моеъҳои тираест, ки ба ченкунии интенсивияти рӯшноии аз тарафи он фурӯбурдашуда асос ёфтааст. Андозагирии турбидиметриро бо ёрии колориметрҳои визуалию фотоэлектрӣ ва турбидиметрҳое, ки ба колориметрҳо монанд буда, фақат бе нурполо истифода мешаванд, анҷом медиҳанд. Турбидиметрия барои таҳлили муҳитҳои мухталиф …

Муфассал »

ТУМАНОТИ БЕРУНИГАЛАКТИКИ

galaktika

ТУМАНОТИ БЕРУНИГАЛАКТИКИ, объектҳоеанд, ки дар осмон аз Роҳи каҳкашон дур ҷойгир шудаанд. Туманоти берунигалактикӣ ҳамчуи Роҳи Каҳкашон ё ки Галактика системаи азим ва мустақили ситораҳо буда, андозаашон хеле калонанд (масалан, Туманоти Андромеда). Бинобар ин Туманоти берунигалактикиро галактикаҳо низ меноманд. Масофаҳои байниякдигарии туманоти берунигалактикӣ нисбат ба андозаҳои онҳо хеле калон мебошанд. …

Муфассал »

ТУМАНОТИ ГАЛАКТИКӢ

galaktika

ТУМАНОТИ ГАЛАКТИКӢ, абрҳои азими чангу гази байни ситораҳост, ки ба таркиби Галактика дохил мешаванд. Туманоти галактикии диффузӣ, сайеравӣ, бақияҳои афрӯзиши ситораҳои навтарин ва туманоти галактикии атрофи ситораҳои Волф-Райе мавҷуданд. Соҳаҳои дурахшонтарини партави гази байнисайёрагиро туманоти диффузӣ меноманд. Таркиби туманоти газиро асосан гидроген ташкил мекунад. Дар онҳо гелий, нитроген, оксиген ва …

Муфассал »

ТРИТИЙ

tritiy

ТРИТИЙ (лотинӣ tritium, аз юнонӣ tritos –сеюм), тритий ( ё 3Н), гидрогени вазнин, изотопи бета-радиоактивии гирдроген , ки адади масааш 3 аст. Соли 1934 олимони англис Э. Резерфорд, М.Л. Олифант ва П. Хартек кашф кардаанд. Ядрои атоми тритий аз як протон ва 2 нейтрон иборат аст. Тритий фаъол буда, давраи …

Муфассал »

ТРИТОН

ТРИТОН, радифи сайёраи Нептун, диаметраш қариб 4000 км, масофаи миёна аз маркази сайёра 354 ҳазор км. Соли 1846 астрономи англис У. Ласселл кашф кард. Тритон атрофи Нептунро муқобили самти чархзании сайра давр мезанад.

Муфассал »

ТРИГОНОМЕТРИЯИ СФЕРАВӢ

trigonometry

ТРИГОНОМЕТРИЯИ СФЕРАВӢ, як соҳаи тригонометрияро гуянд, ки вобастагии байни кунҷҳо ва тарафҳои секунҷаҳои сферавиро меомӯзад. Агар А, В, С — кунҷҳо ва а, b, с — тарафҳои муқобили ин кунҷҳо дар секунҷаи сферавии АВС (нигаред расм) бошанд, онгоҳ кунҷҳо ва тарафҳои секунҷаи сферавиро аз рӯи формулаҳои зерин ҳисоб кардан лозим …

Муфассал »

ТРИГОНОМЕТРИЯ

trigonometry

ТРИГОНОМЕТРИЯ (аз юнонӣ trigonon — секунҷа ва ..метрия), як фасли математикаро гӯянд, ки функцияҳои тригонометрӣ ва татбиқи онҳоро дар геометрия меомӯзад. Тригонометрия ҳамвор ё ростхатта ва сферавӣ мешавад. Назарияи функцияҳои тригонометрӣ (гониометрия) ва татбиқи он дар ҳалли секунҷаҳои ҳамвори росткунҷа ва каҷкунҷа предмети таълими мактаби миёна мебошад. Формулаҳои асосии тригонометрияи …

Муфассал »

ТРИБОЭЛЕКТР

triboelektr

ТРИБОЭЛЕКТР (аз юнонӣ tribos— соиш), ҳодисаи аз соиши ду ҷисм ба вуҷуд омадани зарядҳои электрист. Ҳангоми соиши байниҳамдигарии ду диэлектрик, нимноқил ё металлҳои таркиби химиявиашон гуногун (ё таркибашон якхелаю зичиашон гуногун) мушоҳида мешавад. Дар натиҷаи соиши ду ҷисми таркиби химиявиашон якхела ҷисми зичиаш нисбатан зиёд мусбат заряднок мегардад.

Муфассал »