Маълумоти охирин
Главная / Гуногун (страница 195)

Гуногун

ШИЛЛЕР Фердинанд Каннинг Скотт

schiller-f-k

ШИЛЛЕР (Schiller) Фердинанд Каннинг Скотт (16. 8. 1864, наздикии Альтоны—6. 8. 1937, Лос-Анжелес), файласуфи идеалисти англис, намояндаи прагматизм. Ш. худоро қувваи ҳаракатдиҳандаи инкишоф медонад. У идеализми прагматикии худро дар руҳи персонализм ва волюнтаризм шарҳ додааст. Дар доираҳои иҷтимоию сиёсӣ Ш. мавқеи зиддикоммунистӣ ишғол намуда, ба фашизм ҳусни таваҷҷуҳ зоҳир намудааст.

Муфассал »

ШИЛЛЕР Иоҳанн Фридрих

schiller-f

ШИЛЛЕР (Schiller) Иоҳанн Фридрих (10. 11. 1759, Марбахи Некар — 9. 5. 1805, Веймар), шоир ва драматурги немис, назариётчии санъати Маорифпарварӣ, баробари Г. Э. Лессинг ва И. В. Гёте асосгузори адабиёти классикии немис аст. Рӯҳи исён ва озодихоҳӣ, ҳифзи қадру манзалати инсон, нафрат доштан ба тартиботи феодалӣ хусусияти драмаҳои дар …

Муфассал »

ШИКЕБИИ ИСФАҲОНӢ Муҳаммадризо

ШИКЕБИИ ИСФАҲОНӢ Муҳаммадризо (4557, Исфаҳон —1614, Деҳлӣ), шоири форсизабони Ҳинндустон. Дар 34-солагӣ сафари Ҳиндустонро пеш гирифта, ба хидмати дарбор дохил шуд. Охири умр гушанишиниро ихтиёр кард, Ба қалами Ш. И. «Соқинома», маснавие оид ба фатҳи Синд аз тарафи Абдурраҳими Хони хонон (Раҳими) тааллуқ доранд. Дар тазкираву баёзҳо пораҳои қасоид, ғазалҳо …

Муфассал »

АБУНАСРИ МУШҚОН

АБУНАСРИ МУШҚОН Мансур (соли таваллуд номаълум – вафот 1039 – 40, Ғазна), насрнавис ва адиби форс- тоҷик. Пас аз таҳсили улуми мутадовилаи давр ба хидмати давлати Ғазнавиён дохил шуд. Муддати 30 сол дар девони рисолати султон Маҳмуди Ғазнавӣ (ҳукмронии 998 -1030) ва писари ӯ Масъуди Ғазнавӣ (ҳукмронии 1030 – 41) …

Муфассал »

АБУНАСРИ МАНСУР

АБУНАСРИ МАНСУР ибни Алӣ (соли таввллуд номаълум – вафот тақрибан 1036), мунаҷҷим ва риёзидони хоразмӣ. Нахустин устоди Абурайҳони Берунӣ. Бахшида ба шогирдаш дар боби нуҷуму риёзиёт 12 рисола таълиф намуда­аст. Ба қавли Умари Хайём «риёзидо­ни бузурги даврон» буд. Дар Хоразм бо Ибни Сино, Абусаҳди Масеҳӣ, Абулхайри Хаммор ва Абурайҳони Берунӣ …

Муфассал »

АБУНАСРИ ҚУБОВӢ

АБУНАСРИ ҚУБОВӢ Аҳмад иб­ни Наср (соли таваллуд ва вафот номаълум), адиб, тарҷумон ва таърихнигори форс-точик (асри 12). Дар баъзе манобеъ ва асарҳои таҳқиқӣ нисбаи ин шахс Бухороӣ омадааст. Аз корҳои ба анҷом расонидаи Абунасри Қубовӣ тарҷумаи «Таърихи Бухоро»-и Наршахӣ ме- бошад. Наршахӣ ин асарро барои ҳукмрони сулолаи Сомониён Нӯҳ ибни …

Муфассал »

ШИБЛИИ НӮЪМОНӢ

ШИБЛИИ НӮЪМОНӢ (1857, ш. Аъзамгарҳи Ҳиндустан— 18. 11. 1914, ҳамон ҷо), адабиётшинос, нависанда ва ходими ҷамъиятии Ҳиндустон. Мадрасаи Аъзамгарҳро хатм кард. Муддате ба адвокатӣ машғул шуд. Ба шаҳрҳои Ҳиндустону Арабистон сафар карда, аз уламои он ҷойҳо дониш андухт ва барои асарҳояш маводи фаровон ҷамъ овард. Мудири шуъбаи форсии Коллеҷи Алигард, …

Муфассал »

«ШЕЪР-УЛ-АҶАМ»

book-5

«ШЕЪР-УЛ-АҶАМ»    асари Шиблии Нуъмонист, ки с. 1908 ба забони урду нашр шудааст. Иборат аз 5 ҷилд. Мавзӯи китоб таърихи назми форс-тоҷик аст. Муаллиф онро ба се давра — қадим, мутаваситта ва мутаахира тақсим намудааст. Давраи қадими назми форс-тоҷик, ба ақидаи у, аз Ҳанзалаи Бодғисӣ шуруъ шуда, бо Низомии Ганҷавӣ …

Муфассал »

ШЕФЕР Шарль

ШЕФЕР (Schefer) Шарль (1820— 1898), эроншиноси франсавӣ. Дар Париж Мактаби забонҳои зиндаи Шарқро хатм намудааст. Шефер дар кишварҳои гуногун вазифаи тарҷумониро ба уҳда дошт. С. 1857 котиби якум ва мутарҷими Вазорати корҳои хориҷии Франция ва профессори забони форсии Мактаби забонҳои зиндаи Шарқ таъин гардид. С. 1867 директори ин мактаб интихоб …

Муфассал »

ШЕРХОНИ ЛУДИ

ШЕРХОНИ ЛУДИ (с. тав. ва ваф. номаълум), тазкиранавис ва шоири форсизабони Ҳиндустон (а. 17). Аз қабилаи лулиёни афғон. Дар Бангола ба таҳсили ибтидоӣ шуруъ намуда, касби камол намудааст. Аз мероси адабии Шерхони Луди то замони мо тазкираи «Миръот-ул-хаёл» ва байтҳову қитъаоти пароканда боқӣ мондааст. А.Алимардонов.

Муфассал »