«ХОҶАГИИ ҚИШЛОҚИ ТОҶИКИСТОН», журнали ҳармоҳаи илмию истеҳсолии Комитети давлатии агросаноатии РСС Тоҷикистон Аз с. 1947 ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (дар ҳаҷми 4 ҷузъи чопӣ) нашр мошавад. Бо забони точикӣ бо тиражи кариб 10 ҳаз. ва забони русӣ 2200 нусха мебарояд. (1983). Аз янв. 1963 то июли 1965 бо номи …
Муфассал »ХОҶАГИИ ЗОТПАРВАРӢ
ХОҶАГИИ ЗОТПАРВАРӢ, хоҷагии чорводориест, ки барои бо зот таъмин кардани фермаҳои молии колхозу совхозҳо ва бо мақсади беҳтар намудани сифати наслу маҳсулнокии ҳайвонот чорвои хушзот мепарварад. Дар СССР шабакаи давлатию колхозии Xоҷагии зотпарварии махсусгардонида ташкил шудааст.
Муфассал »ХОҶА ҶАЪФАРИ ҚОНУНИИ САМАРҚАНДӢ
ХОҶА ҶАЪФАРИ ҚОНУНИИ САМАРҚАНДӢ (с. тав. ва ваф. номаълум), оҳангсоз, навозанда ва мусиқишиноси тоҷик(ох. а. 15—авв. а. 16). Дар Самарқанд ба дунё омада, аксари илмҳои замонро аз падараш омухтааст. Дар санъати хаттотӣ ҳунарманд буд ва ҳафт навъи хатро некў менавишт. Baй дар санъати мусиқии амалӣ ва назарӣ шўҳрат дошт, қонунро …
Муфассал »ХОҶА НАСРИДДИН
ХОҶА НАСРИДДИН, Мулло Насриддин, Насриддин Афандӣ, қаҳрамони латифаҳои тоҷикист. Ў шахси таърихӣ буда, дар Туркия зистааст. Соли таваллудашро 1209 тахмин кардаанд. Тақр. с-ҳои 1284—85 вафот ёфтааст. Қабраш дар Оқшаҳр ном музофоти Туркия. Бино ба маълумоти муҳаққиқон шоир ё мударрис будааст. Латифаҳои у аввалин бор дар а. 16 дар Туркия навишта …
Муфассал »ХОҶА АҲРОРИ ВАЛӢ
ХОҶА АҲРОРИ ВАЛӢ лақабаш, номаш Носируддин Убайдуллоҳ (1404, деҳаи Боғнстони раёни Бўстонлиқи вил. Тошкент—1490, Самарқанд), як намояндаи машҳури силсилаи нақшбандия. Дар Самарқанд таҳсил кардааст. С. 1428 ба Ҳирот рафта, дар Чағониён бо Яъқуби Чархӣ шинос мешавад ва ўро пири руҳонии худ интнхоб мекунад. С-ҳои 1431—32 ба Тошкент баргашта бо …
Муфассал »ХОҚОНИИ ШЕРВОНӢ
ХОҚОНИИ ШЕРВОНӢ Афзалуддин Бадил ибни Алӣ (1120, Шервон—1198, Табрез), шоири озарбойҷонӣ, яке аз намояндагони барҷастаи адабиёти форс-тоҷик. Аз оилаи косиб. Дар назди амакаш, ки шоиру табиб буд, тарбия гирифта, илмҳои расмии даврро омўхт. Дар шеър шогирди Абулъалои Ганҷавӣ буд ва бо ёрии ў ба дарбори Шервоншоҳиён роҳ ёфт. Макру ҳасади …
Муфассал »ХОШОК
ХОШОК, алафи даравидаю хушконидаро (намиаш то 15—17%) гўянд. Xошок яке аз хурокиҳои асосии ҳайвоноти х. қ аст. Хошокро аз лубиёиҳо ва зироати хушадору алафҳои гуногун тайёр мекунанд. Хошоки зироати лубиёиҳо (юнучқа, себарга, мунч ва ғ.), хўшадор (ҷорубан, сулигиёҳ, райграс, арзанак, хардума, ҷавак) ва алафҳои гуногун (раҳдавак, ришибуз ва ғ.) серғизост. …
Муфассал »ХО ШИ МИН
ХО ШИ МИН (Но Chi Minh) [фам. lac л наш Нгуен Тат Тхань; лақаби партиявиаш Нгуен Ай Куок, аз ибтидои 1942 Хо Ши Мпн] (19. 5. 1890, деҳаи Кимлиен, музофоти Нгеан —3. 9. 1969, Ханой), ходими ҳаракати коммунистии Ветнам ва байналхалқӣ. Раиси Комитети Марказии Партияи меҳнаткашони Ветнам (аз 1951) ва …
Муфассал »ХОХЛОВ Рем Викторович
ХОХЛОВ Рем Викторович (15. 7. 1926, Ливна, вил. Орёл—8. 8. 1977, Москва), физики советӣ, яке азасосгузорони оптикаи ғайрихаттӣ, академики. АФ СССР (1974; аъзо-корр. 1966). Аъзои КПСС аз 1951. Ректори Универстиетти давлатии Москва (аз 1973). Асарҳояш ба тадқиқи масъалаҳои радиофизика, акустикаи ғайрихаттӣ ва электроникаи квантӣ оиданд. Аъзои комиссияи марказии тафтишотии КПСС …
Муфассал »ХОТУНӢ Муваффақуддин Абутоҳир Ҳусайн ибни Ҳайдар
ХОТУНӢ Муваффақуддин Абутоҳир Ҳусайн ибни Ҳайдар (с. тав. ва ваф. номаълум), шоир ва адиби форс-тоҷик (а. 12). Дар хидмати дарбори Маликшоҳи Салҷуқӣ ва завҷааш Гавҳархотун будааст ва аз ин рў «Хотунӣ» тахалл. кардааст. Якчанд қасида, ғазал, қитъаоти пандуахлоқӣ, муаммо ва абёти парокандааш ба воситаи тазкираҳо ва фарҳангҳо боқӣ мондааст. Xотунӣ …
Муфассал »