Маълумоти охирин
Главная / Гуногун (страница 337)

Гуногун

БОЗПЕЧ

bozpech

БОЗПЕЧ, 1. Як навъ шаддаи муҳра ё шаба аст, ки барои бозии тифл онро дар чӯби гаҳвора меовезанд. Бозпеч маъмулан аз муҳраҳои якранг ё гуногуни ҷилодору назаррабо, ки ба риштаи тофташуда гузаронида шудаанд, таҳия мешавад. Бозпечро, одатан, модар ё момодоя дар дастаи гаҳвора болои сари кӯдак барои бозӣ ва оромкунӣ …

Муфассал »

БОЗОРОВ Неъмат Исмоилович

images

БОЗОРОВ Неъмат Исмоилович (таваллуд 1.4.1954, Деҳнави вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон), ҷарроҳ-онколог, д. и. тиб (1998), профессор (2001). Хатмкар­даи факултаи муолиҷавии Институти давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино (1977). Ҷарроҳ-онкологи Диспансери клиникии онкологии ҷумҳуриявӣ (1977-81), ординатори клиникии кафедраи бемориҳои гӯшу гулӯ ва бинии Институти маркази такмили ихтисоси духтурони шаҳри …

Муфассал »

БОЗОРОВ Мурод Аҳмадҷонович

images

БОЗОРОВ Мурод Аҳмадҷонович (таваллуд 29.6.1957, ноҳияи Марҳамати вилояти Андиҷони Ӯзбекистон), байтор, д. и. байторӣ (1994). Хатмкардаи Институти кишоварзии шаҳри Ивановои Руссия (1984). Байторӣ калони Филиали осиёимиёнагии Институти таҳқиқоти илмии умумииттифоқии оқсили Душанбе (1984-86), сарбайтор (1986-87), аспирант (1987-89) ва ходими илмии Институти таҳқиқоти илмии умумииттифоқии оқсили шаҳри Владимири Федератсияи Руссия (1989-90), …

Муфассал »

БОЗОРОВ

images

БОЗОРОВ Мирзоқул (1907, деҳаи Заркӯҳи ноҳияи Исфара – 14.5.1974, ҳамон ҷо), пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1957), Устоди пахтаи ҶШС Тоҷикистон (1947). Солҳои 1930-34 колхозчии колхози ба номи Сюрупа, 1934-64 раиси колхозҳои «Болшевик», «Пахтакор», «Коммунизм» ва ба номи Свердпови ноҳияи Исфара буд. Аз соли 1964 нафақагири шахсӣ. Депугати Шу­рои Олии ҶШС …

Муфассал »

БОЗОРӢ

bozori

БОЗОРӢ, як навъ ангури пешпазаки маҳаллӣ; селексияи халқист. Токаш серҳосил, 32-34 дарсади навдаҳояш ҳосилдеҳ. Баргаш гирдаи панҷпарра, камчоки бепашмак, рангаш сабзи баланд. Аввали май гул карда, аввали июн мепазад. Гулаш дуҷинса, хушааш миёнаҳаҷми махрутшақл (дарозиаш 16 см, бараш 12 см), вазнаш 156-189 ғайра. Ғужбаш миёнаҳаҷми лунда, сиёҳи бу- нафш, 1-2 …

Муфассал »

БОЗИЧА

bozicha

БОЗИЧА, ашё барои бозии бачаҳо мисли лухтак, тӯб, камонак, мошинча, образҳои ҳайвонот ва парандаҳои аз чӯб ва лой сохташуда ва ғайра. Бозичаҳо дастӣ ва истеҳсолӣ мешаванд. Онҳоро аз чӯб, лой, охан, пластмасса ва ғайра месозанд. Аз рӯйи истифода Бозичаҳо сенсорӣ, образнок, истеҳсолӣ, техникӣ, ҷамъиятӣ-маишӣ ва ғайра мешаванд. Бозичахо ба тарбияи …

Муфассал »

БОЗИИ МУКОТИБАӢ

bozii-mukotibai

БОЗИИ МУКОТИБАӢ, яке аз намудҳои хеле маъмулӣ бозиҳои ғоибона дар шоҳмот, ки ҳарифон гаштҳои худро бевосита аз тариқи почта ирсол медоранд. Бозии мукотибаӣ бори нахуст соли 1694 дар китоби шарқшиноси англис Т. Хайда «Дар боби бозиҳои шарқиён» ёдоварӣ шудааст. Ӯ менависад: «Шунидам бозаргонони венетсиягию хорва­тӣ, ки дар дуриҳои дур аз …

Муфассал »

БОЗИИ БАРҚОСО

blitz

БОЗИИ БАРҚОСО, блитс (аз олмонӣ Blitz – барқ), як навъи бозии шоҳмот, ки ҳангоми он бар хилофи бозиҳои маъмулӣ ва расмӣ (1-3 соат тӯл мекашад) барои ҳар тараф аз 3 то 5 дақиқа вақт дода мешавад. Қавонини ин бозӣ маъмулиянд, ба ҷуз чанд вижагии муқарраршуда. Нахустин мусобиқаи Бозии барқосо дар …

Муфассал »

БОЗДОРӢ

bozdori

БОЗДОРӢ навъи сайд бо парандагони шикорӣ. Истилоҳи «Боздорӣ» аз калимаи «боз» пайдо шудааст. Дар сартосари Ховарзамин аз қадимулайём аҳли фан нисбат ба дигар парандагони шикорӣ ба боз (ё шоҳбоз) таваҷҷуҳи бештар доштанд. Боз парандаи бумии Осиёи Марказӣ буд ва фанни шикор бо паранда аз ҳамин боз падид омадааст. Бинобар ин …

Муфассал »

БОЗ

boz

БОЗ воҳиди тӯл, ки баробар аст ба: 1) андозаи сари ангуштон то оринҷ; 2) андозаи кушодагии ду даст, вақте ки аз ҳамдигар кушода бошанд; 3) миқдори аз даст мобайни сарангушти хурд ва  ангушти шаст, ваҷаб.

Муфассал »