СТАНСИЯИ ЭЛЕКТРИИ ОБИИ ХОРУҒ, яке аз истгоҳҳои барқии обии Тоҷикистон буда, дар дарёи Ғунд солҳои 1965—72 сохта шудааст. Стансияи электрии обии Хоруғ 5 агрегат дорад: иқтидори умумиашон 900 ҳазор кВт. Агрегатҳои якуму дуюм соли 1970, сеюм соли 1971, чоруму панҷум соли 1972 ба кор даромаданд. Стансияи электрии обии Хоруғ то …
Муфассал »СТАНСИЯИ ЭЛЕКТРИИ ОБИИ ҚАЙРОҚҚУМ «ДӮСТИИ ХАЛҚҲО»
СТАНСИЯИ ЭЛЕКТРИИ ОБИИ ҚАЙРОҚҚУМ «ДӮСТИИ ХАЛҚҲО», яке аз истгоҳҳои барқии обии Осиёи Миёна буда, дар дарёи Сир солҳои 1951— 57 сохта шудааст. Стансияи электрии обии Қайроқум 6 агрегат дорад; иқтидори умумиашон 126 ҳазор кВт аст. Гидроузели Стансияи электрии обии Қайроқум аз сарбанди бетонии обфаро, сарбанди хокӣ (маҷрои асосии дарё ва …
Муфассал »АБУЗАКАРИЁИ МАНТИҚӢ
АБУЗАКАРИЁИ МАНТИҚӢ Яҳъё ибни Удь (соли таваллуд номаълум – вафот 974), мантиқшиноси машҳури асрщои миёна. Дар Бағдод илмҳои замонаро аз Ибни Юнус ва Форобӣ омӯхтааст. Бино ба маълумоти Масъудӣ Абузакриёи Мантиқӣ донишманди машҳури замонаш дар мантиқу фалсафа буд. Шеваи тафаккури эҷодии Абузакриёи Мантиқӣ ба усули эҷодии Закариёи Розӣ шабеҳ буда, …
Муфассал »АБУЗАЙДИ БАЛХӢ
АБУЗАЙДИ БАЛХӢ Аҳмад ибни Саҳл (850, Балх, дещаи Шомистиён – 934), ҷуғрофидон, мунаҷҷим, табиб ва забоншиноси форс-тоҷик. Абузайди Балхӣ фалсафа, нуҷум, илоҳиётшиносӣ, табииёт, тиб ва дигар илмҳои замонаашро аз файласуфи араб Яъкуб ибни Исҳоқи Киндӣ омӯхтааст. Ӯ муаллифи тахминан 60 асари илмист. Аз ҷумла «Китоб фӣ фазилат-ил-улум-ир-риёзиёт» (Китоб оид ба …
Муфассал »АБУЗАЙД
АБУЗАЙД (соли таваллуд ва вафот номаълум), мутахаллис ба Абузайди Ко- шонӣ, ҳунарманд ва кошикори форс-тоҷик (охири асри 12 – аввали асри 13). Аз осори ҳунарии Абузайд баъзе намунаҳо мондаанд. Кошиҳои катибаҳо ва меҳроби ҳарами Имом Ризо дар Машҳад, маҷмӯи кошиҳои зебо ва як кошии тиллоии ситорашакли тасвирдор (Музейи Исломь, Қощира) …
Муфассал »СТАНЦИЯИ ЭЛЕКТРИИ ОБИИ ФАРҲОД
СТАНЦИЯИ ЭЛЕКТРИИ ОБИИ ФАРҲОД, ГЭС-и Фарҳод, истгоҳи барқии обист, ки дар дарёи Сир (вилояти Сирдарёи Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Ӯзбакистон) сохта шудааст. Соле ба ҳисоби миёна 825 млн кВт с қувваи электр истеҳсол мекунад. Дар бинои Стансияи электрии обии Фарҳод гидроагрегатҳои 30 ва 33 ҳазор кВт қуввадошта гузошта шудааст. Сохтмони Стансияи …
Муфассал »Нерӯгоҳи Барқии Обии НОРАК
СТАНСИЯИ ЭЛЕКТРИИ ОБИИ НОРАК, яке аз калонтарин истгоҳҳои барқии СССР буда, дар дарёи Вахш дар тангнои Пули Сангин, наздики шаҳри Норак солҳои 1961—79 сохта шудааст. Иқтидори умумиаш 2700 МВт буда, соле 11,4 млрд кВт с қувваи электр медиҳад. Дар бинои станция 9 агрегат гузошта шудааст; иқтидори ҳар кадомаш 300 ҳазор …
Муфассал »СТАНСИЯИ ЭЛЕКТРИИ ОБИИ КРАСНОЯРСК
СТАНСИЯИ ЭЛЕКТРИИ ОБИИ КРАСНОЯРСК ба номи 50-солагии СССР, яке аз калонтарин истгоҳҳои барқии обии ҷаҳон буда, солҳои 1955—71 дар дарёи Енисей наздикии шаҳри Дивногорск сохта шудааст. Иқтидораш 6000 МВт. Соле ба ҳисоби миёна 20,4 млрд кВт с электр медиҳад. Соли 1976 бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат мукофотонида шуд.
Муфассал »СТАНСИЯИ ЭЛЕКТРИИ ОБИИ ВОЛГА ба номи Съезди 22-юми КПСС
СТАНСИЯИ ЭЛЕКТРИИ ОБИИ ВОЛГА ба номи Съезди 22-юми КПСС, яке аз калонтарин истгоҳҳои барқии ҷаҳон буда, солҳои 1951—62 дар поёноби дарёи Волга, шимолтари шаҳри Волгоград сохта шудааст. Иқтидораш 2541 МВт, соле ба ҳисоби миёна 11,1 млрд кВт с қувваи электр медиҳад.
Муфассал »СТАНЦИЯИ ЭЛЕКТРИИ ОБИИ ВОЛГА ба номи В. И. Ленин
СТАНЦИЯИ ЭЛЕКТРИИ ОБИИ ВОЛГА ба номи В. И. Ленин, истгоҳи барқист, ки солҳои 1950—57 дар дарёи Волга болотар аз шаҳри Куйбишев сохта шудааст. Иқтидораш 2300 МВт. Соле 11 млрд кВт-с қувваи электр медиҳад. Соли 1966 бо ордени Ленин мукофотонида шуд.
Муфассал »