Абдуллоҳ ибни Тоҳир (соли 798, Нишопур – 845, ҳамон ҷо), писари Абутаййиб Тоҳир – сеюмин амири Тоҳириён. Абдуллоҳ пас аз марги бародараш Талҳа ба аморати Хуросон нишаст. Абдуллоҳ дар замони ҳаёти падараш шаҳнаи Бағдод буд. Вай мисли падараш дар фурӯ нишондани нооромиҳои сарзаминҳо ва қиёмҳои мулуки араб[ нақши муассир гузошт. …
Муфассал »Абдуллоҳ ибни Муҳаммад
Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Узайр (соли таваллудаш номаълум – вафоташ тақрибан 997), вазири дарбори Сомониён дар аҳди амир Нӯҳ ибни Мансур. Писари Абумансур Муҳаммада Узайр, ки аз ҷумлаи вузарои амирони сомонӣ буд. Абдуллоҳ ибни Муҳаммад дар натиҷаи зиддиятҳои дохилидарборӣ аз вазифа сабукдуш гарди да, ба Хоразм бадарга шуд. Ба ҷойи …
Муфассал »Абдуллоҳ ибни Мубирак
Абдуллоҳ ибни Мубирак номи пуррааш Абуабдурраҳмон Абдуллоҳ ибни Муборак ал- Ханзалий ал-Марвазӣ (736-797), олими энсиклопедист, суфии машҳур, муҳаддис. Абдуллоҳ ибни Мубирак ба бисёр мамлакатҳо сафар кардааст. Дар Марв барои муҳаддисон ва фақеҳон якчанд работ сохта буд. Доир ба илми тасаввуф, фиқҳ, ҳадис, таъриху наҳв ва тафсир асарҳо эҷод намудааст. Дар …
Муфассал »Абдуллоҳ ибни Масъуд
Абдуллоҳ ибни Масъуд ибни Ғофил ибни Ҳабиби Ҳузалӣ (соли таваллудаш номаълум – вафоташ 652), яке аз саҳобаҳои наздики Муҳаммад (с). Куняаш Абуабдурраҳмон, Ибни Умми Абд ва Ибни Масъуд. Шашумин нафарест, ки дини исломро пазируфт ва аз ин рӯ ӯро Содиси Ситта (Шашуми шаш нафара) мегуфтанд. Мувофиқи ривоёт ӯ дар асари …
Муфассал »Абдуллоҳ ибни Қодир
Абдуллоҳ ибни Қодир Абуҷаъфар (1031 – 1075), халифаи аббосӣ, мулаққаб ба Қоим. Хилофати Бағдод дар замони бӯҳрони сиёсӣ ва иҷтимоӣ, ба дасти Абдуллоҳ гузашт. Аз рӯзҳои аввали хилофаташ ӯ ҷиҳоди зидди шиъаро сарварӣ намуд. Солҳои 1033 – 1036 хуруҷи айёрони Буяро дар Бағдод барҳам дод. Нуфузи Оли Буяро дар Бағдод …
Муфассал »Абдуллоҳ ибни Иброҳим
Абдуллоҳ ибни Иброҳим (1443, Ҳирот – 1451, Самарқанд), султони Самарқанд (1450 – 1451) баъд аз қатли Абдуллатиф. Абдуллоҳ Ибдоҳи набераи Шоҳрух буд ва баъди марги бобояш Форс дар ихтаёри ӯ шуд, лекин дар натаҷаи ҳуҷуми сипоҳиёни Султон Муҳаммад он ҷоро тарк кард. Пас аз қатли Улуғбек, азбаски Абдуллоҳ Ибдоҳим яке …
Муфассал »Абдуллоҳ ибни Аббос
Абдуллоҳ ибни Аббос ибни Абдулмутталиб ибни Ҳошим ибни Абдуманоф (619 – 687), аз муҳаддисон ва муфассирони аввалӣ. Писари амаки Пайғамбар (с), кунияташ Абулаббос, лақабаш «Ҳабрулуммат» (Донишманди уммат). Авлод ва хулафои Аббосиён аз насли Абдуллоҳ мебошанд. Абдуллоҳ ҳангоми вафоти Пайғамбар (с) 13-сола буд, вале бо вуҷуди ин аз ӯ ҳадисҳои бисёре …
Муфассал »Абдуллохӯҷаев Закӣ
Абдуллохӯҷаев Закӣ Ёқубович (12.2.1929, Хуҷанд-25.2.1991,Душанбе), духтури бемори-хоисироятӣ, доктори илми тиб (1967), профессор (1969). Хатмкардаи факултети педиатрии Институти давлатии таббии Тоҷикистон (ИДТТ) ба номи Абуалӣ ибни Сино (1950). Солҳои 1955 – 1960 ассистент ва дотсенти кафедраи бемориҳои сироятии ИДТТ, 1967 – 1968 ҷонишини директор оид ба корҳои илмии Институти эпидемиология ва …
Муфассал »Абдуллозода Хуршед
Абдуллозода Хуршед Файзуллоевич (таваллудаш 25. 9. 1940. Хуҷанд), доктори илми таърих (1990), профессори (1991). Факултети физикаи Институти педагогии Хуҷандро хатм кардааст (1963). Хидмат дар Армияи Советӣ (1963 – 1965), солҳои 1965 – 1990 лаборанти калон, ходими хурд, ходим ва ходими калони илмии Пажуҳишгоҳи астрофизикаи АИ Тоҷикистон буд. Аз соли 1991 …
Муфассал »Абдуллозода Файзулло
Абдуллозода Файзулло (1909, Хуҷанд – 1966, ҳамон ҷо) педагог, Муаллими хизматнишондодаи мактаби РСС Тоҷикистон (1958). Дар мактаби кӯҳна ва мактабҳои шӯравӣ савод омӯхта, аз соли 1927 ба кори омӯзгорӣ шурӯъ кардааст. Хатмкардаи Институти олии педагогӣ-аграрии Тошканд (1932) ва курси назариявии аспирантураӣ Институти забони АИ СССР (1949). Аз рӯзи таъсиси Институти …
Муфассал »