Маълумоти охирин
Главная / Гуногун (страница 224)

Гуногун

ХОЛИҚОВ Тоҷӣ Холиқович

ХОЛИҚОВ Тоҷӣ Холиқович (тав. 20. 11.1941, деҳаи Кўчкаки раёни Конибодом, вилояти Ленинобод), рентгено- ангиологи советии тоҷик, доктори илмҳои тиб (1979). Иниститути тиббии Тоҷикистонро хатм кардааст      (1964). Ходими илмӣ, ҷонишини директори Иниститути Гастро- энтерология» АФ PСС Тоҷикистон. (1969—72).  Ҳоло мудири шўъбаи рентгено­логия ва радиологияи ҳамин иниститут. Xолиқов ҳамроҳи кормандонаш усули на­ви …

Муфассал »

ХОЛИД ИБНИ РАБЕЪ Фахруддин

ХОЛИД ИБНИ РАБЕЪ  Фахруддин (с. тав. ва ваф. номаълум), шоири форс-тоҷик (а. 12). Аҷдодаш аз Макка буданд, вале ў дар Хуросон ба дунё омад ва камол ёфт. Дар дарбори шоҳони салҷуқӣ хидмат мекард. Бо шоири ҳамзамонаш  Анварӣ мукотиба ва робитаи дўстӣ дошт. Аз осори адабии Xолид ибни Рабеъ  79 байт …

Муфассал »

ХОЛИ ТИРМИЗИ Ҷалолуддин Абўбакр

ХОЛИ ТИРМИЗИ Ҷалолуддин Абўбакр (с. тав. ва ваф. номаълум), шоири форс-тоҷик (а. 12). Xоли Тирмизӣ дар зодгоҳаш Тирмиз таҳсили илм кардааст. Қитъаҳои ў бештар хусусияти андарзӣ доранд. Намунаҳое, ки Авфии Бухороӣ дар «Лубоб-ул-албоб» овардааст, аз ҳамин қабиланд. Xоли Тирмизӣ на танҳо дар қитъа, балки дар қасидаву рубойӣ ва ғазалиёташ низ …

Муфассал »

ХОЛЗОДА Саид

ХОЛЗОДА Саид (тав. 1916, деҳаи Марзичи pаёни Айнӣ), шоири халқии тоҷик. Аз оилаи косиби музадўз. Курси 7-моҳаи муаллимтайёркунии Ленинободро хатм кардааст (1937). Муаллим буд. Баъд ба Ҳисор омад. Дар сохтмони канали Варзоб иштирок кард. Шеърҳои аввалинаш — «Муаллимони сурхи Шўро» (1937), «Бо роҳбарии Ленин» (1938). Xолзода дар дос­тони «Ду ҳаёт» …

Муфассал »

ХОЛДОРОВ Малик

ХОЛДОРОВ Малик (тав. 13. 3. 1930, деҳаи Ошоба, раёни Ашти вил. Ленинобод), устои пармачӣ, ветерани меҳнат,Қаҳрамони Меҳнати Социалистӣ (1966), Аълочии иктишофи сарватҳои зеризаминии СССР (1966). Аъзои КПСС аз с. 1963. Солҳои 1951—64 ёрдамчии устои пармачӣ, 1964—79 устои пармачии Экспедиция ҷустӯҷуи геологии Қайроққум (пос. Адрасмон). Аз с. 1979 нафақахӯри шахсӣ. Xолдоров …

Муфассал »

ХОЛБӮТА

 ХОЛБӮТА (1880, деҳаи Муҷум, ҳозира раёни Ғончӣ —1923), қӯрбошии дастаҳои босмачиён, кн дар ҳудуди Тоҷикистон ба муқобили Хокимияти Советӣ мубориза бурдааст. Xолбӯта то ғалабаи Револютсияи Октябрь, сардори дастаи роҳзанони Уротеппа буд. Баъди барпо гардидани Ҳокимияти Советӣ дар раёнҳои шимоли Тоҷикистон бо фиреб ба органҳои маҳаллӣ роҳ ёфт ва чанд муддат …

Муфассал »

ХОЛБОБОЕВА Мингиш

ХОЛБОБОЕВА Мингиш (тав. 1922, деҳаи Оқмасҷиди pаёни Турсунзода), пахтакор, Қаҳрамонп Меҳнати Социалистӣ (1948). Аъзои  КПСС аз с. 1948. Солҳои 1936- 1939 муаллимаи мактаби «Қизил Тоҷикистон», 1939— 1949 котиби Комитети партиявии к-зи «Съезди XX партия» ва аз с. 1953 мудири боғчаи бачагонаи к-зи номбурда. Дар инкишофи пахтакории раён саҳми босазо гузоштааст. …

Муфассал »

ХОЛБОБОЕВ Раҳимбобо

ХОЛБОБОЕВ Раҳимбобо (1906, деҳаи Қулангир, ҳозира pаёни Хуҷанди вилояти Ленинобод-1955, ҳамонҷо), пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Социалистӣ (1948). Солҳои 1931—42колхозчӣ, 1942—55 сардори. авенои к-зи «Правда»-и pаёни Ленинобод (ҳозира к-зи ба номи Урунхуҷаев). Солҳои 1946—47 звенои Xолбобоев Раҳимбобо ҳосили фаровони пахта рӯёндааст. Бо ордени Ленин, медалҳо, Грамотаи Фахрии Президиума Совети Оли и РСС …

Муфассал »

ХОКӢ

ХОКӢ (с. тав. ва ваф. номаълум), шоири тоҷик, Дар охири а. 19- ибт. а. 20 зиндагӣ ва эҷод кардааст. Зодгоҳаш деҳаи Кеврони ҳозира райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ. Ҷузъиёти тарҷумаи ҳоли Xокӣ равшан нест. Аз осори ӯ тақрибан 100 байт ғазал, рубоӣ ва абёти пароканда тавассути баёзҳо (махсусан баёзҳои …

Муфассал »

ХОКПОРУ

xokporu

ХОКПОРУ, порухок, гумус, маҷмӯи моддаҳои органикии хокро гӯянд, ки дар натиҷаи пусишу гумификацияи наботот ва организмҳои дигар ҳосил шудааст. Ниг. ниа Гумус.

Муфассал »