СНЕСАРЕВ Андрей Евгеневич (13. 12. 1865, Старая Калитва, ҳозира райони Россошини вилояти Воронеж — 4. 12. 1937, Москва), ходими ҳарбии рус ва советӣ, Қаҳрамони Меҳнат (1928), олими шарқшинос. Аз оилаи рӯҳонӣ. Факултети математикаи Университети Москва (1888) ва Консерваторияи Москваро хатм намуд; 14 забонро медонист. Академияи штаби генералиро хатм кард. Дар …
Муфассал »СМИСЛОВ Василий Василович
СМИСЛОВ Василий Василович (24. 3. 1921, Москва), шоҳмотбози советӣ, гроссмейстери СССР (1941), Устоди хизматнишондодаи спорт (1948), гроссмейстери байналхалқӣ (1950). Чемпиони СССР (1949) ва ҷаҳон (солҳои 1957—58). Соли 1948 дар мусобиқаи шоҳмотбозон барои гирифтани ҷои якум дар ҷаҳон иштирок кард ва ҷои дуюмро баъди Ботвинник гирифт. Дар ҳайати командаи яккачини …
Муфассал »СМУУЛ Юхан
СМУУЛ (то 1954— Шмуул) Юхан (18. 2. 1922, деҳаи Когуваи ҷазираи Муху—13. 4. 1971, Таллин), нависандаи советии эстон, Нависандаи Халқии РСС Эстония (1965). Аъзои КПСС аз соли 1951. Ашъораш аз ибтидои солҳои 40 нашр шудаанд. Аввалин маҷмӯаи шеърҳояш «Ҷавонии пурмашаққат» (1946). Дар маҷмӯаи шеърҳои «Бригадаи ҷавонон аз Ярвесуу» (1948) ва …
Муфассал »СМОЛНИЙ
СМОЛНИЙ, ёдгории таърихӣ- револютсионӣ ва меъморист дар Ленинград. Бинои собиқ Институти ашрофдухтарон, ки солҳои 1806—08 сохта шудааст. Соли 1917 дар Смолний Совети Петроград ва Комитети ҳарбию револютсионии Петроград ҷойгир буд. Дар рӯзҳои шӯриши мусаллаҳонаи Октябр Смолний штаби марказии қувваҳои револютсионӣ буд. Дар толори калони Смолний 25—27. 10 (7—9. 11) Съезди …
Муфассал »СМОЛСКИЙ Николай Владиславович
СМОЛСКИЙ Николай Владиславович (7. 10. 1905, деҳаи Наровля, губернияи Минск —29. 4. 1976, Минск), ботаники советӣ, доктори илмҳои биологӣ (1967), профессор (1969), академики АФ РСС Тоҷикистон (1951) ва АФ РССБ (1969; аъзо-корреспондент 1956), Ходими Хизматнишондодаи илми РСС Белоруссия (1972). Аъзои КПСС аз соли 1943. Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—45). 1945—55 …
Муфассал »СМОЛИЧЕВ Евгений Петрович
СМОЛИЧЕВ Евгений Петрович (таваллудаш 28. 6. 1921, шаҳри Чернигов, РСС Украина), патофизиологи советӣ, Ходими Хизматнишондодаи Илми РСС Тоҷикистон (1973), доктори илмҳои тиб (1965), профессор (1966). Аъзои КПСС аз соли 1950. Соли 1944 Институти давлатии тиббии Тоҷикистонро хатм кардааст. Солҳои 1944—53 аспирант ва ассистенти кафедраи физиологияи нормалӣ; 1953—56 ассистент ва досенти …
Муфассал »СМИТ Адам
СМИТ Адам (5. 6. 1723, Керколди, Шотландия —17. 7. 1790, Эдинбург), иқтисодчӣ ва файласуфи шотландӣ, намояндаи барҷастаи иқтисоди сиёсии классикии буржуазӣ. Ба туфайли тадқиқотҳои Смит иқтисоди сиёсӣ ба системаи нисбатан тадқиқшудаи донишҳои иқтисодӣ табдил ёфт. Смит назария ва амалияи меркантилизм, муассисаҳои феодалӣ ва хурофотро, ки ба тараққиёти капитализм монеъ мешуданд, …
Муфассал »СМИРНОВА Ольга Михайловна
СМИРНОВА Ольга Михайловна (таваллудаш 24. 7. 1911, Архангелск), актрисаи советӣ, Артисти Халқии РСС Тоҷикистон (1969). Аз оилаи хизматчӣ. Дар студияи истеҳсолии назди Севбаскомвод таҳсил кардааст. Баъди хатми студия солҳои 30 дар Театри тарғиботии «Зубило», Театри коргарии кишварӣ, Театри тамошобини ҷавони Архангелск, Театри драмаи Ставропол (ҳама дар кишвари Отавропол) кор кардааст. …
Муфассал »СМИРНОВА Олга Ивановна
СМИРНОВА Олга Ивановна (15. 3. 1910, Петергоф—1982, Ленинград), эроншинос, мутахассиси таърих, сиккашиносӣ, топографияи таърихӣ ва топонимикаи Суғд. Аз оилаи хизматчии ҳарбӣ. Институти таърих, филология ва забоншиносии Ленинградро (1934) хатм карда, минбаъд дар Эрмитажи Давлатӣ (1934 —35), Институти шарқшиносии АФ СССР (1935—48) ва Университети Ленинград (1945—47) кор кардааст. Соли 1946 …
Муфассал »СМИРНОВ Владимир Иванович
СМИРНОВ Владимир Иванович (10.6.1887, Петербург—11. 2. 1974, Лениград), математики советӣ, академики АФ СССР (1943; аъзо – корреспондент 1932). Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1967). Университети Петроградро хатм кардааст (1910) ва аз соли 1915 профессори ҳамин университет. Солҳои 1912—30 профессори Институти роҳи оҳани Петроград (Ленинград), солҳои 1929— 1935 дар институтҳои сейсмология ва математикаи …
Муфассал »