Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МУСОМУХАММАДОВ Ризомат

МУСОМУХАММАДОВ Ризомат

personМУСОМУХАММАДОВ Ризомат (таваллуд 25. 2. 1881, Тошкент), боғдор, академики фахрии Академияи Фанҳои хоҷагии кишлоқи Республикаи Советии Сотсиалистии Ӯзбекистон (1957—61), Қаҳрамони Меҳнат (1936), Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1962), Соҳибкори Хизматнишондодаи Республикаи Советии Сотсиалистии Ӯзбекистон(1935). Агрономи Хизматнишондодаи Республикаи Советии Сотсиалистии Ӯзбекистон(1971). Аъзои Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ КПСС аз соли 1948. Солҳои 1893—1914 коргари фирмаи «Дегрез»-и Тошкент, 1914—22 коргар ва мутахассиси хоҷагии токдории Кенсой, 1922—47 ҳодими Сстансияи токдории Оққовоқи СоюзНИХИ, 1947—50 инструктори боғдории вилояти Тошкент ва аз соли 1950 сарагрономи току боғдории ВХҚ-и Республикаи Советии Сотсиалисти Ӯзбекистон. Мусомуҳаммадов дар инкишофи току боғдорӣ саҳми калон гу-зоштааст. Бо роҳбарии ӯ дар республикаҳои Осиёи Миёна ва Қазоқистон 3250 гектар боғу токзори намунавӣ барпо карда шудааст. Депутати Совети Олии Республикаи Советии Сотсиалистии Ӯзбекистон (даъватҳои 2—5). Лауреати Мукофоти давлатӣ (1952). Бо 3 ордени Ленин, 2 ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, ордени «Нишони Фахрӣ» ва медалҳо (аз ҷумла бо медали тиллои ба номи И. В. Мичурин) мукофотонида шудааст.

Асоа:  Мой опыт получения высоких урожаев винограда, Ташкент, 1959.

Адабиёт: Мирзоев М. М., Жизненный и творческий путь Ризамата Мусамухам-медова, Ташкент, 1961.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …