ХОКСОР Шукруллоҳхони Хофӣ(с. тав. номаълум — ваф. 1697, Майвот, Ҳиндустон), шоири форсизабони Ҳиндустон. Гузаштагонаш аз Хофи Хуросон буда, аз он ҷо ба Шероз, аз Шероз ба Ҳиндустон рафтаанд. Xоксор дар сарзамини Ҳинд таввалуд шуда, ба камол расидааст. Вазифаи фавҷдории шаҳру вилоёти Сарҳинд, Сикандаробод ва Шоҳиҷаҳонободро ба ҷо овардааст. ӯ дӯсту ҳомии …
Муфассал »ХОКОБ
ХОКОБ, як тарзи обмониро гӯянд; обест, ки пас аз кишти зироат монанд. Сабзиши пуравҷ ва ҳосилбандии растанӣ ба муҳлати гузаронидани Xокоб алоқаманд аст. Ба замини сабзиву пиёз қабл аз неш задани тухмӣ, харбуза, тарбуз ва бодиринг асосан ҳангоми найчабандӣ, ҷуворимакка ва ҷуворӣ пас аз пайдо шудани баргҳои сеюму чорум, пахта …
Муфассал »ХОКАНДОЗ
ХОКАНДОЗ 1) белчае, ки бо он хокруба, хокистар ва монанди онро ба ҷое меандозанд; 2) Хоке, ки ҳангоми гум шудани чизе туда мекунанд, то ки дузд он чизро оварда, дар он хок пинҳон кунад ва аз хавфи ба даст афтодану расво шудан наҷот ёбад.
Муфассал »ХОДОВ Константин Елизарович
ХОДОВ Константин Елизарович (таваллуд. 1907, Владикавказ, ҳоло шаҳри Орҷоникидзе. РАСС Осетияи Шимолӣ), Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ (1944), сержанти калон. С. 1932 ба Тоҷикистон омада, то с. 1941 дар артели «саноатии «8 март»-и собиқ pаёни Ҷиликул кор кард. Июли 1941 ба сафи армия даъват шуда, дар дивизияи саворае, ки дар РСС Тоҷикистон …
Муфассал »ХОИФ Иброҳим -махдум
ХОИФ Иброҳим -махдум (с.таваллуд ва вафот номаълум), шоири тоҷик. Дар охири а. 18- аввали. а. 19 умр ба cap бурдааст. Дар зодгоҳаш Истаравшан маълумоти ибтидоӣ гирифта, дар мадрасаҳои Бухоро таҳсил кардааст. Баъд ба зодгоҳаш баргашта, дар мадрасаи Кукгунбаз ба тадриси илми сарфу наҳв машғул гардид. Сипас бо фармони амир Насруллоҳ …
Муфассал »СЪЕЗДҲОИ ПАРТИЯИ КОММУНИСТИИ БУХОРО
СЪЕЗДҲОИ ПАРТИЯИ КОММУНИСТИИ БУХОРО. Съезди 1-ум (муассисон) 30 май -11 июни 1919 дар Тошкент барпо гардад. Дар он 10 нафар вакил — аъзоёни Комитети Марказии (муваққатии) Партияи Коммунистии Бухоро (ПКБ) ва намояндагони шӯъбаҳои дар Самарқанд ва Каркӣ будаи Партияи Коммунистии Бухоро иштирок доштанд. Рӯзномаи съезд: Маърӯзаи Комитети Маркази (муваққатӣ) дар …
Муфассал »СЪЕЗДҲОИ КОЛХОЗЧИЁН
СЪЕЗДҲОИ КОЛХОЗЧИЁН, Съезди 1-уми умумииттифоқии колхозчиёни зарбдор 15—19 феврали соли 1934 дар Москва барпо гардид. Дар он 1513 вакил ҷамъ омад. Тамоми кори съезд таҳти шиори ба миёнгузоштаи партия — «Колхозҳо бояд болшевикӣ, колхозчиён осудаҳол гардонда шаванд» гузашт. Съезд ба сифати вазифаи аввалдараҷа аз ҷиҳати ташкилию хоҷагӣ мустаҳкам кардани колхозҳо, …
Муфассал »СЪЕЗДИ ЛКСМ ТОҶИКИСТОН
СЪЕЗДИ ЛКСМ ТОҶИКИСТОН, органи олии ЛКСМ Тоҷикистон, дар чор сол камаш як бор гузаронида мешавад. Дар бораи даъвати съезд ва рӯзномаи он камаш яку ним моҳ пеш аз съезд эълон карда мешавад. Миқдори намояндагиро Комитети Марказии ЛКСМ таъин мекунад. Съезд ҳисоботҳои Комитети Маркази ЛКСМ ва Комиссияи марказии тафтишотро мешунавад ва …
Муфассал »СЪЕЗДИ КПСС
СЪЕЗДИ КПСС, органи олии Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ. Съездҳои навбатӣ мувофиқи Устави КПСС (соли 1961 Съезди 22-юм тасдиқ кард, соли 1966 дар Съезди 23- юм ва соли 1971 дар Съезди 24-ум, соли 1986 дар Съезди 27-ум тағйироти ҷузъӣ дохил карда шуд) аз тарафи Комитети Маркази КПСС ва камтар аз як …
Муфассал »СЪЕЗДИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБАИ СССР
СЪЕЗДИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБАИ СССР, органи олии иттифоқҳои касабаи СССР-ро гӯянд. Съезди иттифоқҳои касабаи СССР дар 5 сол як бор даъват карда мешавад ва рӯзномаи съезд камаш ду моҳ пеш эълон мегардад. Нормаҳои намояндагӣ ва тартиби интихоби вакилони Съезди иттифоқҳои касабаи СССР ро ВЦСПС муқаррар мекунад. Съезди иттифоқҳои касабаи СССР ҳисоботи …
Муфассал »