СОИДӢ Ғуломҳусайн (1935, Табрез—1986), нависандаи эронӣ. Бо тахаллуси Гавҳар Мурод ҳам эҷод кардааст. Факултети тиббии Университети Табрезро хатм кардааст. Новелла ва драмаҳои аввалинаш дар охири солҳои 50 нашр шудаанд. Бештар аз 40 новелла, повест ва драма навиштааст. Дар асарҳои ӯ зиндагии мураккабу пурзиддияти мардуми Эрон инъикос ёфтааст. Қаҳрамонони Соидӣ одамони …
Муфассал »СОИДӢ Хоҷа Ҷалолуддин Муҳаммади Исфаҳонӣ
СОИДӢ Хоҷа Ҷалолуддин Муҳаммади Исфаҳонӣ (соли таваллудаш номаълум — вафаташ 1536), шоири форс- тоҷик. Аз хонадони Соидиëни Исфаҳон. Авлоди ӯ пешвоёни мазҳаби шофеӣ буданд. Соид аз анвои шеъри форсӣ бештар ба ғазал таваҷҷӯҳ доштааст, ки намунаи онҳо дар тазкираҳо масбутанд. Ин байт аз ӯст; Сабре, ки буд андар дилам …
Муфассал »СОИБ Мирзо Муҳаммадалӣ
СОИБ Мирзо Муҳаммадалӣ (1603, Исфаҳон—1677, ҳамон ҷо), шоири эронӣ. Аз оилаи тоҷир. Гузаштагонаш аз Табрез буданд, аз ин рӯ баъзан ӯ бо номи Соиби Табрезӣ ëд мешавад. Дар аҳди Аббоси Кабир оилаи Соиб бо гурӯҳи тоҷирон ба Исфаҳон кӯчонда шуд. Дар Исфаҳон Соиб ба таҳсили илмҳои замон шурӯъ намуд. Ӯ …
Муфассал »Бошишгоҳи СОИ САЙЁД
СОИ САЙЁД, бошишгоҳ, яке аз ëдгориҳои археологии давраи мезолит ва неолит, ки дар соҳили чапи дарëи Вахш воқеъ буд. Соли 1965 археолог А. X. Юсуфов онро кашф намуда, то соли 1972 ҳафриëт гузаронид. Қабатҳои маскуни асри санги Сои Сайëд аз гилреги ғафсиаш 1—3,1 м иборат буда, дар он харобаҳои биноҳо, …
Муфассал »СОЗУ
СОЗУ, ресмони мустаҳкамеро гуянд, ки аз лифи хурмо мебофтаанд.
Муфассал »СОЗИШНОМАҲОИ ЖЕНЕВА
СОЗИШНОМАҲОИ ЖЕНЕВА (1954, доир ба Ҳиндухитой), 26 апре—21 июли 1954 дар маҷлиси машваратии вазирони корҳои хориҷии СССР, РХХ, Британияи Кабир, ШМА ва Франсия оид ба муҳокимаи хушӣ ба хушӣ ҳал намудани масъалаи Корея ва барқарор кардани сулҳ дар Ҳиндухитой (дар муҳокимаи масъалаи Ҳиндухитой намояндагони РХХ, РДВ, Камбоҷа, Лаос ва Ветнами …
Муфассал »СОЗИШНОМАИ МЮНХЕН
СОЗИШНОМАИ МЮНХЕН, созишномаи ба қисмҳо тақсим намудани Чехословакия, ки онро сардороии ҳукуматҳои Британияи Кабир (Н. Чемберден), Франсия (Э. Даладе), Германияи фашистӣ (А. Гитлер) ва Италияи фашистӣ (Б. Муссолини) 29 сентябри 1938 дар Мюнхен ба имзо расониданд. Мувофиқи он мебоист Чехословакия вилояти Судет ва районҳои бо Австрия ҳамсарҳадашро бо тамоми боигарӣ …
Муфассал »СОЗИШНОМАИ САРҲАДӢ
СОЗИШНОМАИ САРҲАДӢ, созишномаи байналхалқие, ки дар байни давлатҳои ҳамҳудуд баста шуда, муносибатҳои онҳоро доир ба масъалаҳои сарҳади давлатӣ муайян мекунад (нигаред Сарҳадҳои давлатӣ). Ба Созишномаи сарҳадӣ пеш аа ҳама шартномаҳо оид ба делимитатсия ва демаркатияи сарҳад ва протоколҳои иловагӣ ба онҳо, шартномаҳо оид ба тартиботи сарҳади давдатӣ ва тартиби ҳадли …
Муфассал »СОДОТ Хоҷа Самеъ
СОДОТ Хоҷа Самеъ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири тоҷик (асри 17). Дар Самарқанд касби камол кард. Як муддат дар Ҳиндустон зист, боз ба зодгоҳаш баргашт ва ниҳоят, дар Бухоро манзил гузид. Содот шоири ҳунарманд ва пурмаҳсуле будааст. Малеҳои Самарқанди ба ҷуз девони комили ғазалиёт боз асари маясури «Авранги ҳикмат» …
Муфассал »СОДОМИЯ
СОДОМИЯ, зоофилия, ҳисси шаҳвонии инсон нисбат ба ҳайвонот. Навъе аз фисқу фасоди таносулист.
Муфассал »