СЕРТИФИКАТ (франсавӣ sertificat, аз лотинӣ sertifico— тасдиқ мекунам), 1) ҳуҷҷатест, ки фактеро тасдиқ мекунад (масалан, Сертификат оид ба гардиши киштӣ дар баҳр, Сертификати тиббӣ оид ба эмкунӣ ҳангоми сафар ба ягон мамлакат ва ғайра). 2) Номгӯи облигатсияҳои махсуси заёмҳои давлатӣ, масалан, дар СССР Сертификати кассаҳои амонатии меҳнатии давлатӣ (1927). 3) …
Муфассал »СЕРПОКРЫЛОВ Павел Яковлевич
СЕРПОКРЫЛОВ Павел Яковлевич (тав. 29. 11. 1918, райони Елан, вилояти Волгоград), коркуни давлатии советӣ, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1949). Аъзои КПСС аз соли 1943. Соли 1970 Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро хатм кардааст. Солҳои 1930—1934 колхозчии колхози «Спартак», 1934—1939 коргар ва тарозудори анбори ғаллаи Комбинати ордкашии №13-и райони Елан, 1939—1940 мудири анбори …
Муфассал »СЕРЖАНТ
СЕРЖАНТ (франсавӣ sergent , аз лотинӣ serviens— хизматчӣ), унвони ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Советӣ ва дигар мамлакатҳо. Дар Россия аз асри 17 дар полкҳои шакли нав ва армияи рус то соли 1798 рутбаи Сержант вуҷуд дошт. Дар СССР (аз соли 1940) унвонҳои Сержанти хурд, сержант ва Сержанти калон вуҷуд дорад.
Муфассал »СЕРВАНТЕС Сааведра
СЕРВАНТЕС Сааведра (Servantes – Saavedra) Мигел де (09. 10. 1547, Алкала-де-Энарес—23. 04. 1616, Мадрид), нависандаи испанӣ. Аз оилаи ҷарроҳ. Университети Алкала-де-Энаресро хатм кардааст. Соли 1571 дар ҷанги баҳрии байни испанҳою туркҳо иштирок карда, аз дасти чапаш маҳрум шуд. Дар бозгашт ба ватан (1575) ба дасти роҳзанҳои баҳрӣ афтода, 5 сол …
Муфассал »СЕРОВ Валентин Александрович
СЕРОВ Валентин Александрович (19. 01. 1865, Петербург—05. 12. 1911, Москва), рассоми рус. Писари оҳангсоз А. Н. Серов. Назди И. Е. Репин (дар Париж ва Москва) ва дар Академияи Рассомии Петербург (1880—1885 аз П. П.Чистяков) санъати тасвириро омӯхтааст. Эҷодиёти давраи аввали Серов дар зери таъсири осори Репин ва Чистяков ташаккул ёфтааст. …
Муфассал »СЕРЕБРЯКОВА Галина Иосифовна
СЕРЕБРЯКОВА Галина Иосифовна (20. 12. 1905, 30. 06. 1980), нависандаи советии рус. Аъзои КПСС аз соли 1919. Иштирокчии Ҷанги Гражданӣ (1918—1920). Университети давлатии Москваро хатм кардааст (1925). Асарҳояш аз соли 1925 чоп мешаванд. Дар асари сегонаи «Прометей» («Ҷавонии Маркс», китоби 1—2, 1933—1934; тарҷумаи тоҷикӣ 1969; «Рабудани оташ», 1961; тарҷумаи тоҷикӣ …
Муфассал »СЕРЕБРОВ Александр Александрович
СЕРЕБРОВ Александр Александрович (таваллудаш 15. 02. 1944, Москва), лётчик-кайҳоннаварди СССР, Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ (4982). Аъзои КПСС аз соли 1976. Соли 1967 Институти физикаю техникаи Москваро хатм намуд. Солҳои 1967— 1976 дар ҳамин институт бо кори илмӣ машғул буд. Аз соли 1976 дар бюрои конструкторӣ кор мекунад. Дар офариниш ва озмоиши …
Муфассал »СЕРАФИМОВИЧ Александр Серафимович
СЕРАФИМОВИЧ (тахаллалус; фамилия Попов) Александр Серафимович (19. 01. 1863, станисаи Нижнекурмоярск, ҳозира райони Симляни вилояти Ростов—19. 01. 1949, Москва), нависандаи советии рус. Аъзои КПСС аз соли 1918. Солҳои 1883—1887 дар факултети физика ва математикаи университети Петербург хондааст. Ба муносибати сӯиқасди А. И. Улянов ва дигарон бар зидди подшоҳи рус (1887) …
Муфассал »Абера
Абера кист? киро Абера мегӯянд? АБЕРА(фарзанди набера). Дар муносибатҳои гражданӣ ва хешутаборӣ меросхӯри қонунӣ. Абера узви авлодии меросдиҳанда аст. Абера чун набераву дигар аъзои авлод хукуқи меросхӯри қонунии пешниҳодшавандаро дорад. Масалан, дар ҳолатҳое, ки агар фарзанди шахси меросгузор меросро гирифта натавонад, ҳиссае аз онро метавонад Абера ё набера бигирад. Ба …
Муфассал »АБЕЛЯР Пйер
АБЕЛЯР Пйер (1079, Палле – 21.4. 1142, дайри католикии Сен-Марсел), файласуф, илоҳиётшинос ва шоири франсавӣ. Соли 1113 мактаби шахсии худро таъсис дод. Абеляр ба реализми ифротин Гиломи Шампоӣ ва номинализми Росселин зид баромада, таълимоти худро пешниҳод намуд, ки дар он баъзе хусусиятҳои таълимоти Арасту таҷдид шуда, минбаъд бо номи консептуализм …
Муфассал »