Маълумоти охирин
Главная / Гуногун (страница 212)

Гуногун

ЧЕЛОМЕЙ Владимир Николаевич

chemoley-v

ЧЕЛОМЕЙ Владимир Николаевич (30. 6. 1914, Седлец —в. 12. 1984, Москва), олими советӣ дар соҳаи механика, акад. АФ СССР (1962; аъзо-корр. 1968), ду карат Қаҳрамони Меҳнати Социалистӣ (1959, 1963). Аъзои КПСС аз с. 1941. Сарконструктор (аз с. 1944) ва конструктори генералии техникаи авиационӣ (аз с. 1959). Бо роҳбарии Челомей як …

Муфассал »

ЧЕКАНКА

obrezka

ЧЕКАНКА, бурида партофтани нуги навда ё навдаҳои болоии рдстаниҳои х. қ.-ро гӯянд; усули агротехникист, ки ба сабзиши мева ва тезтар пухтани ҳосил мусоидат мекунад. Баъди Чеканка инкишофи навдаҳо қатъ гашта, ба ғӯракҳои ташаккулёбанда моддаҳои ғизоӣ бештар дохил мешаванд. Пахта, ток ва зироати диг.-ро Чеканка мекунанд. Чеканкаи пахта расиши нах ва …

Муфассал »

ЧЕКАЛИН Александр Павлович

chekalin-a-p

ЧЕКАЛИН Александр Павлович (25. 3. 1925, деҳаи Песковатское, ҳоло раёни Суворови вил. Тула—6, 11. 1941, ш. Лихвин), иштирокчии ҷавони ҳаракати партизанӣ дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—45), Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ (1942, баъди вафот).           Аъзои ВЛКСМ аз с. 1939. Дар отряди партизании «Передовой» разведкачӣ буд. Бо маълумоти хиёнаткорон фашистони истилогар ӯро …

Муфассал »

ЧЕК

chek

ЧЕК, чак, 1) санади пулест, ки дар он дастури соҳиби счёт ба муассисаи кредитӣ дар бобати ба дорандаи Чек додани маблағи зикршуда содир мешавад; як навъ коғази арзишнок. 2) Дар савдои чакана квитанцияи касса дар хусуси қабули пул аз харидор, ки барои гирифтани мол ба фурӯшанда пешниҳод мешавад.

Муфассал »

ЧЕБЫШЕВ Пафнутий Львович

chebishev

ЧЕБЫШЕВ Пафнутий Львову (26. 5. 1821, деҳаи Окатовои губ. Калуга, ҳозира вил. Калуга —8.12.1894, Петербург), математик ва механики рус; муассиси мактаби илмии Петербург, акад. АФ Петербург (1856).; Соҳаҳои гуногуни математикаро таҳқиқ карда, натиҷаҳои намоён ба даст овард. Махсусан робитаи масъалаҳои математикаро бо масъалаҳои табиатшиносию техника муайян намуд. Дар соҳаи назарияи …

Муфассал »

ЧЕБРИКОВ Виктор Михайлович

chebrikov-v-m

ЧЕБРИКОВ Виктор Михайлович (27. 10. 1923, ш. Днепролетровски РССУ), ходими давлатӣ ва партиявии советӣ. Қаҳрамони Меҳнати Социалистӣ (1983), генерали армия (1983). Аъзои КПСС аз с. 1944. Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ. Аз с. 1951 дар корҳои партиявӣ. Аз с. 1967 дар аппарати Комитети бехатарии давлати (КБД)-и назди Совети Вазирони СССР. Солҳои …

Муфассал »

ЧАҒОНИЁН

ЧАҒОНИЁН, вилоят ва шаҳри таърихист дар асрҳои миёна (авв. а. 6—а. 16), ки Шўрча, Деҳнав, Сариосиё, як қисми Ҷарқӯрғон (қисми ғарбии водии Ҳисори PCС Тоҷикистон ва водии Сурхондарёи РСС Ўзб.)-ро дар бар мегирифт. Этимологияи ка­лимаи Чағониён аниқ нест. Бори аввал дар сарчашмаҳои хитоии а. 7 номбар шу­дааст. С. 1959 Г. …

Муфассал »

ЧАШМА

chashma

ЧАШМА, ҷоест, ки аз он оби зеризаминӣ берун омада, равон мешавад. Чашмаҳо дар қаъри ҳавзаҳои об низ вуҷуд доранд. Онҳо доимӣ, мавсимӣ, бефишор, фишордор, аз рўи ҳарорати оби худ муқаррарӣ, хунук ва гарм мешаванд. Дар ҳудуди Тоҷикистон зиёда аз 200 Чашмаи обаш хунук, гарм ва минералӣ мавҷуд аст. Чашмаҳои минералӣ …

Муфассал »

ЧАУШЕСКУ Николае

ceausescu_nicolae

ЧАУШЕСКУ (Ceauseacu) Николае (тав. 26. 1. 1918, деҳаи Скорничешти, уезди Олт), ходими ҳаракати коммунистӣ ва коргарии Руминия ва байналхалқӣ; Котиби генералии Партияи Коммунистии Руминия (ПНР) аз с. 1969 (солҳои 1965—69 Котиби генералии КМ ПКР), Раиси Совети давлатии РСР аз с. 1967, Президенти РСР аз с. 1974. Дар ҳаракати коргарӣ аз …

Муфассал »