Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ХУҶАМЁРОВ Маҳмадёр

ХУҶАМЁРОВ Маҳмадёр

ХУҶАМЁРОВ Маҳмадёр (тав. 5. 10. 1930, деҳаи Рошорви pаёни Бартанг, ҳозира pаёни Рўшони ВАБК), ҳофиз, оҳангсоз ва актёри советии тоҷик. Ҳофизи Халқии РСС Тоҷикистон (1964). Аз с. 1947 роҳбари дастаи ҳаваскорони санъати pаёни Бартанг. Аз с. 1950 ҳофиз ва актёри Театри мазҳакаи мусиқии ш. Хоруғ. Репертуари Xуҷамёров аз сурудҳои халқҳои СССР (тоҷикӣ, русӣ) ва шарқи хоричӣ (афғонӣ) иобрат аст. Овози ў баланди ҷарангдор ва диапазонаш васеъ. Дар концертҳо ва ба воситаи радиою телевизион беҳтарин сурудҳои халқӣ ва асарҳои бастакорону оҳангсозони республикаро месарояд. Дар давоми фаъолияти эҷодиаш Xуҷамёров зиёда аз 70 оҳанг эҷод кардааст. Xуҷамёров актёри бомаҳорат низ мебошад. Дар Театри мазҳакаи мусиқии ш. Хоруғ зиёда аз 60 рол бозидааст. Бо Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон ва медалҳо мукофотонида шудааст.      Б. Раҳматов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …