АБУЛҲАВЛ: 1) ҳайкали бузурги махлуқи хаёлӣ (рӯҳи муҳофиз, таҷас- сумкунандаи ҳокимияти шоҳӣ), ки танааш ба шер ва сараш ба сари одам ё ҳайвони муқаддас монанд тасвир ёфтааст. Яке аз бузургтарин Абулҳавлҳо дар Ҷиза наздикии аҳроми Хефрен (асри 28 то милод) воқеъ аст, ки бараш 17 метр ва баландиаш 38 метр …
Муфассал »АБУЛФАРАҶИ СИГЗӢ
АБУЛФАРАҶИ СИГЗӢ маъруф ба Симҷурӣ (соли таваллуд номаълум – вафот 1003), шоири форс-тоҷик. Дар Систон, дар боргоҳи Симҷуриён, ки аз ҷониби Сомониён ҳукумат доштанд, зиндагӣ ва эҷод кардааст. Абулфараҷи Сигзӣ дар мадҳи ҳокими Симчуриён – Абуалии Симчур (вафот 997) қасидаҳо навишта, Султон Маҳмуди Ғазнавиро ҳаҷв кардааст. Маҳмуди Ғазнавӣ Абулфараҷи Сигзиро …
Муфассал »ШАЛЯПИН Фёдор Иванович
ШАЛЯПИН Фёдор Иванович (13.12. 1873, Қазон —12. 4 1938, Париж), сарояндаи рус (бас), – Арт. Халқии Республика (1918). Бештари партияҳояшро дар саҳнаи Операи хусусии русии Москва иҷро кардааст (1896—99). Сарояндаи Театри Калони Москва ва Театри Маринини Петербург. Намояндаи барҷастаи санъати иҷрокунандагии реалистии рус. Образҳои амиқро офарида, ҷаҳони мураккаби ботинии онҳоро …
Муфассал »ШАКУРӢ Абдуқодир
ШАКУРӢ Абдуқодир (Абдушукуров Абдуқодир; 1875, деҳаи Раҷабамини Самарқанд-1943, Самарқанд), маорифпарвар, таъсискунандаи аввалин мактаби усули нави тоҷикӣ дар Самарқанд. Солҳои 1901—17 дар гузари Хоҷазулмурод ва баъд дар деҳаи Раҷабамини Самарқанд ба пайравии мактаби Салодуддин Маҷидӣ (мактаби маҳаллаи Бешқудуқи Хуқанд) мактаби усули нав кушод. Дар мактаб ҳар сол маҷлиси кушоди имтиҳон ташкил …
Муфассал »ШАКАРХОНУМ
ШАКАРХОНУМ (номи пуррааш Шакархонум бинти Зиёмуҳаммад; с. тав. ва ваф. номаълум), мутриба ва ракқосаи тоҷик (а-ҳои 15—16). Дар Бухоро ба дунё омадааст. У аз ҷавонӣ ба созу овоз ва рақс майли зиёд пайдо карда, бештар дар иҷрои таронаҳои ирфонию ахлоқӣ ном баровардааст. Аввал аз падараш ва сипас аз устодони мусиқии …
Муфассал »ШАКАРПАРВАРД
ШАКАРПАРВАРД, мағзи донак, бодом, пистаест, ки дар қиёми шакар парвардаанд.
Муфассал »ШАКАРБУЗА
ШАКАРБУЗА як навъ санбусаест, ки бо омезиши мағзи бодом ва шакар мепазанд. Ниг. низ Санбўса.
Муфассал »ШАЙДО Муллошайдо
ШАЙДО Муллошайдо (с. тав. номаълум, Фотеҳнур Сикрӣ — ваф. 1670, Кашмир), шоири форсизабони Ҳиндустон. Дар ҷавонӣ хидматгори дарбор буд. Дар охирҳои ҳаёташ аз вазифаҳо даст кашида, дар Кашмир гӯшанишин шуд. Шайдр табъи баланд дошт, сухансанҷ, ҳаҷвгӯи бебок ва ҳозирҷавоб буд. У ба осори баъзе муосиронаш, аз қабили Қудсӣ Ҳоҷӣ Муҳаммадҷони …
Муфассал »ШАЙБОНӢ Лӯъбати Воло
ШАЙБОНӢ Лӯъбати Воло (тав. 1032, Теҳрон), шоираи эронӣ. Шеърҳои нахустинаш с-ҳои 50 дар матбуоти Эрон нашр шудаанд. Муаллифи маҷмҳои «Рақси ёдҳо» (1956), «Гусаста» (1957) ва достони «Вақте ки хурӯс мехонд» (1964) аст. Шайбонӣ ҳам бо қолаби шеъри классикӣ шеър гуфтааст ва ҳам ба «шеъри озод» пайравӣ кардааст. Дар эҷодиёташ бисёр масъалаҳои …
Муфассал »ШАЙБОНӢ Абӯнаср Фатҳуллоҳхони Кошонӣ
ШАЙБОНӢ Абӯнаср Фатҳуллоҳхони Кошонӣ (1825, Кошон — 1891, Теҳрон), шоири эронӣ. Аз оилаи амалдор. Дар ҷавонӣ ба хидмати ҳукмронони давр даромад. Ба сабаби бадгӯиҳои ҳасудон аз дарбор ронда шуд. Чанде дар Балху Ҳирот ва дар хонақоҳи наздикии Теҳрон дар узлат умр ба cap бурд. Аз Шайбонӣ ашъори зиёде боқӣ мондааст, …
Муфассал »