Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ХОЛДОРОВ Малик

ХОЛДОРОВ Малик

ХОЛДОРОВ Малик (тав. 13. 3. 1930, деҳаи Ошоба, раёни Ашти вил. Ленинобод), устои пармачӣ, ветерани меҳнат,Қаҳрамони Меҳнати Социалистӣ (1966), Аълочии иктишофи сарватҳои зеризаминии СССР (1966). Аъзои КПСС аз с. 1963. Солҳои 1951—64 ёрдамчии устои пармачӣ, 1964—79 устои пармачии Экспедиция ҷустӯҷуи геологии Қайроққум (пос. Адрасмон). Аз с. 1979 нафақахӯри шахсӣ. Xолдоров солҳои 1964—66 дар корҳои ҷустуҷӯи геологӣ ғолиби мусобиқаи социалистӣ буд. Иштирокчии съездҳои 13— 15-уми иттифоқи касабаи СССР. Номи Xолдоров дар «Китоби фахрии геологияи СССР» сабт гардидааст (1967). Бо ордени Ленин, медалҳо ва Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …