СКУНХА (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), пешвои «скифҳои кулоҳборик» — қабилаҳои бодиянишине, ки дар қисми шарқии баҳри Каспий ва наздикии баҳри Арал зиндагӣ мекарданд. Мувофиқи маълумоти катибаи Бесутун Дорои I соли 519 то милод ба қӯшуни Скунха ҳуҷум оварда, ӯро асир гирифт ва шахси дигарро пешвои скифҳо таъин намуд. Скунха …
Муфассал »АБУБАКРИ РУБОБӢ
АБУБАКРИ РУБОБӢ (982, Марв – 1020, Ғазна), мусиқидон, навозанда, ҳофиз ва охангсози форсу точик. Асосҳои ибтидоии шеъру мусиқиро дар зодгоҳаш фаро гирифта, сипас барои такмили дониш ва ҳунар ба шаҳрҳои Бухорову Самарқанд рафт. Дар мактаби ҳунарии Бухоро асосҳои назариявӣ ва амалии мусиқиро омӯхт. Муддати зиёде дар Ғазна зист ва сарварии …
Муфассал »СКРЯБИН Александр Николаевич
СКРЯБИН Александр Николаевич (6. 1. 1872, Москва—27. 4. 1915, ҳамон ҷо), бастакор ва пианнионавози рус. Солҳои 1888—92 дар Консерваторияи Москва таҳсил намудааст. Солҳои 1898—1903 профессори консерваторияи мазкур. Солҳои 1904—09 дар хориҷа зистааст. Яке аз бузургтарин намояндагони маданияти охири асри 19 ва ибтидои асри 20 Скрябин асосан барои фортеппано ва мусиқии …
Муфассал »СКРИНСКИЙ Александр Николаевич
СКРИНСКИЙ Александр Николаевич (таваллудаш 15. 1. 1936, Оренбург), физики советӣ, академики АФ СССР (1970; аъзо-корреспондент 1968). Баъди хатми Университети давлатии Москва (1959) дар Институти физикаи ядрои Шӯъбаи Сибирии АФ СССР кор мекунад. Дар айни замон аз соли 1967 профессори Университети давлатии Новосибирск. Асарҳояш асосан ба физикаи энергияҳои баланд ва физикаю …
Муфассал »СКОТТ Дейвид
СКОТТ (Skott) Дейвид (таваллудаш 6. 6. 1932, Сан-Антонио, штати Техас), лётчик – кайҳоннаварди ШМА, полковники ҚҲҲ-и ШМА. Академияи ҳарбии ШМА (Уэст- Пойнт), Институти технология Моссачусет (1962), мактаби эксперименталии лётчик – санҷишгарони ҚҲҲ ва мактаби пилотҳо (барои тадкиқи аэрокайҳон) – ро хатм кардааст. Аз соли 1963 дар гурӯҳи қайҳоннавардони Управденияи миллии …
Муфассал »СКОЧИНСКИЙ Александр Алексавдрович
СКОЧИНСКИЙ Александр Алексавдрович (13. 7. 1874, деҳаи Олёкма, ҳозира РАСС Ёқутутистон— 6. 10. 1960, Москва), олими советӣ дар соҳаи кӯҳкорӣ, академики АФ СССР (1935), Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1954). Корҳои илмии Скочинский асосан ба проблемаҳои аэрологияи конҳо бахшида шудаанд ва масъалаҳои бехатариву ба вуҷуд овардани шароитҳои бароҳати истеҳсолиро ҳангоми коркарди зеризаминии …
Муфассал »СКОТТ Валтер
СКОТТ (Skott) Валтер (15. 8. 1771, Эдинбург—21. 9. 1832, Абботсфорд), нависандаи англис. Аз оилаи ҳуқуқшиноси шотландӣ. Бо тарҷумаи осори адибони немис, ҷамъоварии фолклор машғул шудааст. Скотт асосгузори романи таърихист. «Уэверли» (1814), «Роб Рой» (1818), «Айвенго» (1820), «Кенилворт» (1821), «Квентин Дорвард» (1823), «Вудсток» (1826) беҳтарини романҳои таърихии ӯянд. Чанде аз таълифотк …
Муфассал »АБУБАКРИ КУЛӮЙ
АБУБАКРИ КУЛӮЙ (соли таваллуд номаълум – вафот. 1366, Самарқанд), яке аз роҳбарони шӯриши Сарбадорони «Самарканд». Дар вақти ҳуҷуми муғулҳо ба Мовароуннаҳр амирони Осиёи Миёна Ҳусайн ва Темур дар муҳорибаи назди Чирчиқ шикаст хӯрда ба Балх гурехтанд. Абубакри Кулӯй бо ҳамроҳии Мавлонозода ва Мавлоно Хурдаки Бухороӣ муҳофизати Самарқандро ташкил намуда, хони …
Муфассал »Абубакр Рабеъ ибни Аҳмади Ахавайнии Бухорӣ
АБУБАКР РАБЕЪ ибни Аҳмади Ахавайнии Бухорӣ (соли таваллуд номаълум – вафот тахминан 983/984), табиб. Кунияи ӯро «Абубакр», «Абухаким» зикр кардаанд. Бо номҳои Ахавӣ, Ахавайн, Аҷавайнӣ низ шӯҳрат ёфтааст. Роҷеъ ба рӯзгори Абубакр Рабеъ ахбори саҳеҳе дар даст нест. Аз матни асараш «Ҳидоят- ул-мутааллимин фй-т-тиб» бармеояд, ки Абубакр Рабеъ аз пизишкони …
Муфассал »АБУБАКР МУҲАММАДИ ХУҶАНДӢ,
АБУБАКР МУҲАММАДИ ХУҶАНДӢ, Абубакр Муҳаммад ибни Собит ибни Ҳасан ибни Алии Хуҷандӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоир, донишманди форс-тоҷик (охири асри 11 – ибтидои асри 12). Ба таҳсил дар зодгоҳаш шурӯъ намуд ва баъдан барои омӯзиши илмҳои мутадовили давр ба Самарқанду Бухоро рафт. Пас аз хатми таҳсили Мадраса ба …
Муфассал »