Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МУРОФИАИ НЮРНБЕРГ

МУРОФИАИ НЮРНБЕРГ

nunbergskiy-prosessМУРОФИАИ НЮРНБЕРГ, мурофиаи судии як гурӯҳ ҷинояткорони асосии ҳарбии фашистӣ. Аз 20 ноябри 1945 то 1 октябри 1946 дар Нюрнберг (Германия) дар Трибунали ҳарбии байналхалқӣ барпо гардид. Ходимони олирутбаи давлатию ҳарбии Гер­манияи фашистӣ, ки зидди сулҳу инсоният сӯиқасд ташкил карда буданд, ба суд дода шуданд: Г. Ге­ринг, Р. Гесс, И. фон Риббентроп, В. Кейтель, Э. Кальтенбруннер, А. Ро­зенберг, Г. Франк, В. Фрик, Ю. Штрейхер, В. Функ, К. Дёниц, Э. Редер, Б< фон Ширах, Ф. Заукель, А. Йодль, А. Зейс-Ипкварт, А. Шпеер, К. фон Нейрат, Г. Фриче, Г. Шахт, Р. Лей (то саршавии мурофиа ху­дашро овехт), Г. Крупп (бемори табобатнашаванда дониста шуда, ко­ри ҷиноятиаш нигоҳ дошта шуд), М. Борман (аз сабаби ғайб зада, дастгир нашуданаш ғоибона суд карда шуд), Ф. фон Папел. Дар ҳамин суд масъалаи ҷинояткор шумурдани ташкилотҳои фашистии Германия: ҳайати роҳбарикунандаи партияи насионал-сотсиалистӣ, от­рядҳои штурм (СА) ва муҳофизаткунандаи партияи натсионал-сотсиа­листӣ (СС), хизмати бехатарӣ (СД), полисиям махфии давлатӣ (геста­по), кабинети давлатӣ ва штаби ге­нералӣ низ муҳокима шуд. Дар давраи мурофиа 403 маҷлиси кушоди судӣ барпо гардид, ки дар онҳо 116 шоҳид пурсида, баёноти бешумори хаттӣ ва ҳуҷҷатҳои далелнок муҳо­кима шуданд.

Барои координасияи фаъолияти тафтишотӣ ва айбдоркуниро дастгирӣ кардан аз айбдоркунандагони асосӣ комитет ташкил карда шуд: аз Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР (Р. А. Руденко), Штатҳои Муттаҳидаи Америка (Ро­берт X. Ҷэксон), аз Британияи Кабир (X. Шоукросс) ва аз Франсия (Ф. де Ментон,, баъд Ш. де Риб).

30 сентябри— 1 октябри 1946 ҳукмнома эълон шуд. Ҳамаи айбдоршудагон (ғайр аз Шахт, Фриче ва Ф. фон Папен) гунаҳгор ҳисоб шуданд. Г. Геринг, И. фон Риббентроп, В. Кей­тель, Э. Кальтенбруннер, А. Розен­берг, Г. Франк, В. Фрик, Ю. Штрей­хер, Ф. Заукель, А. Йодль, А. Зейс- Инкварт ва М. Борман (гоибона) ба қатл, Р. Гесс, В. Функ ва Э. Редер ба ҳабси якумра, Б. Дон Ширах ва А. Шпеер 20 сол, К. фон Нейрат — 15 сол, К. Дёниц 10-сол ба ҳабс маҳкум шуданд. Трибунал СС, гестапо, СД ва ҳайати роҳбарику­нандаи партияи насистиро ташки­лотҳои ҷиноятӣ эътироф кард. Аъзои Трибунал аз Иттифоқи Ркспубликаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР доир ба сафед кардани Шахт, Фриче, Папен ва ташкилоти ҷиноятӣ эътироф нашудани штаби генералию кабинети вазирон норозигии махсус изҳор кард. Дархости маҳкумшудагон оид ба афвкунӣ аз тарафи Советӣ назорат рад шуда, шаби 16 октябри 1946 ҳукмномаи қатл иҷро шуд (Г. Ге­ринг то вақти иҷрои ҳукмнома худро кушт).

Мурофиаи Нюрнберг дар таърих аввалин суди байналхалқиест, ки таҷовузро ҷинояти вазнинтарин шуморида, ходимони давлатиро дар тайёр, cap кар­дан ва бурдани ҷангҳои таҷовузкорона чун ҷинояткорон ҷазо додааст.

Принсипҳои дар Устави трибунал қайдшудаи ҳуқуқи байналхалқиро Ассамблеяи Генералии Ташкилоти Давдатҳои Муттаҳида 11 декабри 1946 тасдиқ кард.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …