Маълумоти охирин
Главная / Гуногун (страница 294)

Гуногун

МАҶМӮИ ҲИСОБӢ

МАҶМӮИ ҲИСОБӢ, маҷмӯи беинтиҳо, ки элементҳои онро бо ададҳои натуралӣ рақамгузорӣ кардан, яъне байни маҷмӯи мазкур ва маҷ­мӯи ададҳои натуралӣ мутобиқати якқиммата барқарор намудан мумкин аст. Г. Кантор исбот кард, ки маҷмӯи ҳамаи ададҳои рационалӣ ва ҳатто маҷмӯи ҳамаи ададҳои алгебравӣ ҳисобшаванда, вале маҷмӯи ҳамаи ададҳои ҳақиқӣ ҳисобнашавандаанд; ҳар гуна …

Муфассал »

МАҶМӮИ ЗИЧ

МАҶМӮИ ЗИЧ, мафҳуми назарияи маҷмӯъҳо. Агар дар атрофи нуқтаи дилхоҳи маҷмӯи Р нуқтаи маҷ­мӯи М ёфт шавад, маҷмӯи М дар фазои топологӣ маҷмӯи зич номида мешавад. Мас., маҷмӯи ададҳои рационалӣ дар маҷмӯи ҳамаи ададҳои ҳақиқӣ зич аст. Агар Р=М бошад, маҷмӯи Af-po маҷмӯи зичи хос меноманд.

Муфассал »

МАҲСӢ

МАҲСӢ, масҳӣ, пойафзолест тагтунук, бепошна, ки бо калӯш ё кафш пӯшида мешавад. Маҳсӣ аз тагчарм, рӯя, пуштак ва соқ иборат буда, баъзан соқу рӯяшро яклухт бурида медузанд. Ба соқи навъҳои аълосифат гул ҳам медӯзанд. Вобаста ба масолеҳ ҳар хел меноманд: Маҳсии амрикоии (аз чарми лакдодашуда), Маҳсии бедона, Маҳсии хиром, Маҳсии …

Муфассал »

МАҲСУЛОТИ ХОЛИС

МАҲСУЛОТИ ХОЛИС, қисми маҳсулоти умумии бо пул ифодаёфтаи баъди аз ҳамаи арзиши маҳсулоти умумӣ тарк кардани хароҷоти моддӣ дар истеҳсолот боқӣ мемонад. Ба хароҷоти моддӣ арзиши ашёи хоми сарфшуда, масолеҳ, сузишворӣ, қувваи электр, амортизацияи фондҳои асосӣ ва ғ. дохил мешаванд. Маҳсулоти холис қисми арзиши умумии маҳсулот буда, дар натиҷаи аз …

Муфассал »

МАҲСУЛОТИ УМУМӢ

umumi

МАҲСУЛОТИ УМУМӢ, маҳсулоти умумии корхонаи саноатӣ, маҳсулоти умумии саноат, маҳсулоти умумии хоҷагии қишлоқ, нишондиҳандаи статистикии маҳсулоти умумии бо пул ифо­да ёфтаи корхона, соха ва хоҷагии халқ. Маҳсулоти умумӣ дар саноат, хоҷагии қишлоқ сохтмон, нақлиёт, савдо ва таъминоти моддию техникӣ, барои муайян кардани ҳаҷми умумӣ, динамика ва суръати умумии афзоиши истеҳсо­лот …

Муфассал »

МАҲСУЛОТИ НИМТАЙЁР

nimtayor

МАҲСУЛОТИ НИМТАЙЁР, ниммаҳсулот, маҳсулоти меҳнат, ки барои тайёр шудан ба истеъмоли шахсӣ ё истеҳсолӣ, як ё якчанд даври коркардро мегузарад. Маҳсулоти нимтайёрро ба истеҳсоли худӣ ва аз дигар корхона харидашуда тақсим мекунанд. Ба Маҳсулоти нимтайёри истеҳсоли худӣ ҳамаи маҳсулоте, ки пурра тайёр нест ва барои тайёр шудан меҳнати иловагӣ талаб …

Муфассал »

МАҲСУЛОТИ ИЗОФА

izofa

МАҲСУЛОТИ ИЗОФА, маҳсулотест, ки меҳнаткашони соҳаи истеҳсолоти моддӣ зиёда аз маҳсуло­ти зарурӣ истеҳсол мекунанд. Дар шакли арзиши изофа аз худ карда­ни Маҳсулоти изофа, ки бо меҳнати бемузд истеҳсол мешавад, мақсади асосии истеҳсолоти капиталистӣ аст. Капиталистон Маҳсулоти изофаро барои истеъмоли худ ва васеъ намудани истеҳсолот истифода мебаранд. Истеҳсоли Маҳсулоти изофа ва …

Муфассал »

МАҲСУЛОТИ ЗАРУРӢ

mahsulot

МАҲСУЛОТИ ЗАРУРӢ, қисми маҳсулоти ҷамъиятиест, ки коргарони соҳаи истеҳсолоти моддӣ тайёр мекунанд ва он аз нуқтаи назари шароити иҷтимоию иқтисодӣ барои барқарор намудани қобилияти ҷисмонию маънавӣ, ҳаёти муътадили коргар ва аҳли оилаи он зарур аст. Муддати истеҳсоли Маҳсулоти заруриро вақти зарурии кор, меҳнати дар ин давра сарфшударо меҳнати зарурӣ меноманд. …

Муфассал »

МАҲСУЛНОКИИ БИОЛОГӢ

МАҲСУЛНОКИИ БИОЛОГӢ, мафҳуми экологӣ ва умумибиологиест, ки таҷдиди (аз нав барқарор карда­ни) биомассаҳои наботот, микроорганизмҳо ва ҳайвоноти ба экосистема дохилшавандаро ифода мекунад; ба маънои маҳдудаш — таҷдиди ҳайвоноти ваҳшӣ ва набототи худрӯест, ки инсон истифода мебарад. Маҳсулнокии биологӣ дар ҳар як мавриди ҷудогона аз рӯи суръати таҷдиди популяцияҳои намудҳои наботот …

Муфассал »

МАҲРУМ КАРДАН АЗ ҲУҚУҚИ ИШҒОЛ НАМУДАНИ ВАЗИФАИ МУАЯЙН

МАҲРУМ КАРДАН АЗ ҲУҚУҚИ ИШҒОЛ НАМУДАНИ ВАЗИФАИ МУАЯЙН, ё машғул шудан бо фаъолияти муайян, дар ҳуқуқи ҷиноятии соноти навъи ҷазо. Дар суратҳо таъин карда мешавад, ки агар суд аз рӯи хусусияти ҷиноятҳое, ки гунаҳкор дар вақти иҷрои вазифаи муайян ё машғул будан бо фаъолияти муайяи содир кардааст, минбаъд дар ҳамин …

Муфассал »