БОНКИ ЗАМОНАТӢ, бонки махсусе, ки фаъолияти он аз додани кредитҳои замонатӣ, яъне, кредит дар асоси ба гарав мондани амволи ғайриманқул ё харидани он иборат аст. Қарзҳои Бонки замонатӣ дарозмуҳлат мебошанд. Сарчашмаи маблағи Бонки замонатӣ аз ҳисоби пардохтхои аввалин ва маблағи мизоҷон, хусусан онҳое, ки хоҳиши гирифтани кредити замонатӣ доранд, инчунин …
Муфассал »БОНКИ ДАВЛАТӢ
БОНКИ ДАВЛАТӢ, бонке, ки моликияти давлат буда, онро мақомоти давлатӣ роҳбарӣ мекунад. Бонки давлатӣ марказӣ ва тиҷоратӣ мешавад. Бонкҳои марказии баъзе мамлакатҳо бонкӣ давлатӣ буда, сармоя ва моликияташон мансуб ба давлат аст. Онҳо сиёсату амалиёти худро на барои ба даст овардани фонда, балки дар асоси талаботи иқтисоди миллӣ ба роҳ …
Муфассал »БОНКИ АВРУПОИИ ТАҶДИД ВА РУШД
БОНКИ АВРУПОИИ ТАҶДИД ВА РУШД (англисӣ European Bank for Reconstruction and Development, EBRD), созмони байналмилалии молиявӣ, ки барои рушди иқтисод ва густариши ҳамкориҳои минтақавию ҷаҳонӣ мусоидат мекунад. Бонки аврупоии таҷдид ва рушд бо 29 давлатӣ ҷаҳон аз кишварҳои Аврупои Марказӣ то Осиёи Марказӣ барои амалисозии лоиҳаҳои гуногун, пеш аз ҳама …
Муфассал »БОНКДОРӢ ДАР ТОҶИКИСТОН
«БОНКДОРӢ ДАР ТОҶИКИСТОН», маҷаллаи иттилоотӣ-бонкии Бонкӣ миллии Тоҷикистон. Аз августи 1996 то соли 2008 бо номи «Ахбори Бонкӣ миллии Тоҷикистон» ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр мешуд. Аз августи 2009 ба забони тоҷикӣ бо ин ном ба табъ мерасад. Дар саҳифаҳои «Бонкдорӣ дар Тоҷикистон» бештар матолиби марбут ба низоми бонкӣ …
Муфассал »БОНКДОРИИ МОБИЛӢ
БОНКДОРИИ МОБИЛӢ, истифодаи хидматрасониҳои бонкӣ ба воситаи Интернет ва телефон. Ин намуди бонкӣ охири солҳои 90-уми асри 19 дар ИМА пайдо шуда буд. Минбаъд дар аксари бонкҳои дунёи мутамаддин хидматрасонии Бонки мобилӣ иҷро шудани амалҳои зеринро осон мегардонад: дидани тавозун ва бақияи маблағ дар суратҳисоб, фаъол намудан, ё қатъ намудани …
Муфассал »БОНК-ДИЛЕР
БОНК-ДИЛЕР, бонки тиҷоратӣ, ки дар бозори молия ба фурӯши коғазҳои қиматноки давлатӣ машғул аст.
Муфассал »БОНК
БОНК (аз итал. banco – нимкат, харак; дукони сарроф), муассисаи махсуси молиявиест, ки барои анҷоми корҳои ҷамъоварӣ ва идораи раванди ҳисобу китоби маблағҳои пулӣ, ба муомилот баровардани маблағҳои қарзӣ ва дигар амалиёти молиявӣ таъсис дода мешавад. Бонку бонкдорӣ дар ақсои ҷаҳон, аз ҷумла сарзамини таърихии тоҷикон, собиқаи ғанию тулонӣ дошта, …
Муфассал »БОНИФАСИО Андрес
БОНИФАСИО Андрес (29.11.1863, Манила – 10.51897, Марогондон, музофоти Кавит), яке аз роҳбарони ҷунбиши миллӣ-озодихоҳӣ ва Қаҳрамони миллии Филиппин. Ҳангоми фаъолияти худ дар яке аз ширкатҳои англисӣ дар Манила бо ақидаҳои истиқлолхоҳии X. Рисил ошно шуда, ба Лигаи Филиппин дохил гардид. Ҳамчунин Бонифасио дар ҷунбишҳои истиқлолхоҳӣ ва ислоҳоти сиёсӣ ширкат дошт. …
Муфассал »БОНИТЕТИ БЕША
БОНИТЕТИ БЕША (аз олмонии bonitat, лотинӣ bonitas – хушсифатӣ, хушсифат будан), нишондоди маҳсулнокии беша, ки ба муҳити иқлиму хок вобастагӣ дорад. Бонитети бешаро аз рӯйи баландии миёнаи дарахтон муайян мекунанд, ки барои бозрасии хоҷагӣ ва ташкилу танзими хоҷагии ҷангал муҳим аст. Ҷадвали ба бонитет ҷудо кардани дарахтзорро аввалин бор олими …
Муфассал »БОНДАРЧУК Сергей Фёдорович
БОНДАРЧУК Сергей Фёдорович (20.9.1920, деҳаи Белозёркаи вилояти Херсони Украина – 20.11.1994, Маскав), коргардони кино, ҳунарпеша ва сенариянависи шӯравӣ, Артисти халқии ИҶШС (1952), Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1980). Хатмкардаи Омӯзишгоҳи театрии шаҳри Ростов (1941) ва факултаи актёрии Институти давлатии умумииттифоқии маданияти шаҳри Маскав (1948). Ширкатдори Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-45). Нақши аввалинро дар …
Муфассал »