Маълумоти охирин
Главная / Гуногун (страница 285)

Гуногун

МАДАНИЯТИ ТАГАР

МАДАНИЯТИ ТАГАР, маданияти археологие, ки солҳои 7—3 то м. дар пастхамии Минусинск, pайони Красноярск ва қисми шарқии вилояти Кемерово паҳн гардида буд. Аз ҷазираи Тагари дарёи Енисей ном гирифтааст. Ба Маданияти Тагар яроқҳои навъи скифӣ, афзори асп, дегу оинаҳои биринҷӣ, тасвири муҷассамаҳои ҳайвонот хос аст. Олот ва яроқҳо (ханҷар, пайкон, …

Муфассал »

МАДАНИЯТИ CУЯРҒОН

МАДАНИЯТИ CУЯРҒОН, маданияти археологии асри биринҷӣ (ҳазораи 2 то м.), ки дар ҳудуди Хоразм паҳн шуда буд. Соли 1945 кашф гардидааст. Эҳтимол давоми маданияти Калтаманори давраи неолит буда, бо маданияти Амиробод иваз шудааст. Миёнаи ҳазораи 2 то м. бо маданияти Тозабоғоб баробар инкншоф ёфта, минбаъд ба он ҳамроҳ гардид. Қароргоҳҳои …

Муфассал »

МАДАНИЯТИ СИБСӢ

МАДАНИЯТИ СИБСӢ, як системаи муайяни донишҳои сиёсию ҳуқуқӣ, принцип, метод ва воситаҳои идоракунии ҷамъиятро гӯянд, ки дар қонун, урфу одат ва шуури синфӣ инъикос ёфта, онҳоро гурӯҳу тазаҷаҳои иҷтимоӣ ва шахсони алоҳида дар фаъолияти ҷамъиятию сиёсии худ истифода имебаранд. Мафҳуми «Маданияти сибсӣ» бори нахуст дар осори В. И. Ленин истифода …

Муфассал »

МАДАНИЯТИ МИЛОГРАД

МАДАНИЯТИ МИЛОГРАД, маданияти археологии мансуб ба ҳазораи 1 то м., ки дар ҷануби Белоруссия ва шимоли Украина аз болооби дарёи Горынь то поёноби Десна паҳн буд. Аз димнаи деҳаи Милогради вилояти Гомель ном гирифтааст. Аз осори Маданияти Милоград касабаҳои оддӣ, касабаистеҳкомҳо, қабрҳои дар ҳамворӣ ва пуштаҳо буда боқӣ мондаанд; ба …

Муфассал »

МАДАНИЯТИ МАРКАНСУ

МАДАНИЯТИ МАРКАНСУ, маданияти археологии асри санг, мансуб ба давраи мезолит-неолит (ҳазораҳои 8—5 то м.). В. А. Ранов ва В. А. Жуков солҳои 1956—77 тадқиқ намудаанд. Дар Помири Шарқӣ ва водии Олой паҳн гардидааст. Қароргоҳҳои Маданияти Маркансу дар Помири Шарқӣ дар баландии аз 4200 то 3500 м аз соҳили баҳр воқеанд …

Муфассал »

МАДАНИЯТИ КРИТУ МИКЕН

МАДАНИЯТИ КРИТУ МИКЕН, маданияти Эгей, номи шартии маданияти давраи биринҷии Юнони Қадим (2800—1100 то м.). Аз номи ёдгориҳои Крит ва Микен. Марказҳои асосии Маданияти Криту Микен дар натиҷаи ҳафриёте, ки солҳои 70 асри 19 археологи немис Г. Шлимаи дар Микен ва солҳои 1900— 20 А. Эванс дар ш. Кносс гузарондаанд, …

Муфассал »

МАДАНИЯТИ КОЛХИДА

МАДАНИЯТИ КОЛХИДА, маданияти археологӣ дар Гурҷистони Ғарбӣ, мансуб ба охири асри биринҷӣ ва аввали асри оҳан (асрҳои 13—7 то м.). Қабрҳо, бошишгоҳҳо ва хизонаҳои он машҳуранд. Ба Мданияти Колхида ашьёи биринҷӣ хос буда, дар байни онҳо асбобҳои алоҳидаи фулузӣ низ дида мешаванд. Ҳавзаи дарёи Чорох, Абхозистон ва доманаи қаторакӯҳҳои Рач …

Муфассал »

МАДАНИЯТИ КОБАН

МАДАНИЯТИ КОБАН, маданияти археологии қисми марказии Кавкази Шимолӣ, давраи гузаришро аз асри биринҷӣ ба асри оҳан (байни ҳазораҳои 2—1 — миёнаи ҳазораи 1 то м.) дар бар мегирад. Соли 1869 дар назди деҳаи Кобани Осетияи Шимолӣ ашьёҳои биринҷӣ ёфт шуданд, ки номи Маданияти Кобан аз ҳамин ҷост. Ёдгориҳои Маданияти Кобан …

Муфассал »

МАДАНИЯТИ КИТОӢ

МАДАНИЯТИ КИТОӢ, маданияти археологии давраи неолити Наздибайкал, мансуб ба охири ҳазораи 3—ҳазораи 2 то м. Бори аввал соли 1880 дар натиҷаи тадқиқи қабрҳои соҳили дарёи Китоӣ ёфт шуд ва Маданияти Китоӣ ном гирифт. Аҳолии Маданияти Китоӣ дар давраи ташаккули сохти авлодии падаршоҳӣ зиндагонӣ карда аст. Аз қабрҳои онҳо устухони майитҳои …

Муфассал »

МАДАНИЯТИ КАЯКЁНТУ ХОРОЧОЙ

МАДАНИЯТИ КАЯКЁНТУ ХОРОЧОЙ, маданияти археологии давраҳои охири асри биринҷии (охири ҳазораи 2 — аввали ҳазораи 1 то м.) қабилаҳои Доғистон ва Чечени Шарқӣ. Аввалин ёдгориҳо дар назди стансияи Каякент (РАСС Доғистон) ва десант Хорочой (РАСС Чеченистон.-Ингуш) ёфт шудаанд. Майитҳо дар ҳолати нишаст ё дасту пой кат дар мақбараҳои сангӣ гӯронида …

Муфассал »