БОККАЧО Ҷовани (1313, Порис – 21.12.1375, Черталдо, наздики Флоренсия), нависандаи итолиёӣ. Яке аз нахустин намояндагони адабиёти инсондустии давраи Эҳё. Достонҳои Боккачо «Шикори Диана» (1334), «Филоколо» (1330), «Филострато» (1338), «Тесеида» (1339-1341), оид ба муборизаи Тесей ба муқобили амазонкаҳо) ва ғайра, романи «Филоколо» – иборат аз 5 китоб (1336) дар таъсири адабиёти …
Муфассал »БОКӢ Мулло Теҳронхоҷа ибни Мулло Муҳаммад Боқирхоҷа
БОКӢ Мулло Теҳронхоҷа ибни Мулло Муҳаммад Боқирхоҷа мутахаллис ба Бебок, шоири тоҷик (асри 19). Мувофиқи маълумоти тазкиранигорон Абдӣ ва Муҳтарам Боқӣ аз акобирзодагони Бухоро буда, нисбаташ ба Амир Исмоили Сомонӣ мерасидааст. Дар назди олимону фозилон илмҳои мутадовилаи даврро ба хубӣ аз худ намуда, чун шахси донишманд шуҳрат ёфт. Ба тасаввуф, …
Муфассал »БОЙҶУВОРӢ
БОЙҶУВОРӢ, бойдарвеш, навъи ҷувории сафед. Асосан барои дону силос кишт мекунанд. Донаш сафед (вазни 1000-тоаш 38-45 г). Баъди 130 – 135 рӯзи кишт мепазад. Барои силос баъди 115 – 120 рӯз медараванд. Дар 2 дарав аз ҳар га то 1000 сентнер баргу пояи силосбоб ва 60-65 сентнер дон гирифтан мумкин …
Муфассал »БОЙСУНҚУР
БОЙСУНҚУР, Бойсунқур, Бойсунқар (16.9.1397, Ҳирот – 20.12.1433, ҳамон ҷо), аз асилзодагони сулолаи Темуриён. Писари Шоҳрух, набераи Темур, бародари Улуғбек, Ҳокими виллоятҳои Мозандарон, Астаробод ва Ҷурҷон (1414), баъд вазири падараш – Шоҳрух (1416-20) буд. Ҳокими Эрону Озарбойҷон (1420) ва Астаробод (1431). Ҳангоми сафарҳои Шоҳрух вазифаи муовинии ӯро адо мекард. Бойсунқур шахси …
Муфассал »БОЙСУНҒУРӢ Ҷаъфар ибни Алии Табрезӣ
БОЙСУНҒУРӢ Ҷаъфар ибни Алии Табрезӣ (номаълум), хаттоти форс-тоҷик, яке аз нахустин устодони хатти настаълиқ дар асри 15. Аслан аз мардумӣ Табрез буд, вале ба сабаби иқомати тулонӣ дар Хирот ба Ҳиравӣ машҳур шудааст. Баъдан аз Хирот ба Мовароуннаҳр сафар карда, се сол дар Балх монд, сипас ба Хоразм рафт, як …
Муфассал »БОЙСУНҒУР МИРЗО
БОЙСУНҒУР МИРЗО фарзанди Маҳмуд ибни Ахмад ибни Абусаиди Гургонӣ (номаълум), ҳокими ноҳияи Бадахшон (ҳукмронӣ 1474-1495). Шахси бофазлу дониш буда, шеър мегуфт ва дар шеър «Одилӣ» тахаллус мекард. Дар «Маҷолису-н-нафоис»-и Алишери Навоӣ омадааст, ки Султоналии Машҳадӣ покизагии хатти настаълиқи вайро ситудааст. Аз осори ӯ қитъае дар мураққаи Баҳром Мирзо дар китобхонаи …
Муфассал »БОЙС Мэри Нора Элизабет
БОЙС Мэри Нора Элизабет (2.8.1920, Дорҷилинг, Ҳиндустон – 2006, Лондон, Англия), олими эроншиноси Британияи Кабир. Падараш дар шаҳри Калкуттаи Ҳиндустон додгустар (судя) буд. Бойс дар Донишгоҳи Кембриҷи Англия улуми бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ омӯхта, аз соли 1944 устоди адабиёти англосаксонӣ ва бостоншиносии Донишгоҳи Лондон буд, ҳамзамон омӯзиши забони форсиро дар назди …
Муфассал »БОЙМУРОДОВ Эшниёз
БОЙМУРОДОВ Эшниёз (4.4.1945, деҳаи Дарбанд, вилояти Сурхондарё, Ҷумҳурии Ӯзбекистон – 30.7.2005, Душанбе), физики тоҷик, доктори илмҳои техникӣ (1999). Баъди хатми Институти давлатии педагогии Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко (1967) фаъолияти илмиашро дар вазифаи ассистенти кафедраи физика оғоз намуда, сипас, дар аспирантураи ҳамин институт таҳсилро давом додааст. Аз соли 1978 …
Муфассал »БОЙМУРОДОВ Равшан
БОЙМУРОДОВ Равшан (1891 – фавт номаълум), ширкатдори фаъоли барпо ва мустаҳкам намудани Ҳокимияти Шӯравӣ дар Бухорои Шарқӣ. Аз оилаи камбағал. Узви ҳизби коммунистӣ аз соли 1918. Дар арафаи Инқилоби Октябр дар корхонаҳо ва роҳи оҳани Каркӣ кор карда, бо гурӯҳҳои болшевикӣ шинос шуд ва ба ҳаракатхои инқилобӣ пайваст. Солҳои 1917-20 …
Муфассал »БОЙМАТОВА Энаҷон
БОЙМАТОВА Энаҷон (1923, деҳаи Пулодони ноҳияи Конибодом – 17.1.2011, ҳамон ҷо), пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1960). Устоди пахтаи ҶШС Тоҷикистон (1907). Фаъолияти меҳнатиашро солҳои 1935-42 аз колхозчии одӣ шурӯъ намуд. Солҳои 1943-56 сардори бригадаи пахтакорӣ ва аз соли 1957 раиси колхози «Москва»-и ноҳияи Конибодом буд. Саҳми Бойматова дар рушди пахтакорӣ, …
Муфассал »