МАҲРУМ КАРДАН АЗ ОЗОДӢ, як навъи ҷазои ҷиноятиет; ҷинояткор маҷбуран аз ҷамъият ҷудо карда, дар ҷойҳои махсус — ҳабсхонаҳо нигоҳ дошта мешавад. Мувофиқи қонуни ҷиноятии советӣ ин ҷазоро фақат ба шахсе, ки бо ҳукми суд дар содир намудани ҷиноят гунаҳкор дониста шудааст, таъин кардан мумкин аст. Маҳрум ба муддати аз …
Муфассал »МАҲРАМ
МАҲРАМ, деҳаест дар С. к. Эргаш Шарифови pайони Конибодом, вилояти Ленинобод. Терр. к-зи «Коммунизм». Аз М. то маркази С. қ. 6 км, то район 26 км; роҳ асфалтпӯш. Аз деҳа роҳи оҳан Хавос—Андиҷон мегузарад. Аҳолиаш 4200 нафар (1981), асосан тоҷикон. Деҳа мактабҳои миёнаю 8-сола, китобхона, 2 клуб, касалхона, амбулатория, дорухона, …
Муфассал »«МАҲОРАТИ ПЕДАГОГӢ»
«МАҲОРАТИ ПЕДАГОГӢ», газета, органи ректорат, ташкилоти партиявӣ, комсомолӣ ва иттифоқи касабаи Институти давлатии педагогии Ленинобод ба номи С. М. Киров. Аз соли 1965 ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр мешавад. Адади нашр 5100 нусха (1981).
Муфассал »МУЗДИ КОР
МУЗДИ КОР, дар давраи социализм шакли пулии қисми маҳсулоти зарурӣ, ки дар байни коргарону хизматчиён мувофиқи микдору сифати меҳнати сарфшуда тақсим карда мешавад. Музди кори номиналӣ (маблағи пули коргар барои кораш дар давраи муайян) ва ғ салӣ (коргар аз ҳисоби Музди кор худ барои харидани миқдори муайяни мол имконият пайдо …
Муфассал »МУДОФИА
МУДОФИА, мудофиа (ар. — дифоъ кардан, ҳимоя ва тарафдорӣ кардан), навъи ҷанг, ки бо мақсади пешгирӣ кардан ё зада гардонидани ҳуҷуми душман, шикаст расондан ва мавқеъро нигоҳ доштан ва барои ҳуҷум шароит ба вуҷуд овардан ба вуқӯъ меояд. Аксараи қӯшун дар шароити номусоид ё номувофиқии ҳуҷум ба Мудофиа мегузарад. Мудофиа …
Муфассал »МУВОЗИНАТИ СТАТИСТӢ
МУВОЗИНАТИ СТАТИСТӢ, ҳолати системаи статистии сарбастаеро гӯянд, ки дар он қимати миёнаи ҳамаи бузургиҳои физикии ҳолати мазкурро тавсифдиҳанда ба вақт вобаста нестанд. Мувозинати статистӣ яке аз мафҳумҳои асосии физикаи статистист. Ба маънои механикиаш Мувозинати статистӣ мувозинат нест, чунки дар ин маврид ҳам дар система флуктуацияҳои хурд ҷой дорад. Назарияи Мувозинати …
Муфассал »МУВОЗИНА
МУВОЗИНА, Мувозана (ар.— ҳамвазнӣ, баробарвазнӣ), аз санъатҳои лафзии шеъри классикии форс-тоҷик буда, ба санъати тарсеъ монандӣ дорад. Дар санъати Мувозана калимаҳо дар байт муқобили ҳам омада, ҳамвазну баробарҳарф мешаванд, вале аз ҷиҳати қофия, хусусан ҳарфи равӣ, ки унсури асосии қофия аст, мухолифи якдигаранд: Рӯзу шаб маҳрами ту килку давот, Солу …
Муфассал »МУАММО
МУАММО (ар. — пӯшида), каломест, ки бо рамзу ишора аз рӯи қоидаи махсус номеро ифода мекунад. Ишоратҳои маълуму махсуси Муаммо инҳоянд: ҳаммаъно будани калима ба номе, ки ёфтанаш матлуб аст; ҳамшакл будани он калима бо он ном дар назари аввал, қатъи назар аз нуқта ва зеру забар (дар алифбои арабӣ); …
Муфассал »МУАЛЛАҚОТ
МУАЛЛАҚОТ (ар. Ҷамъи «муаллақа» бо унвони Музаҳҳабот (ар. oLjJu —тиллоӣ, заррин) низ машҳуранд, номи ҳафт ва ё нӯҳ манзумаи адабиёти пешазисломии араб. Олимони асрҳои миёна ва давраи нав пайдоиши истилоҳи «муаллақа» ва муносибати онро ба шеър ҳар гуна шарҳ додаанд. Мувофиқи ривоятҳо ин манзумаҳо аз сабаби мақбули хосу ом будан …
Муфассал »МОҲТОБӢ
МОҲТОБӢ, як навъ зардолу. Асосан дар районҳои Айнӣ, Мастчоҳ, инчунин дар Ленинобод, Исфара ва Самарқанду водии Фарғона мерӯяд. Дарахташ калон, сершох, 80—100 сол умр мебинад. Ҳосилаш миёна. Мевааш асосан зардчаи кулула (то 25 г), мағзаш сершираи зардтоб, ширин, асосан барои тархӯрӣ истифода мекунанд. А. Пӯлодов.
Муфассал »