Маълумоти охирин
Главная / Гуногун (страница 330)

Гуногун

БОНДАРЕВ Юрий Василевич

bondarev

БОНДАРЕВ Юрий Василевич (таваллуд 15.3.1924, шаҳри Орски вилояти Оренбург), нависандаи рус. Ширкатку­нандаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-45) аз августи 1942. Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1984). Хатмкардаи Институти адабиёти ба номи М. Горкий (1951). Ҳикояҳои нахустинаш соли 1949 дар матбуот чоп шуда­анд. Маҷмӯаи нахустинаш – «Дар дарёи калон» (1953), повести нахустинаш – «Командирони …

Муфассал »

БОНГАРД-ЛЕВИН Григорий Максимович

bongard-levin-grigorij-maksimovich

БОНГАРД-ЛЕВИН Григорий Максимович (таваллуд 26.08. 1933, Маскав), яке аз муаррихон ва шарқшиносони рус. Дар оилаи кормаиди илмӣ таваллуд шудааст. Хат­мкардаи факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. В. Ломоносов (1956). Аз соли 1956 корманди илмии Институти шарқшиносии АИ ИҶШС. Роҷеъ ба таъри­хи пайдоиш ва умури идории империяи маврҳо, хусу­сиятҳои …

Муфассал »

БОМБААФКАН

bombaafkan

БОМБААФКАН, бомбапарто, бомбаандоз, ҳавопаймоҳои ҳарбӣ барои маҳв кардани ҳадафҳои рӯйизаминӣ, зеризаминӣ, рӯйиобӣ, зериобӣ ва минагузорӣ аз ҳаво. Бомбаафкан қабл аз оғози Ҷанги якуми ҷаҳонӣ (1914-18) пайдо шудааст. Аввал самолётҳои сабуки иктишофи (разведкакунанда)-ро чун Бомбаафкан истифода мебурданд. Дар дохили онҳо фақат чанд бомбаи хурд ҷойгир мешуд ва бомбаҳоро ҳавонавардон бо даст …

Муфассал »

БОМБАБОРОН

bombaboron

БОМБАБОРОН, амал ё аксуламали тахрибӣ, ки дар вақти муҳориба аз тарафи тааррузкунандагон ё мудофиагарон бо мақсади саркӯб кардани ҳамдигар ва расидан ба ҳадафҳои низомӣ иҷро мегардад. Дар Бомбарон барои ҳадафи мушаххас бомбаи махсус (нигар Бомба) истифода мешавад. Бомбаронро барои анҷом додани корҳое, ки аз нерӯи инсон ва ҳатто мошин болотар …

Муфассал »

БОМАХРАМА Абумахрама

hadis

БОМАХРАМА Абумахрама, хонадони донишмандоне аз аҳли Ҳазрамавти Яман дар асрҳои 15-16. Намоёнтарин аъзои ин хонадон, ки дар фиқҳ, ҳадис, таърих, шеър ва тасаввуф номоваранд, инҳо мебошанд: Абутаййиб Афифуддин Абдуллоҳ ибни Аҳмади Ҳимярии Шайбонӣ (1430-1498), фақеҳ ва адиб. Бинобар дониши густарда ва сароҳати гуфтор мавриди алоқа ва эҳтироми оммаву хосса, аз …

Муфассал »

БОМАС

bromus

БОМАС (Bromus), бомус, рустаниест як-ду ва бисёрсолаи хӯшадор. Пояаш шахшӯли муякдор ё бемуяки борик буда, 5-120 см қад мекашад; хӯшагулаш ҷорӯбакшакл аст. Апрел-июл гул карда, баъдтар тухм мебандад. Бомас қариб дар ҳама ҷо мерӯяд; дар кӯҳҳо дар баландиҳои 2500-3000 м аз с. б. дучор меояд. Хусусан дар ҷойҳои камхок – …

Муфассал »

БОМ

bom

БОМ, ҷузви меъморӣ, қисми болопӯши биноҳои иқоматӣ ва маъмурию фарҳангӣ. Навъҳои бом вобаста ба иқлиму шароити ҷуғрофӣ, масолеҳи сохтмон ва мувофиқи тақозои санъати меъморию таъйинот гуногун меша­ванд. Шаклҳои маъмултарини бом: боми ҳамвор, боми якнишеба, боми дунишеба ва ғайра. Дар Осиёи Марказӣ пештар аксар биноҳои похсагӣ ва синҷиро бо бом мепӯшонданд. …

Муфассал »

БОЛУЙ

boluy

БОЛУЙ, Болуйӣ (мансуб ба Болуя), нисбати шуморе аз муҳаддисони хонадони Болуя дар Нишопур (асрҳои 10-12), ки ғолибан ба адолат ва васоқат (боэътимодӣ) машҳур буда, номашон дар китобҳои риҷоли ҳадис ва тазкираҳои ҳофизони ҳадис мазкур аст. Маъруфтарин муҳаддисони Болуй: 1) Абубакри Болуй, Муҳаммад ибни Аҳмад ибни Болуяи Ҷуллоб (880-952). Аз муҳаддисоне …

Муфассал »

БОЛТАЕВА Шакар

images

БОЛТАЕВА Шакар (16.6,1940, деҳаи Хушодии ноҳияи Шаҳритуз – 5.5.2001, ҳамон ҷо), пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1971). Солҳои 1956-60 колхозчӣ, 1961- 62 ҷонишини раиси колхоз, 1963-65 мудири боғча, 1965- 90 сардори бригадаи пахтакории колхози «Ленинград»-и ноҳияи Шаҳритуз буд. Бо 2 ордени Ленин, медалҳо ва Грамотаи Фахрии Президиуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Шӯравии …

Муфассал »

БОЛТ

bolt

БОЛТ (олмонӣ bolte), ҷузъи насбии устувонашакл, ки як нӯги он сарак ва нӯги дигараш печ дошта, барои пайваст кардани қисмҳои ҷудогонаи мошину таҷҳизот истифода мешавад. Саракҳои Болт хеле гуногунанд: 1) шашрӯя, 2) мураббаъ, 3) нимгирд, 4) дугӯша, 5) ҳалқадор, 6) устувонашакл, 7) ниҳон, 8) нимниҳон ва ғайра. Болт аз сарак …

Муфассал »