МУСОРГСКИЙ Модест Петрович (21. 3. 1839, деҳаи Карево, ҳозира pайони Торпеси вилояти Калинин — 28. 3. 1881, Петербург), бастакори рус. Мусиқиро дар 6-солагӣ аз модараш омӯхтааст. Соли 1849 ба Петербург рафта, дар мактаби Петропавловск, 1852—56 дар Мактаби подпрапоршикҳои гвардия таҳсил намудааст (дар айни замон) аз пианинонавоз А. А. Герке дарси …
Муфассал »МУСОМУХАММАДОВ Ризомат
МУСОМУХАММАДОВ Ризомат (таваллуд 25. 2. 1881, Тошкент), боғдор, академики фахрии Академияи Фанҳои хоҷагии кишлоқи Республикаи Советии Сотсиалистии Ӯзбекистон (1957—61), Қаҳрамони Меҳнат (1936), Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1962), Соҳибкори Хизматнишондодаи Республикаи Советии Сотсиалистии Ӯзбекистон(1935). Агрономи Хизматнишондодаи Республикаи Советии Сотсиалистии Ӯзбекистон(1971). Аъзои Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ КПСС аз соли 1948. Солҳои 1893—1914 коргари …
Муфассал »МУСОЕВ Абдулло
МУСОЕВ Абдулло (таваллуд 1922, деҳаи Саричашмаи pайони Шӯрообод, вилояти Кӯлоб), иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, донандаи се ордени шараф, ефрейтор. Соли 1943 ба фронт рафта, дар собиқ полки 515-уми тирандозии дивизияи Байрақи Сурхдори 134-уми Вердинск ҷангид. Мусоев барои шуҷоат ва корнамоиҳои ҷангиаш октябри 1944 ордени Шараф (дараҷаи 3), марти 1945 ордени …
Муфассал »МУСОДИРАИ МОЛУ МУЛК
МУСОДИРАИ МОЛУ МУЛК маҷбуран ва бепул ба моликияти давлатӣ гузаронидани қисм ё тамоми молу мулки шахси маҳкумшуда. Мусодираи молу мулк дар ҳуқуқи ҷиноятй ҷазои иловагии шахси маҳкумшуда барои ҷиноятҳои давлатӣ ва гаразноке мебошад, ки дар қонун махсус нишон дода шудааст. Суд ҳуқуқи мусодира кардани тамоми молу мулк ё як онро …
Муфассал »МУСОВОТ
«МУСОВОТ» (арабӣ— баробарӣ), партияи буржуазию миллатчигии аксулинқилобии Озарбойҷон. Соли 1911 дар Боку таҳти унвони «Партияи демократии мусулмонии «Мусовот* бо роҳбарии М. Расулзода, Г. Шарифзода, А. Козимзода ба вуҷуд омад. Программам «Мусовот» дар паноҳи Туркия ташкил кардани давлати ягонаи мусулмон буд. Аммо дар давраи Ҷанги якуми ҷаҳонӣ (1914—18) роҳбарони «Мусовот» мусулмононро …
Муфассал »МУСОБИҚАИ СОЦИАЛИСТӢ
МУСОБИҚАИ СОЦИАЛИСТӢ, ташаббуси эҷодии меҳнаткашони дав-латҳои сотсиалистӣ, ки дар муборизаи бошуурона ва фаъоли коргарону коллективҳо барои дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ба натиҷаҳои беҳтарин ноил шудан зоҳир мегардад; яке аз усулҳои баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат, иштироки меҳнаткашон дар идораи истеҳсолот, тарбияи муносибати коммунистӣ ба меҳнат, қонуни объективии тарзи истеҳсолоти сотсиалистӣ. …
Муфассал »МУСЛА
МУСЛА (арабӣ — ноқисулаъзо кардан), ҷазоест дар мамлакатҳои Шарқи исломӣ иборат аз ноқисулаъзо кардани гунаҳкорон, хусусан дуздон ва ҷинояткорон. Macалан, буридани гӯшу бинӣ, ангӯшт, даст ё дигар уэви бадан. Дар баъзе мамлакатҳои араб ҳозир ҳам ҷорист. Ин гува ҷазо дар аморати Бухоро ҳам буд. X. Пирумшоев.
Муфассал »МУСКАТ
МУСКАТ (Франсавӣ, muscat, лотинӣ muScus — мушк), 1) навъҳои ангури мушкбӯй. Асосан дар Италия, Франсия, Испания, Португалия, Республикаи Демократии Германия, Республикаи Федеративии Германия, Белгия, Англия мерӯяд. Дар Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР асосан дар нодиядои токдории Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия (Ставропол, Краснодар), Украина, Гурҷистон, Озар-бойҷон, Молдавия, Арманистон, Қазоқистон ва …
Муфассал »МУСИЧА
МУСИЧА (Streptopelia), як ҷинси паррандаҳост аз оилаи кафтарҳо. Дарозии танаш 14—30 сантиметр, думаш дароз, пойҳояш кӯтоҳ, дар гарданаш доғи сиёҳ дорад. Параш бӯр ё хокистарранги сурхтоб аст. Дар Европа, Осёб ва Америкаи Шимолӣ паҳн шудааст. Дар Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР 5, аз ҷумла дар Тоҷикистон 3 намудаш (шоҳмусича, Мусичаи …
Муфассал »МУСАЛЛАС
МУСАЛЛАС (арабӣ русиаш Треугольник, лотинӣ Triangulum), бурҷест дар Нимкураи шимолии осмон, тобиши муниртарин ситораҳояш ба 3,0 ва 3,4 қадри ситоравии зоҳирӣ баробар аст. Шароити мусоиди мушоҳида моҳи октябр Аз ҳамаи мавзеъҳои Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР намоён аст. Нигаред Осмон.
Муфассал »