ШАХСИ СЕЮМ, дар ҳуқуқ, иштирокчиёни мурофиаи гражданиро гуянд, ки ба натиҷаи баҳси байни даъвогару ҷавобгар манфиати ҳуқуқӣ доранд.
Муфассал »ШАХСЕӢ-ВАХСЕӢ
ШАХСЕӢ-ВАХСЕӢ, ниг. Ошуро.
Муфассал »ШАФШОҲАНТ
ШАФШОҲАНТ кирьётахта, тахтаи оҳан, ки сурохҳои майдаю калон дорад; заргарон симҳои тилло, нуқра ва ғ-ро барои борик кардан аз он гузаронида мекашанд.
Муфассал »ШАФИҚ Лачҳмӣ Нароян
ШАФИҚ Лачҳмӣ Нароян (6.3. 1745, Аврангободи Ҳиндустон — 1898), нависанда ва муаррихи форсизабони Ҳиндустон. С. 1772 Мир Ғуломалихони Озод, ки устодаш буд, ба у «Шафиқ» тахаллус дод. Шеърҳои ба забони урду навиштаи у бо тахалл. Соҳиб ва ашъори форсиаш бо тахалл. Шафиқ навишта шудаанд. Ба қалами Шафиқ се тазкира тааллуқ …
Муфассал »ШАФЕӢ Боряқ
ШАФЕӢ Боряқ, (тав. 1932, вил. Лагмони Афғонистон), шоир ва ходими ҷамъиятии афғон. Шафеӣ яке аз мактабҳои шабонаи Кобулро хатм карда, бо роҳи таълими хусусӣ донишашро такмил додааст. Дар Вазорати иттилоот ва култур, ж-ҳои «Паёми ҳақ», «Нандорӣ»,- «Жвандун» радиои Афғонистон ва Кобул-нан-дорӣ (Театри Кобул) вазифаҳои гуногунро ба уҳда дошт. Шафеӣ ҳануз …
Муфассал »ШАФАҚ
ШАФАҚ, ивазшавии қонунии рангҳои осмонро гӯянд, ки ҳангоми ғуруб ё тулуи Офтоб ба амал меояд.
Муфассал »ШАФАҚ Ризозода
ШАФАҚ Ризозода (1892, Табрез—1971), адабиётшиноси эронӣ. Таҳсили ибтидоӣ ва миёнаро дар зодгоҳаш гирифт. Яке аз иштирокчиёни инқилоби Машрута (1905— 11) буд. С. 1910 рӯзномаи «Шафақ»-ро интишор дод. Дар натиҷа ба таъқибот дучор шуда, ба Истанбул рафт. Пас дар фак-та фалсафаи Ун-та Берлин таҳсил кард ва ба унвони докторӣ ноил гардид. …
Муфассал »ШАУМЯН Степан Георгиевич
ШАУМЯН Степан Георгиевич (13. 10. 1878, Тбилиси—20. 9. 1918), ходими Партияи коммунистӣ, яке аз роҳбарони ҳаракати революционӣ дар Кавказ, журналист ва мунаққиди адабӣ. Аъзои Партияи коммунистӣ аз с. 1900. Яке аз роҳбарони Комитети иттифоқии кавказии РСДРП. Вакили съездҳои 4-ум (1906) ва 5-уми (1907) РСДРП, баъдтар яке аз муассисони ташкилоти болшевикии …
Муфассал »ШАТАЛОВ Владимир Александрович
ШАТАЛОВ Владимир Александрович (тав. 8. 12. 1927, Петропавловский вил. Қазоқистони Шимолӣ),лётчик – кайҳоннаварди СССР, генерал – лейтенанти авиация (1975), ду карат Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ (яив. 1969, окт. 1969), номзади илмҳои техника (1972). Аъзои КПСС аз с. 1953. С. 1956 Академияи Ҳарбии ҳавоиро (ҳоло ба номи Ю. А Гагарин) хатм намуда, …
Муфассал »ШАСТ
ШАСТ, қуллоб, як навъ олоти моҳигирист, ки одатан 1—3 чангак дорад. Шаст худдор ва мулӯҳдор мешавад. Шасти худдор чангаки нугтезест, ки ҳангоми ба моҳӣ расидан ба танаш мехалад. Дар СССР бо ин навъ Шаст доштани ҷинси сагмоҳӣ манъ карда шудааст. Бештар бо Шасти мулӯҳдор моҳӣ мегиранд; моҳӣ мулӯҳро бо чангак …
Муфассал »