МУТТАСИЛ (арабӣ— иттисолёфта, васлшуда, пайваст), 1) овозҳои мусиқии паи ҳам омада ва ба ҳам пайвандшударо Муттасил меноманд. Дар но-таи мусиқии ҳозиразамон ин гуна овозҳо бо ибораи «лига* ё худ аломати «1- – — *» ифода мешаванд. 2) Ду овоэи дар як вақт садодиҳанда. А. Низомов.
Муфассал »МУТОИБА
МУТОИБА, м у т о я б a (арабӣ — шӯхӣ, хушгӯӣ), тасвири ҳодисаҳои хандаовари ҳаёт, амалиёт ва фаъолиягти ҳазломези шахсони алоҳида дар адабиёти бадеӣ. Мутоиба бо ҳаҷв хеле қаробат дорад, вале дар миёни ҳаҷву Мутоиба тафовут зиёд аст. Дар Мутоиба тамасхури тунду тез ва истеҳзо дида намешавад. Ҳодиса ва …
Муфассал »МУТАДОРИК
МУТАДОРИК (арабӣ-дарёфтан, дарак додан, пайвастан), номи яке аз бахрҳои аслии (солими) арӯз. Ин баҳрро барои он Мутадорик меноманд, ки рукнҳои ватад ва сабаби онро баъдтар ёфта, ба аркони дигар ҳамроҳ намуданд. Мутадорикро Абулҳасан Ахфаши Балхӣ (вафот 830/33) ихтироъ намуд. Мутадорик дар байни арӯзиёя бо номҳои ракзулхайр (суръатнок) ва савтунноқус (садои …
Муфассал »МУТАВОТИР
МУТАВОТИР (арабӣ— паи ҳам оянда; тордор, симдор), ифодаи созҳои мусиқии торӣ (ё худ зеҳӣ) дар рисолаҳои қадимии мусиқӣ. Аз рӯи таснифоти Ибни Сино ба созҳои Мутавотир барбат, танбӯр, шоҳруд, зуланқо ва ғайра дохил мегарданд. А. Низомов.
Муфассал »МУТАВАЛЛӢ
МУТАВАЛЛӢ (арабӣ— сардор, тасарруф ва тақсимкунандаи вақф), васии мулк, даромад ва тақсимкунандаи вақф. Ба иҷора мондани заминҳои вақф, иҷрои корҳои хоҷагии он низ ба зиммаи Мутаваллӣ буд. Дар Мовароуннаҳр Мутаваллиҳо ба хоҷагиҳои калони феодалӣ ҳукмравоӣ менамуданд.
Муфассал »МУСҲАФӢ Ғуломи Ҳамадонӣ
МУСҲАФӢ Ғуломи Ҳамадонӣ (тақрибан 1750, шаҳри Амроҳа —1824), шоири ҳинду. Ба забонҳои урду ва форсӣ менавишт. Ба ӯ 8 девони ашъорро нисбат додаанд. Ғазал, қасида ва маснавиҳояш дар мавзӯъҳои анъанавӣ эҷод шудаанд. Мусҳафӣ ҳамчун устоди шеър шӯҳрат дорад. Ғазалҳояш рангоранг, услуб ва забонаш содда. Мусҳафӣ муҳаққиқи таърихи адабиёт низ мебошад. …
Муфассал »МУСҲАФ
МУСҲАФ (арабӣ — саҳифашуда, саҳифабандишуда), нусхаи қадимии дастнависи Қуръон. Аввалҳо нусхаи бо фармони халифа Усмон (651) таҳриршударо Мусфаҳ меномиданд. Минбаъд дар байни мусулмонон нус-хаҳои қадимаи Куръонро Мусҳаф меномидагӣ шуданд. Нигаред низ Қуръон.
Муфассал »МУСТАМЛИКАҲО ВА СИЕСАТИ МУСТАМЛИКАДОРЙ
МУСТАМЛИКАҲО ВА СИЕСАТИ МУСТАМЛИКАДОРЙ, мустамликаҳо дар замони капитализм — мамлакат ва террпторияҳое, ки асири сиёсӣ, иқтисодӣ, идеологӣ ва маданин синфхои истисморгари дигар мамлакатҳо (мотрополияҳо) мебошанд. Сиёсати мустамликадорӣ сиёсатест, ки мамлакатҳои сусттараққикарда бо ёрии чораҳои маҷбурии ҳарбию сиёсӣ ва иқтисодии мамлакатҳои муқтадири капиталистӣ бераҳмона истисмор карда мешаванд. Мустамликаҳо чун ҳодисаи муайяни …
Муфассал »МУССОЛИНИ (Mussolini) Бенито
МУССОЛИНИ (Mussolini) Бенито, (29. 7. 1883, Форли — 28. 4. 1945, наз-дикии Донго), сардори партияи фашистӣ ва ҳукумати фашистии Италия (1922—43), ҳукумати лӯхтакмонавди ба ном республикаи Сало (1943—45). Фаъолияти сиёсии худро дар сафи ҳаракати сотсиалистӣ оғоз намуд. Марти 1919 аз ҷумлаи собиқ иштирокчиёни Ҷанги якуми ҷаҳонӣ ташкилоти фашистӣ таъсис намуд. …
Муфассал »МУСРЕПОВ Габит Махмудович
МУСРЕПОВ Габит Махмудович (таваллуд 22. 3. 1902, вилояти Қустанаи Республикаи Советии Сотсиалистии Қазоқистон), нависанда ва ҳодими ҷамъиятии қазоқ, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1974), академики Академияи Фанҳои Республикаи Советии Сотсиалистии Қазоқистон (1958). Аз оилаи деҳқон. Аъзои Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ КПСС аз соли 1926. Дар Институти хоҷагии қишлоқи Омск таҳсил кардааст (1926—27). …
Муфассал »