«Абдуллоҳнома» асари таърихӣ. Бо номҳои «Шарафномаи шоҳӣ», «Зафарнома» низ машҳур буда, таълифи Ҳофизи Таниш аст. Воқеаҳои давраи Абдуллоҳхони II (1534 – 1598)- ро дар бар мегирад, ки бо супориши махсуси худи ӯ таълиф ёфтааст. Ба забони тоҷикӣ навишта шудааст. Китоб бояд аз муқаддима, ду мақола – фасл ва хотима иборат …
Муфассал »Абдуллоҳи Шерозӣ
Абдуллоҳи Шерозӣ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), мусаввир ва хаттоти эронӣ (асри 16). Дар бораи ҳаёт ва фаъолияти Абдуллоҳи Шерозӣ маълумоти кофӣ дар даст нест. Дар китобхонаи султон Абулфатҳи Иброҳим ибни Бағром (ҳукмрониаш 1556-1577) ба ҳайси хаттот хидмат мекардааст. Тибқи баъзе маълумоти таърихӣ муддати кӯтоҳе дар Машҳад сукунат доштааст. Бино …
Муфассал »Абдуллоҳи Шаҳобӣ
Абдуллоҳи Шаҳобӣ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), хаттоти форс-тоҷик (асри 16). Дар Казвин умр ба сар бурдааст. Дар айёми ҷавонӣ ба омӯзиши хаттотӣ ва анвои хат пардохта, ин пешаро ба хубӣ аз худ намудааст. Бино ба маълумоти тазкираи «Тӯҳфаи Сомӣ»-и Соммирзои Сафавӣ Абдуллоҳи Шаҳобӣ қобилият ва истеъдоди баланди хаттотӣ дошта, …
Муфассал »Абдуллоҳи Ӯротеппаӣ
Абдуллоҳи Ӯротеппаӣ (соли таваллуд ва вафоти номаълум), хаттоти тоҷик (нимаи аввали асри 19). Аз доираи адабии Истаравшан. Абдуллоҳи Ӯротеппаӣ дар навиштани навъҳои хати настаълики чалй, хафй ва шикаста мумтоз буд. Соли 1814 «Насабиома»-и Амир Хайдар ва 1837 «Тазкират-ул-авлиё»-и Фа- ридуддини Атторро (дар Ӯротеппа) бо хати настаълиқи зебо китобат намуд. Китоб …
Муфассал »Абдуллоҳи Таббоҳ
Абдуллоҳи Таббоҳ маъруф ба Абдуллоҳи Хиравӣ ва мулаққаб ба «Ошпаз» (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), хаттоти форс-тоҷик (асри 15). Абдуллоҳи Таббоҳ дар шаҳри Ҳирот ба дунё омада, дар зодгоҳаш ва Самарқанду Машҳад касби камол кардааст. Дар замони ҳукмронии Шоҳрух Мирзо (1409 – 1447) хаттоти китобхонаи Темуриён буд. Шогирди устод Ҷаъфари …
Муфассал »Абдуллоҳи Сайрафӣ
Абдуллоҳи Сайрафӣ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), хаттоти форс- тоҷик (асри 14). Дар Табрез ба камол расида, дар ҳамон ҷо аз хушнависони номии давр Юсуфи Машҳадйӣ ва Саид Ҳайдар таълим гирифтааст. Дар санъати хаттотии ӯ бештар «сабки ироқӣ» (таъсири Ёқути Мустаъсимӣ) ҳис мешавад. Ӯ яке аз устодони хати сулс, муҳаққақ, …
Муфассал »Абдуллоҳи Муншӣ
Абдуллоҳи Муншӣ ибни Абдулқодир (1796, Малакка – 1854, Макка), нависандаи маорифпарвари Малая ва Индонезия, асосгузори насри бадеӣ ба забони малайӣ. Муншии дарбори ҳукмрони давраш буд. Абдуллоҳи Муншӣ нахустин адиби Малая аст, ки бо маданияти Ғарб шиносоӣ дошта, онро тарғиб кардааст. Ба қалами Абдуллоҳи Муншӣ асарҳои ёддоштию публитсистии «Ҳикоёти Абдуллоҳ» (1849), …
Муфассал »Абдуллоҳи Кулол
Абдуллоҳи Кулол (1815, Риштон -1900), кулол ва кошикори тоҷик. Дар Риштон ва Қӯқанд кор кардааст. Сарвари кулолгарони Фарғона буд. Солҳои 1967 – 1973 дар кошикории намои қароргоҳи Худоёрхон (ҳозираи Музейи кишваршиносии Қӯқанд) иштирок кардааст. Намунаҳои ҳунари Абдуллоҳи Кулол (зарфҳои кулолӣ) дар Музейи давлатии санъати Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Музейи кишваршиносии Қӯқанд …
Муфассал »Абдуллоҳи Котиб
Абдуллоҳи Котиб (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), хаттоти тоҷик (асри 19). Дар Бухоро зистааст. Падараш бо номи Авазбадал Котиби Балхӣ машҳур буд. То замони мо аз Абдуллоҳи Котиб осори бисёри хаттотӣ расидааст. Ӯ «Воқеоти Ҳисомӣ»-и Ҳисомуддин Умари Бухороӣ (1820), «Шарқ-ул- фусул»-и Рукнуддини Шерозӣ (1821), «Чаҳор унсур»-и Бедил (1824), «Анвори Суҳайлӣ»-и …
Муфассал »Абдуллоҳи 3анузӣ
Абдуллоҳи 3анузӣ Бирмуқлӣ (соли таваллудаш номаълум, Маранд-1841, Техҳрон), орифи машҳури аҳди коморияи Эрон. Дар зодгоҳаш сарфу наҳв ва илми маонӣ, фиқҳу усул ва мантиқу каломро омӯхта, барои таҳсил ба Исфаҳон рафт ва дар назди Муллоалии Нурӣ ба омӯзиши ҳикмати илоҳӣ пардохт. Ба шаҳрҳои Наҷаф, Карбало, Қум сафар карда, бо ҳакимону …
Муфассал »