Маълумоти охирин
Главная / Гуногун (страница 376)

Гуногун

Омметр

0

Омметр (аз Ом ва …метр), асбобест барои чен кардани муқовимати фаъоли (омии) электрӣ. Омметр якчанд намуд дорад; мегаомметр, тераом­метр, микроомметр. Ометрро бо андозагираки магнитоэлектрӣ ё логометри магнитоэлектрӣ месозанд. Кори Омметри магнитоэлектрӣ ба чен кардани қувваи ҷараёне асос ёфтааст, ки ҳангоми доимӣ будани шиддати манбаъ аз муқовимати ченшаванда мегузарад. Аз солҳои …

Муфассал »

Омили субъективӣ

0

Омили субъективӣ дар т а ъ р и х, фаъолияти субъект — оммаҳо, синфу партияҳо ва ашхоси ҷудогонаро гӯянд, ки дараҷа ва шаклҳои мухталиф (идеологӣ, сиёсӣ, ташкилотчигӣ)-ро дарбар гирифта, мақсади асосии он тағйир ва ривоҷ додан ё маҳфуз доштани шароитҳои объективии ҷамъият мебошад. Кате­горияи Омили субъективӣ бо категорияи омили  объективӣ …

Муфассал »

Олоти меҳнат

0

Олоти меҳнат, ҷузъи асосяи воситаҳои истеҳсолот: мошин, муҳаррик, асбобҳо ва ғайраро, ки бо ёрии онҳо дар просесси истеҳсолот пред­мети меҳнат ва маҳсулот мебароранд, дар бар мегирад. Олоти меҳнат муҳимтарин ҷузъи таркибии қувваҳои истеҳсолкунанда аст.

Муфассал »

Олоти истеҳсолот

0

Олоти истеҳсолот, олотест (мошин, дастгоҳ, асбобхо ва ғайра), ки бо ёрии онҳо неъматҳои моддӣ истеҳсол карда мешаванд; ҷузъи таркибии воситаҳои истеҳсолот.

Муфассал »

Олоиши радиоактивӣ

0

Олоиши радиоактивии био­сфера, ба организмҳои зинда ва муҳити зисти онҳо (атмосфера, гид­росфера, хок) дохил шудани моддаҳои радиоактивиро гӯянд, ки дар натиҷаи таркишҳои ядроӣ, ба муҳити атроф партофтани партовҳои радиоактивӣ ва ғайра ба вуҷуд меояд. Олоиши радиоактииӣ аз таъсири маҳсулоти тақсимшавии ядроҳо (*°Sr, ,87Сг, 144Cl), нуклидҳои радиоактивӣ (ЭН, 24Na, 59Ғе, “Go), …

Муфассал »

Олия

0

Олия ( муаннаси (Л)—ба­ланд, пурҳашамат, бошукӯҳ), мартабаи баланди шоҳмотбозони асри миёнаи Мовароуннаҳр, Хуросон, Эрон ва баъзе мамлакатҳои араб; устоди бузурги бозии шатранҷ, ки бо мафҳуми гроссмейстери имрӯза тақ- рибан ҳаммаъност. Истилоҳи «Олия» дар Осиёи Миёна баъди истилои араб пайдо шуда, асрҳои 8—9 маъмул гашт ва ҷои истилоҳи пештараи устоди беҳбозрогирифт. …

Муфассал »

Олимпиада

0

Олимпиада (юнонӣ olympias), 1) мусобиқаҳоест, ки дар шаҳри Олимпияи Юнони Қадим дар дар 4 сол гузаронида мешуданд (нигаред Бозиҳои олим­пӣ). Ҳисоби вақтро муаррих Тиме муайян кардааст. Соли 776 то милод соли нахустини Олимпмада ҳисоб меёбад. 2) Дар ҳаракати олимпии ҳозиразамон дар давоми 4 сол гузаронидани мусобақае, ки дар соли якуми …

Муфассал »

Олигофагия

0

Олигофагия (аз олиго… ва юн. phag6in — хӯрдан, ҳарисона хӯрдан), қобилияти навъи ками хӯрокро хӯрдани хайвонот (олигофагҳо) Олигофагия ба монофагия (хӯрдани фақат як навъи хӯрок) ва полифагия (хӯрда­ни навъҳои зиёди хӯрок) муқобил гузошта мешавад. Олигофагия ба ҳашарот ва бандпойҳои дигар — тортанакҳо, канақо, харчангшаклҳо хос буда, дар байни кирмҳо, нармбаданҳо, …

Муфассал »