Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ЧАУШЕСКУ Николае

ЧАУШЕСКУ Николае

ceausescu_nicolae

ЧАУШЕСКУ (Ceauseacu) Николае (тав. 26. 1. 1918, деҳаи Скорничешти, уезди Олт), ходими ҳаракати коммунистӣ ва коргарии Руминия ва байналхалқӣ; Котиби генералии Партияи Коммунистии Руминия (ПНР) аз с. 1969 (солҳои 1965—69 Котиби генералии КМ ПКР), Раиси Совети давлатии РСР аз с. 1967, Президенти РСР аз с. 1974. Дар ҳаракати коргарӣ аз с. 1932. Аъзои ПНР аз с. 1936. Аз с. 1952 аъзои КМ, аз с. 1954 номзад ба аъзоии Бюрои сиёсии КМ ва

Котиби КМ, солҳои 1965—74 аъзои Комиҷроия ва Президиуми доимии КМ ПКР. Раиси Совети миллии Фронти ягонагии социалистӣ (аз с.1968). Қаҳрамони Меҳнати Социалистии Республика (1964), Қаҳрамони РСР (1971). Бо ордени Ленин (1978) мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …