Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ШАЙБОНӢ Абӯнаср Фатҳуллоҳхони Кошонӣ

ШАЙБОНӢ Абӯнаср Фатҳуллоҳхони Кошонӣ

ШАЙБОНӢ Абӯнаср Фатҳуллоҳхони Кошонӣ (1825, Кошон — 1891, Теҳрон), шоири эронӣ. Аз оилаи амалдор. Дар ҷавонӣ ба хидмати ҳукмронони давр даромад. Ба сабаби бадгӯиҳои ҳасудон аз дарбор ронда шуд. Чанде дар Балху Ҳирот ва дар хонақоҳи наздикии Теҳрон дар узлат умр ба cap бурд. Аз Шайбонӣ ашъори зиёде боқӣ мондааст, ки аз қасоид, ғазалиёт, қитъаҳо ва рубоиёт иборатанд. Аксари маҷмӯаҳояш дар : Истанбул ба табъ расидаанд. Шайбонӣ инчунин ёддоштҳои худро бо номи «Мақомоти Абӯнасри Шайбонӣ» тартиб додааст, ки баёни тарҷумаи ҳол ва оворагиву саргардониҳои ӯро дар бар мегирад. Дар ашъораш оҳангҳои сиёсиву иҷтимоӣ, шикоят аз бесарусомонии давр ва зулму ситами ҳукуматдорон хеле баланд садо медиҳанд.    М. Муллоаҳмадов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …