СИСТЕМАИ МОЛИЯ, 1) ба маънои васеаш маҷмуи соҳаҳои гуногуни муносибатҳои молиявиро гӯянд, ки тавассути онҳо истифодаи фондҳои пулӣ дар ин ё он форматсияи иҷтимоию иқтисодӣ ба роҳ монда мешаванд. 2) Ба маънои маҳдудаш — системаи муассисаҳои молиявии мамлакат, ки дар ҷараëни таъминоти молиявию кредитӣ ҷамъоварии маблағҳои пулӣ ва тақсими онҳо, …
Муфассал »СИСТЕМАИ ИДОРА
СИСТЕМАИ ИДОРА, маҷмӯи объекти идорашаванда ва тарзи идоракуниест, ки амалиёти он ба нигоҳ доштан ва беҳтар шудани кори объект равона шудааст. Агар объект бе иштироки одам идора карда шавад, ингуна Системаи идора автоматӣ ном дорад. Нигаред Назарияи идораи автоматӣ.
Муфассал »Абрамов Александр Константинович
АБРАМОВ Александр Константинович (28. 8. 1836, губернияи Новгород – 25. 10. 1886, Симферопол), олим ва генерали рус, иштирокчии фаъоли юришҳо ба Осиёи Миёна. Соли 1858 ба батареяи пиёдагарди Сибир гузашта, аз соли I860 дар юришҳои Россия ба Туркистон иштирок кардааст. Дар ишғол намудани қалъаи Пишпек (Бишкеки ҳозира) аз сараш захмӣ …
Муфассал »СИСТЕМАИ ЗИРОАТКОРӢ
СИСТЕМАИ ЗИРОАТКОРӢ, маҷмӯи тадбирҳои ба ҳам алоқаманди технологӣ (агротехникӣ), мелиоративӣ ва ташкилии истифодаи замин, таҷдиду баланд бардоштани ҳосилхезии хокро гӯянд. Нигаред низ Системаи деҳқонӣ.
Муфассал »СИСТЕМАИ ЗАҲБУР
СИСТЕМАИ ЗАҲБУР, системаи заминхушконӣ, шабакаҳои канал, заҳбур ва дигар иншооти гидромеханикист, ки барои хушконидани замини сернам имкон медиҳад. Ҷузъҳои асосии Системаи заҳбур инҳоанд: шабакаҳои танзим, муҳофиз ва обгузароне, ки шабакаи заҳбурро ба вуҷуд меоранд; толоб (дарë, кӯл, баҳр ва ғайра); иншооти гидротехникӣ (обпартоҳо, резишгоҳи каналҳо, стансияҳои насосӣ ва ғайра); шабакаи …
Муфассал »СИСТЕМАИ ДЕҲҚОНӢ
СИСТЕМАИ ДЕҲҚОНӢ, маҷмӯи тадбирҳои ба ҳам алоқаманди технологӣ (агротехникӣ), мелиоративӣ ва ташкилии истифодаи замин, таҷдиду баланд бардоштани ҳосилхезии хокро гӯянд. Системаи деҳқонӣ дар колхозу сохозҳзо як қатор унсурҳои ба ҳам алоқамандро дар бар мегирад: ташкили масоҳати замин ва киштгардон, системаи коркарди хок, системаи нурӣ, тадбирҳои мубориза бо алафҳои бегона, касалиҳо …
Муфассал »Абонент
АБОНЕНТ (франсавӣ abonner – обуна шудан), шахсе (ё муассиса ва таш- килоте), ки ҳуқуқи аз абонемент истифода бурдан дорад.
Муфассал »Абон ибни Абдулҳамиди Лохиқӣ
АБОН ибни Абдулҳамиди Лохиқӣ (соли таваллуд номаълум – вафот 815), шоир ва адиби арабизабони эронинажод. Давраи ҷавонӣ ва таҳсилоташ дар Басра гузаштааст. Баъдан ба Бағдод рафт ва ба махфили адабии вазирони маъруфи эронии Хилофат – Бармакиён пайваст. Абон «Калила ва Димна», «Булухар ва Будосаф», «Китоби Синдбод» («Синдбоднома»), «Сирати Ардашер» («Корномаи …
Муфассал »АБОҚОХОН
АБОҚОХОН (муғулӣ, ба маънои амак; феврали 1234, Муғулистон – 1 апрели 1282, Ҳамадон), писари калонии Ҳалокухон, дуюмин хони муғул аз силсилаи Халокуиёни Эрон. Абоқохон дар лашкаркашии падараш ба Эронзамин (1256) ширкат карда, бахусус дар ҷангҳои зидди Урдаи Заррин (солҳои 1261 – 62) хеле фаъол буд. Дар замони падараш волии Хуросон …
Муфассал »АБОЗИЯ
АБОЗИЯ – ибозия, фиркае аз хавориҷ, ки муассисаш Абдуллох ибни Абози Тамимӣ (асри 8) мебошад. Он яке аз кӯҳантарин фиркаҳо дар байни мусулмонон аст. Ба Абозия гурӯҳи нисбатан хурде шомил буд, вале аз лиҳози таърихӣ ва таълимоташ аҳамияти бузургеро молик мебошад. Абозия пайравони худро аҳли ҳақ ё худ асҳоби даъват ва …
Муфассал »