МУРҒ, мурғи хонагӣ, паррандаест аз қатори мурғиҳо; номи умумии паррандаҳо. Мурғи хонагӣ аз Мурғи ваҳшии банкивӣ (Gallus banki- va) пайдо шудааст. Мурғ сернамудтарин паррандаи хоҷагии қишлоқ мебошад. Мурғро барои тухму гӯшт, пару тибит парвариш мекунанд. Вобаста ба зот Мурғро ба гурӯҳҳои тухмдеҳ (серпушт), гӯшту тухмдеҳ ва гӯштдеҳ чудо мекунанд. Мурғи …
Муфассал »МУРШИД
МУРШИД (арабӣ*~ иршодкунанда, роҳнамо, пир), дар тасаввуф шахсеро гӯянд, ки ба туфайли риёзати бадан, зикри бардавом (хафй ё ҷаҳрӣ), самоу ғизо, сайру сулук, муҷоҳидаю мушоҳида, зӯҳду тақво ва ваҷду ирфон ба дараҷаи шайхӣ ё мартабаи қутбӣ расида, дар ҷараёни тариқат муридонро роҳбарӣ менамояд. Баъзе Муршидҳо сарвари силсилаҳои тасаввуф ё асосгузори …
Муфассал »МУРУРИ ЗАМОН
МУРУРИ ЗАМОН, мафҳумест, ки тафовути воқеии гузаштаю ояндаи ашёву ҳодисотро инъикос намуда, барои мантиқан тасвир кардани просессҳои барнагарданда ёрӣ мерасонад. Қариб ҳамаи қонунҳои физикаи муосир вақти пешраванд а (бо истилоҳи математикӣ — аломати самташ мусбат) ва вақти ақибраванда (аломати самташ манфӣ) -ро аз ҳам фарқ намекунад. Ин чунин маънӣ дорад: …
Муфассал »МУРОҶИАТНОМА БА ХАМАИ МЕҲНАТКАШОНИ МУСУЛМОНИ РОССИЯ ВА ШАРҚ
«МУРОҶИАТНОМА БА ХАМАИ МЕҲНАТКАШОНИ МУСУЛМОНИ РОССИЯ ВА ШАРҚ», ки 20 ноябри 1917 Совети Комиссарони Халқ Республикаи Советии Россия зълон кардааст. Совети Комиссарони Халқ дар ин «Муроҷиатнома» сиёсати озодихоҳона ва сулҳҷӯёнаи худро баён намуда, халқҳои мазлумро даъват кард, ки Револютсияи сотсиалистии Россияро дастгирӣ кунанд. Дар «Муроҷиатнома» аз зулму ситами Россияи подшоҳӣ …
Муфассал »МУРОҶИАТИ ДЕПУТАТ
МУРОҶИАТИ ДЕПУТАТ (арабӣ— бозгашт, баргашта омадан), муроҷиати депутат ба органҳои идоракунии давлат ё шахси мансабдор оид ба масъалаҳои фаъолияти онҳо. Ҷавоб ба муроҷиати депутати халқӣ мумкин аст мавриди муҳокима ва дар ҳолатҳои зарурӣ боиси қабули қарорҳои органи дахлдор гардад. Депутати Совети Олии Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР ҳуқуқ дорад ба …
Муфассал »МУРОҚИБА
МУРОҚИБА, муроқаба (арабӣ мушоҳида, назорат), зинаи ҳиссии маърифат (нигаред Инъикос, Назарияи маърифат). Дар фалсафаи идеалистӣ ду тарзи фаҳмиши Муроқибаро ҷудо кардан мумкин аст, ки ҳар ду бевосита бо мафҳуми интуисия алоқаманданд. Фаҳмиши якум аз Афлотун cap мезанад. Афлотун Муроқибаро ҳамчун маърифати ғайри идеяҳо таъбир менамуд. Фаҳмиши дуюмро И. Кант инкишоф …
Муфассал »МУРОФИАИ ҶИНОЯТӢ
МУРОФИАИ ҶИНОЯТӢ, 1) фаъолияти органҳои тадқиқот, тафтишот, прокуратура ва суд доир ба cap кардан ва ҳал намудани корҳои чиноятӣ. Мурофиаи ҷиноятӣ мувофиқи тартибе, ки ҳуқуқи мурофиаи ҷиноятӣ муқаррар кардааст ва бо воситаю усулҳои пешбинкардаи он гузаронида мешавад. Вазифаи Мурофиаи ҷиноятии советӣ зуд ва пурра ошкор кардани ҷиноят, одилона ҷазо додани …
Муфассал »МУРОФИАИ САККОЮ ВАНСЕТТИ
МУРОФИАИ САККОЮ ВАНСЕТТИ, мурофиаи судии коргарони револютсионери италиявӣ Никола Сакко ва Бартоломео Вансетти, ки дар Штатҳои Муттаҳидаи Америка шуда гузаштааст. Ҳукуматдорони Америка бо баҳонаи он, ки гӯё Н. Сакко ва Б. Вансетти 15 апрели 1920 дар шаҳри Саут-Брейнтр (Массачусетс) кассир ва ду посбони фабрикаи пойафзолро кушта бошанд, айбномаи қалбакӣ тартиб …
Муфассал »МУРОФИАИ НЮРНБЕРГ
МУРОФИАИ НЮРНБЕРГ, мурофиаи судии як гурӯҳ ҷинояткорони асосии ҳарбии фашистӣ. Аз 20 ноябри 1945 то 1 октябри 1946 дар Нюрнберг (Германия) дар Трибунали ҳарбии байналхалқӣ барпо гардид. Ходимони олирутбаи давлатию ҳарбии Германияи фашистӣ, ки зидди сулҳу инсоният сӯиқасд ташкил карда буданд, ба суд дода шуданд: Г. Геринг, Р. Гесс, И. …
Муфассал »МУРОФИАИ МАЪМУРӢ
МУРОФИАИ МАЪМУРӢ, 1) дар маънои васеаш татбиқи нормаҳои маъмурию ҳуқуқӣ ва ҳалли корҳои шахсӣ аз тарафи органҳои иҷроия ва маъмурии ҳокимияти давлатӣ; 2) дар маънои маҳдудаш доираи нормаҳои ҳуқуқии органҳои давлатӣ доир ба ҳалли масъалаҳои маъмурию ҳуқуқӣ. Вазифаи Мурофиаи маъмурии советӣ таъмини қонунияти сотсиалистӣ дар идоракунии давлат, ҳимояи ҳуқуқ ва …
Муфассал »