Маълумоти охирин

БОМАС

bromusБОМАС (Bromus), бомус, рустаниест як-ду ва бисёрсолаи хӯшадор. Пояаш шахшӯли муякдор ё бемуяки борик буда, 5-120 см қад мекашад; хӯшагулаш ҷорӯбакшакл аст. Апрел-июл гул карда, баъдтар тухм мебандад. Бомас қариб дар ҳама ҷо мерӯяд; дар кӯҳҳо дар баландиҳои 2500-3000 м аз с. б. дучор меояд. Хусусан дар ҷойҳои камхок – заминҳои санглох, шағалзори соҳили дарёҳо, нишебихои кӯҳҳо нағз нумӯ меёбад. Хӯроки хуби чорвост. Дар Тоҷикистон 9 намуди Бомас (Bromus oxyodon, Bromus japonicus, Bromus sgyarrosus, Bromus danthoniae, Bromus macrostachys, Bromus scoparius, Bromus popovii, Bromus severtzovii, Bromus lanceolatus) вомехурад. Чун хӯроки чорво фақат 6 намуди Бомас омӯхта шудааст: Вromus severtzovii 25-65 см қад мекашад; баргаш борики дароз (бараш 4-8 мм), хӯшагулаш кутоҳ. Дар заминҳои корам алафи бегона ҳисоб мешавад. Bromus oxyodon то 30-75 см қад мекашад. Барги дарози борик (бараш 3-9 мм), хӯшагули калон (дарозиаш то 20 см)-и ҷорӯбакмонанд ва саракҳои хурд дорад. Дар боғот, заминҳои партову кишти тирамоҳӣ чун алафи бегона дучор меояд. Рустании серғизо ва хӯроки хуби чорво мебошад. Bromus lanceolatus пояи хамида (дарозиаш 25-80 см), барги дарозрӯя (бараш 3-8 мм) ва хӯшагули зич дорад. Дар киштзор, боғот ва заминҳои партов алафи бегона аст. Онро то тухмбандӣ чорво нағз мехурад. Bromus danthoniae то 25-45 см қад мекашад; пояаш серпашмак, баргаш дарозрӯя (бараш 2-4 мм), хӯшагулаш калон (дарозиаш 9-14 см), 3-4 сарак дорад. Дар заминҳои партов, кишти тирамоҳӣ, канори роҳ мерӯяд. Аз сабаби сахту шахшӯл будани поя онро чорво нагз намехурад. Пояи Bromus scoparius хамидаи парешон (баландиаш 10—30 см), баргаш ҳамвори дарозрӯя (бараш 3-5 мм) аст, чорво нағз мехурад. Bromus japonicus пояи каме хамида (то 20-80 см қад мекашад) дорад. Хӯшагулаш калон (дарозиаш 15-20 см) аст. Чун алафи бегона дар киштзори тирамоҳӣ мерӯяд. Ҳангоми нашву оғози хушабандӣ онро чорво нағз мехурад.                

С. Юнусов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …