МАКАРОВ Степан Осипович (8. 1. 1849, Николаев — 13. 4. 1904, назди Порт-Артур), лашкаркаши флоти рус, уқёнусшинос, тадқиқотчии қутб, киштисоз, вице-адмирал. Аз оилаи офицер. Баъди хатми омӯзишгоҳи баҳрӣ дар киштиҳои оскадран уқёнуси Ором (1865—67), флотҳои Балтика (1869—76) ва баҳри Сиёҳ (1876-79) хизмат кард. Дар ҷанги байни Россия ва Туркия (1877—78) …
Муфассал »Мазут
МАЗУТ, маҳсулоти моеъ, ки баъди аз нефт ҷудо кардани бензин, лигроин, карасин ва фракцияҳои сӯзишвории дизелӣ мемонад; зичиаш 870— 1000 кг/м3 (20°С); гармии сӯзишаш 9100—10000 к ка л/кг; 0,8—3,5% сулфур, 60% зифт, 0,1—0,5% хокистар дорад. Мазутро дар истеҳсоли рағанҳои молиданӣ, битум, кокс ва чун сӯзншворӣ дар дегҳои буғӣ, печҳои гуногуни …
Муфассал »Маев Николай Александрович
МАЕВ Николай Александрович (21.2.1835, Петербург—2. 1. 1896, хамон ҷо), муаррихи рус, муҳаққиқи Осиёи Миёна. Баъди хатми гимназия аз соли 1853 то 1863 дар хизмати ҳарбӣ буд. Солҳои 1861—68 дар журналҳои «Народное чтение», «Грамотей», «Мирский вестник», «Чтение для солдат» ва ғ. кор кард. Солҳои 1870— 92 аввалин муҳаррири рӯзномаи «Туркестанские ведомости» …
Муфассал »МАДРАСАИ АБДУЛАЗИЗХОН
МАДРАСАИ АБДУЛАЗИЗХОН, ёдгории меъмории асри 17 дар Бухоро. Соли 1652 дар аҳди Абдулазизхон сохта шудааст. Дар он анъана ва комёбиҳои санъати меъмории тоҷик истифода шудааст. Мадрасаи Абдулазизхон аз ҷиҳати бандубаст ва ороиш аз мадрасаҳои анъанавии Бухорост. Мадрасаи Абдулазизхон пештоқи калон, гулдастаҳо, ҳуҷраҳои дуошёнаи пешашон равоқбанди, айвонҳои барҳаво ва дарсхонаҳои калон …
Муфассал »МАДРАС
МАДРАС (Madras), шаҳри бандарӣ дар ҷануби Ҳиндустон, дар соҳили халиҷи Бангола. Маркази маъмурии штати Тамилнад. Аҳолиаш 2470 хазор нафар (г1971). Яке аз калонтарин шаҳрҳои Ҳиндустон (баъди Бамбай, Деҳлӣ ва Калкатта). Мадрас—маркази калони саноат, савдо, молия ва маданияти мамлакат. Узели муҳими нақлиёт. Мадрас, кӯчаи Моунтрод. Аэропорташ Минамбаккам ном дорад. Канали киштигард …
Муфассал »МАДОР-УЛ-АФОЗИЛ
«МАДОР-УЛ-АФОЗИЛ» (номи дигараш «Фарҳанги мавлоно Илаҳдоди Сарҳиндӣ»), Фарҳанги тафсирии форсӣ-тоҷикӣ, таълифи Файз ибни Асадулуламо Алишери Сарҳандии Рифъат. Соли таълифаш 1593. «Мадор-ул-афозил» аз 28 боб (мувофиқи миқдори ҳуруфи алифбои арабӣ) иборат буда, калимаҳо аз рӯи ҳарфи аввал (боб) ва аз рӯи ҳарфи охир (фасл) мураттаб шудаанд. Дар: «Мадор-ул-афозил» асосан луғоти тоҷикӣ, …
Муфассал »МАДОРИ
МАДОРИ ҷирми осмонӣ, масири ҷирми осмонӣ дар фазои Кайҳон. Шакли Мадории ҷирми осмонӣ ва суръати ҳаракати он бо қувваи ҷозиба, ничунин бо қувваи фитори рӯшноӣ, қуллаҳои электромагнитӣ, муқовимати муҳит, ки дар он ҳаракат ба амал меояд, қувваҳои мадду ҷазр, қувваҳои реактивӣ (дар мавриди ҳаракати ядрои кометаҳо) ва ғ. муайян мешаванд. …
Муфассал »Шаҳри Мадоин
МАДОИН (юнонӣ Ktesiphon, Тайсафун), шаҳри қадим дар соҳили дарёи Даҷла (наздикии ш. Бағдод дар Ироқ) Аз асри 1 то м. то аввали асри 3 м. қароргоҳи зимистонаи подшоҳони ашконӣ буд. Аз асри 2 м. Мадоинро римиён якчанд маротиба ишғол намудаанд. Аз соли 226/227 м. ба пойтахти давлати Сосониён ва яке …
Муфассал »Деҳаи Мордова дар ноҳияи Панҷакент
МАДОВРА, деҳа дар С. қ. Рӯдакии pайони Панҷакент, вилояти Ленинобод. Терр. колхози ба номи Рӯдакӣ. Аз Мадовра то маркази С. қ. 8 км, то район 66 км. Аҳолиаш 264 нафар (1981), тоҷикон. Деҳа мактаби ҳаштсола, магазин ва осиёб дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ — чорводорӣ ва тамокукорӣ. Заминҳо аз дарёи Уреч …
Муфассал »Деҳаи Мадм дар ҷамоати Урметани ноҳияи Айнӣ
МАДМ, деҳа дар С. қ. Урметани ноҳияи Айнӣ, вилояти Ленинобод. Терр. колхози «Ӯзбекистан». Аз Мадм то маркази С. қ 14 км, то район 48 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 1138 нафар (1981), тоҷикон. Деҳа мактаби миёна, клуб, пункти тиббӣ, шӯъбаи алоқа, устохонаи дуредгарӣ, 2 магазин ва ғ. дорад. Соҳаҳои хоҷагӣ — …
Муфассал »