Маълумоти охирин
Главная / Гуногун (страница 216)

Гуногун

ЦЕЗАРЬ Гай Юлий

xezar-yuliy

ЦЕЗАРЬ Гай Юлий (Gaius Iulius Caesar) (102 ё 100 то м., Рим—15. 3. 44 то м., ҳамон ҷо), арбоби давлатӣ ва сиёсӣ, лашкаркаш ва нависандаи Рими Қадим. Аз асилзодагони авлоди Юлийҳо. Аввалҳо тарафдори популярҳо (ҷараёни демократии ғуломдорон) буд, ба муқобили диктатураи Сулла мубориза мебурд. Аз с. 62 то м. волии …

Муфассал »

ЦВЕЙГ Стефан

zweig

ЦВЕЙГ (Zweig) Стефан (28. 11. 188,1, Вена —22. 2. 1942, Петрополис, Бразилия), нависандаи австриягӣ. Устоди новеллаи психологӣ (маҷм. «Амок», 1922; «Изтироби дил», 1927 ва ғ.). Муаллифи якчанд асарҳо— романҳои тарҷумаиҳолӣ («Мария Антуанетта», 1982; «Пирўзӣ ва фоҷиаи Эразми Роттердамӣ», 1984; «Бальзак», нашр. 1948) ва як зумра эссеҳо дар бораи суханварони бузурги …

Муфассал »

ХУҶАМЁРОВ Маҳмадёр

ХУҶАМЁРОВ Маҳмадёр (тав. 5. 10. 1930, деҳаи Рошорви pаёни Бартанг, ҳозира pаёни Рўшони ВАБК), ҳофиз, оҳангсоз ва актёри советии тоҷик. Ҳофизи Халқии РСС Тоҷикистон (1964). Аз с. 1947 роҳбари дастаи ҳаваскорони санъати pаёни Бартанг. Аз с. 1950 ҳофиз ва актёри Театри мазҳакаи мусиқии ш. Хоруғ. Репертуари Xуҷамёров аз сурудҳои халқҳои …

Муфассал »

ХЎРОКИ ЧОРВО

xuroki-chorvo

ХЎРОКИ ЧОРВО, улуфа, маҳсулоти наботию ҳайвонӣ, инчунин моддаҳои минералиеро гўянд, ки барои парвариши ҳайвоноти хоҷагии қишлоқ истифода мебаранд. Xўроки чорво ҳайвонотро бо моддаҳои ғизоии ҳаётан зарур таъмин мекунад. Ниг. Растаниҳои хўроки чорво, Хошок.

Муфассал »

ХЎРОКИ УМУМӢ

restoran

ХЎРОКИ УМУМӢ, як соҳаи хоҷагии халқро гӯянд, ки хӯрок тайёр карда мефурӯшанд ва ба истеъмолкунандагон хизмат мерасонад. Xўроки умумии СССР фабрика-ошхона, ошхонаҳои хӯроктайёркунии ҷамъиятӣ ва хоҷагӣ, ресторан, чойхона, қаҳвахона, ошхонаи таомҳои саридастӣ, буфетро дар бар мегирад. Як қисми ин корхонаҳо ба истеъмолкунандагон дар ҷои кор ва таҳсил хизмат мерасонанд. Корхонаҳои …

Муфассал »

ХУҶАСТАИ САРАХСӢ

ХУҶАСТАИ САРАХСӢ  (с.тавваллуд, вафот номаълум), шоири форс-тоҷик (а.10). Дар фарҳангҳои қадим, мас., «Луғати фурс» аз осори ӯ байтҳои пароканда оварда шудаанд. Аз абёти боқимондааш бармеояд, ки ӯ ба масъалаҳои панду ахлоқ, меҳнат, тавсифи май ва ғ. таваҷҷӯҳ доштааст; Боз кушой, эй нигор, чашм ба ибрат, То-т мекӯбад фалак ба гунаи …

Муфассал »

ХУҶАНДӢ Бурҳонуддин Абумуҳаммад

ХУҶАНДӢ Бурҳонуддин Абумуҳаммад Иброҳим ибни Ҷалолуддин Аҳмад (1377, Мадина—1447, ҳамон ҷо), шоир ва олими тоҷик. Ба забони арабӣ эҷод кардааст. Аз ӯ девони ашъор, муншаот ва якчанд рисола боқист. Xуҷандӣ ҳамчунин ба «Ҳадиси арбаин»-и Имом Нақавӣ шарҳ навиштааст, ки хеле шӯҳрат дорад. Осори ӯ дар китобхонаҳои Эрон, Туркия ва диг. кишварҳо …

Муфассал »

ХУШҲОЛХОНИ ХАТТАК

ХУШҲОЛХОНИ ХАТТАК  Хушҳолхон (18. 6. 1613, Акора—1689 ё 1691), нависандаи афғон, пешвои қабилаи хаттак. Аз с. 1641 ҳукмрони хонии Хаттаки Акора (ки он тобеи давлати Темуриёни Ҳинд буд). С-ҳои 1672—75 ҳамроҳи пешвоёни қабилаи африда ба муқобили Темуриёни Ҳинд шӯриш бардошт; пас аз шикасти шӯриш ҳам ӯ муборизаро ба муқобили онон …

Муфассал »

ХУШМУҲАММАДОВ Маҷид Раҳи­мович

ХУШМУҲАММАДОВ Маҷид Раҳи­мович (тав. 15. 4. 1912, Самарқанд), рассоми советии тоҷик. Ходими Хизматнишондодаи Санъати РСС Тоҷикистон (1945). Аъзои КПСС аз с. 1940. Xушмуҳаммадов яке аз саромадони санъати тасви­рии советии тоҷик мебошад. С. 1928 ба устохонаи кулолии назди Узпромсовет ба кор даромада, он ҷо ду сол асосҳои ин ҳунарро омӯхт ва …

Муфассал »