СТЕРЕОТИПИЯ дар полиграфия, тарзи тайёр кардани нусхаи қолабҳои чопи баланд (стереотипҳоро гӯянд, ки ин қолабҳо барои бо адади зиёд нашр кардани китоб, газета, журнал ва ғайра истифода мешаванд. Стереотипҳоро бо се тарз: рехтагарӣ, электролитӣ ва прессонӣ тайёр мекунанд.
Муфассал »СТЕНДАЛ Анри Мари Бейль
СТЕНДАЛ (stendhal; тахаллус: номаш Анри Мари Бейль) (23. 1. 1783, Гренобл—23. 3. 1842, Париж), нависандаи франсавӣ. Стендал иштирокчии юришҳои Наполеон, шоҳиди муҳорибаи Бородино ва аз Россия фирор кардани лашкари торуморгардидаи Франция буд. Баъди Револютсияи соли 1830 дар Триеста, сипас дар Чивитавеккии наздикии Рим консули Франция буд. Солҳои аввал рисолаҳои танқиди …
Муфассал »СТЕЛЬМАХ Михаил Афанасьевич
СТЕЛЬМАХ Михаил Афанасьевич (24. 5. 1912, деҳаи Дьковци, ҳозира вилояти Винница —27. 9. 1983, Киев), нависандаи советии украин, Қаҳрамони Меҳнати Сосиалисти (1972). Аз оилаи деҳқони камбағал. Институти педагогии Винницаро хатм кардааст (1933). Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-45). Солҳои 1945—53 дар Институти санъат, фолклор ва этнографияи Академияи Фанхои Ресспубликаи Совети Сотсиалистии …
Муфассал »СТЕКЛОВ Владимир Андреевич
СТЕКЛОВ Владимир Андреевич (28. 12. 1863, Нижний Новгород, ҳозира Горький—30. 5. 1926, Қрим, дар Ленинград мадфун аст), математики советӣ, профессор университет(1906) ва академики Академияи Фанҳои Петербург (1912; аъзо-коррспондент 1902). Ноиб-президенти Академияи Фанҳои СССР (1919-26). Соли 1887 Университети Харьковро хатм намуда, дар кафедраи механикаи ҳамин университет кор кард (1889—1906), профессор аз …
Муфассал »«СТАХАНОВЧӢ»
«СТАХАНОВЧӢ», нигаред «Ҳақиқати Ленинобод».
Муфассал »СТАХАНОВ Алексей Григорьевич
СТАХАНОВ Алексей Григорьевич (21, 12. 1905, деҳаи Луговаяи губернияи Орлов —5. 11. 1977, Донбасс), навовари саноати истихроҷи ангишт, Қаҳрамони Меҳнати Сосиалистӣ (1970). Аъзои КПСС аз соли 1936. Соли 1927 дар кони ангишти «Центральная» — Ирмино»-и Кадиевка (Донбасс) аввал дар корҳон гуногун ва аз соли 1933 ангишткан шуда кор мекард. Стаханов …
Муфассал »СТАФФОРД Томас
СТАФФОРД (Stafford) Томас (тав. 17. 9. 1930, Уэтерфорд, штат Оклахома), кайҳоннаварди Штатҳои Муттаҳидаи Америка, генерали бригадаи Қувваҳои Ҳарбӣ Ҳавоӣ, дар истеъфо. Баъди хатми Академияи ҳарбии баҳрии Штатҳои Муттаҳидаи Америка (1932) унвони бакалаври илмро гирифт. Дар Қувваҳои Ҳарбӣ Ҳавоӣ хизмат намуда, дар самолётҳои гуногун парвоз кардааст. Аввали соли 1902 аъзои гурӯҳи …
Муфассал »СТАСОВА Елена Дмитриевна
СТАСОВА Елена Дмитриевна (15. 10. 1873, Петербург —31. 12. 1966, Москва), ходими ҳаракати коммунистии Россия ва байналхалқӣ, Қаҳрамони Меҳнати Социалистӣ (1960). Аъзои КПСС аз соли 1898. Иштирокчии Револютсияи солҳои 1905—07 ва Револютсияи Кабири Сосиалситии Октябр буд. Солҳои 1917—20 котиби Комитети Марказии партия. Соли 1921 дар Интернасионали Коммуиистӣ кор кард. Солҳои …
Муфассал »СТАРШИНА
СТАРШИНА, 1) дар Қувваҳои Мусаллақи Советӣ шахси вазифадори рота (батарея), ки барои дуруст баҷо овардани хизмати солдату сержантҳо ва интизому тартибот, нигоҳ доштани яроқу аслиқа ва лавозимот масъул аст. Старшина сардори бевоситаи сержанту солдатҳои рота буда, ба командири рота итоат мекунад, дар вақти набудани офисерон ҷонишини онҳо ҳисоб мешавад. 2) …
Муфассал »СТАРОСТИН Анатолий Васильевич
СТАРОСТИН Анатолий Васильевич (таваллуд 18. 1. 1960. ш. Душанбе), варзишгари советӣ. Устоди Хизматнишондодаи Спорти СССР (1980), чемпиопи шашкаратаи ҷаҳон (солҳои 1978—81), Бозиҳои олимпӣ оид ба панҷҳарбаи муосир (1980). Аз оилаи коргар. Аъзои ВЛКСМ. Техникуми тарбияи ҷисмонии шаҳри Душанбе (1978) ва Институти тарбияи ҷисмонии Тоҷикистонро хатм кардааст (1982). Ғолиби мусобиқаҳои байналхалқӣ …
Муфассал »